«Нақши ҷавонон дар пешгирӣ аз терроризму ифротгаройӣ»

№54 (4004) 14.05.2019

Таҳти ин унвон 10 майи соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати гирди миз баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои марбутаи давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмиву тадқиқотӣ, донишмандону коршиносон ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

IMG_9974++Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода дар мавзӯи «Ҳамкориҳои байнидавлатӣ оид ба коҳиш додани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву ифротгаро» маърӯза намуд.

- Терроризм ва ифротгаройӣ зуҳуроти иҷтимоии бисёрҷабҳа буда, пешгирӣ ва решакан намудани он на танҳо вазифаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон, бахусус, ҷавонон, ба ҳисоб меравад, — гуфт Бахтовар Сафарзода.

Таъкид гардид, ки алҳол қариб 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон — давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат ташкил медиҳад. Ҷавонон дар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи онҳоро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо шароит фароҳам меорад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавонон бояд дар ҷомеа бештар фаъол бошанд, дас­товард ва амнияти давлатро ҳифз намоянд, худу ҳамсолонашонро аз хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир, ба монанди ифротгаройӣ ва терроризм, эмин нигоҳ доранд.

Юсуф Рӯзиев — прокурори Раёсати Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ доир ба натиҷаҳои амалишавии «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» изҳори андеша намуд.

Тавре ӯ қайд кард, ҷалб ва иштирок намудани ҷавонон дар гурӯҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ба ташвиш овардааст. Гарчанд аз тарафи мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин робита чораҳои дахлдор андешида шаванд ҳам, то ҳол ин зуҳуроти номатлуб пурра аз байн нарафтааст. Бинобар ин, зарур аст, ки дар муқобили ифротгаройӣ ва терроризм худи ҷавонон саҳми бештар дошта бошанд. Дар самти мазкур фаъолияти тарғиботиву ташвиқотии аъзои созмони «Авангард» («Пешсаф») махсус зикр гардид, ки асоси фаъолияти онро кор бо ҷавонон ташкил медиҳад. Онҳо бояд корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористию – экстремистӣ васеъ ба роҳ монанд.

Сипас, ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Нодирпур Рӯзибоиён оид ба «Роҳу воситаҳои ҷалби ҷавонон дар мубориза бо терроризму ифротгаройӣ», корманди Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Равшаналиев дар мавзӯи «Хатарҳои кибертерроризм ва таҳдиди он ба муҳити ҷавонон» суханронӣ намуданд. Дар робита ба мавзӯъ, ҳамчунин, мутахассиси Маркази тадқиқоти стратегӣ Мулломухтор Муллоев, мутахассиси пешбари шуъбаи маъхазҳои исломии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Рамазониён назар баён доштанд.

Дар маҷмӯъ, зикр гардид, ки сабабҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои радикалӣ, терроризму ифротгаройӣ, пеш аз ҳама, раванди танзимнашудаи муҳоҷирати меҳнатӣ, коста гардидани вазъи иқтисодӣ, омилҳои динӣ ва бекорӣ мебошанд.

Н. Низомӣ, «Садои мардум»