Нақши фраксияҳои ҳизбӣ дар робитаҳои байнипарлумонии ИДМ

№142 - 143 (4092 - 4093) 26.11.2019

Фабрика форматов2Дар Конфронси байналмилалии «Нақши ҳамкории фраксияи ҳизбҳо ва блокҳои сиёсӣ дар робитаҳои мутақобилаи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ», ки 19 ноябри соли равон дар бинои Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия баргузор гардид, мутобиқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ ва узви фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон Мирзоанвар Ахмедов иштирок карданд.

Сафарзода Бахтовар Амиралӣ ва Мирзоанвар Ахмедов оид ба вазъи ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парлумонҳои кишварҳои узви ИДМ ва рӯҳияи созандаи ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар Маҷлиси намояндагон вакил доранд, маълумот дода, роҷеъ ба мусоидати парлумонҳо дар роҳи мубориза бар зидди ҳама гуна амали террористиву экстремистӣ ва равияҳои ифротӣ пешниҳодҳо намуданд.

Дар ҳошияи конфронс вохӯрии раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Сафарзода бо раиси фраксияи Ҳизби «Россияи воҳид» С. Неверов доир гардид, ки дар он ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Б. Сафарзода оид ба ҳалли масъалаҳои мубраме, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин матраҳ гардиданд, изҳори назар карда, аз ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, таъмини нафақаи онҳо, сохтмони панҷ мактаб аз ҷониби Россия дар шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳим ёдовар шуд.

Ҳамчунин, Б. Сафарзода бо раисони фраксияҳои Ҳизби либерал-демократи Россия Владимир Жириновский, Ҳизби коммунисти Россия Геннадий Зюганов, Ҳизби «Россияи адолатнок» Сергей Миронов вохӯрӣ баргузор намуда, оид ба ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагон бо Думаи давлатӣ ва мусоидат ба масъалаҳои ҳимояи дахлдори ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ изҳори андеша намуд.

«Садои мардум»