Нақши хабарнигорон дар инъикоси Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ назаррас буд

№134 -136 (3771-3773) 16.11.2017

ХакикатБо мақсади инъикоси саривақтии ҷараёни  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ роҳбарияти вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) шуъбаи нав таъсис дод, ки Дафтари матбуот ном гирифт. Нахустроҳбари он Додоҷон Раҷабӣ ва кормандони масъул Мирзоғанӣ Валиев, Ғуфронҷон Рус­тамов ва муаллифи ин сатрҳо будем.

Чанд рӯз қабл аз оғози иҷлосия Додоҷон Раҷабӣ ҷаласа гузаронида, аз ҷумла, гуфтанд, ки барои инъикоси кори иҷлосия рӯзноманигорони хориҷӣ низ даъват шудаанд ва онҳоро бояд пешвоз гирифта, дар меҳмонхона ҷойгир намоем.

Онҳо як рӯз пеш аз оғози иҷлосия ба Хуҷанд омаданд. Тибқи фармудаи мудир онҳоро пазироӣ ва дар меҳмонхона ҷойгир кардем.

Субҳи 16 ноябр нахуст хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Аюби Кенҷа ба Қасри Арбоб омад. Баъдан хонуми хушлибосе ба наздамон омада, худро муаррифӣ кард. Ӯ бо забони тоҷикӣ сухан мегуфт, аммо лафзаш оҳанги англисӣ дошт.

- Ман, Мино, — гуфт ӯ. — Аз оҷонсии «Франс — пресс». Насабам Род, яъне Мино Род.

Вай оромона ҳарф мезад. Аз суханаш оҳанги раҳм ва дилсӯзӣ эҳсос  мешуд.

- Ман бо дуои нек барои инъикоси ҳақиқат омадаам, — афзуд ӯ. — Ба тамоми Фаронса фаҳмонданиям, ки форсзабонҳо мардуми доноянд, агар каси дигар ба хатокорӣ маҷбур накунад, аз роҳи хайр берун намешаванд.

Аз ин суханҳо шод шуда, ба хулоса омадем, ки ӯ ҳақиқатнигор аст, аз паси ҳангома давиданӣ нест.

Ҳамон лаҳза ҷавоне омад, ки дар даст асбоби сабт дошт. Худро намояндаи ДПА- и Канада  Ян Ченски гуфта, ҳуҷҷат нишон доданӣ шуд. Ба Аюби Кенҷа  иҷозатномаи Раёсати Шӯрои Олиро хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Муҳаммади Эгамзод овард, вале ҳангоми ба долони Қас­ри Арбоб даромадан Аюби Кенҷаро бе  ягон монеа роҳ доданду Муҳаммади Эгамзодро не, зеро дар ҳуҷҷате, ки  Раёсати Шӯрои Олӣ мураттаб карда буд, ба ҷои Муҳаммади Эгамзод бе як ҳарф — Муҳаммад Эгамзод навишта буданд. Набудани як ҳарф дар ном корманди амниятро зери шубҳа монд. Оқибат корманди масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Карим Абдулов  ризояти шуъбаи махсуси Шӯрои Олиро гирифт ва Муҳаммади Эгамзод ҳам ба толор даромад.

Рӯзҳои иҷлосия корманди радиои Тоҷикистон Ӯлмас Эркаев (ҳоло хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд), кормандони радиои вилоят Абдуҳамид Ҷӯраев ва Маҳбуба Сайфиддинова хеле фаъол буданд. Намояндагони  рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» Ҳасанбой Шарифов, Ҳадия­тулло Тӯйчизода, Ғафури Нарзулло, суратгирон Исроилҷон Рабиев ва Шариф Муҳаммадҷонов оромӣ надоштанд, бо вакилони халқ суҳбат ороста, сурат мегирифтанд. Хабарнигори барномаи «Время»- и ОРТ (Москва) Шаҳноза Ғаниева, намояндагони Агентии телеграфи Иттиҳоди Шӯравӣ (ТАСС),  ИРНА-пресс, хабарнигори телевизиони Россия Неъмат Очилов, хабарнигор аз Ҷумҳурии Исломии Эрон Фаррух Ёрҳам аз ҷараёни иҷлосия матлаб омода карда, ирсол медош­танд. Намояндаи оҷонсии «Рейтер» Алиф Каъбан, хабарнигори рӯзномаи «Труд» Бахтиёр Ашӯров, намояндаи «Интерфакс» Гулнора Ҳасанова ва намояндагони чанд оҷонсии дигар, ҳамчунин гурӯҳи калони кормандони телевизиони вилояти Суғд низ пуркор буданд.  Суратгири АМИТ  «Ховар» Маҳмудҷон Бобоҷонов хеле фаъол буд ва муҳимтарин лаҳзаҳоро ба навор мебардошт.

Рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» дар ҷараёни иҷлосия аз ҳама фаъол ба назар мерасид. Ҷомеаи меҳнатии нашрия таҳти роҳбарии Файзуллохоҷа Атохоҷаев ҳар як рӯзи иҷлосияро воқеъбинона инъикос мекарданд.

Мухбирони парлумонии рӯзнома мақола иншо мекарданду кормандони шуъбаи сиёсӣ Ҳасанбой Шарифов (зиндаёд) ва мухбири ҷавони шуъба Мирзоаъзам Мақсудов (ҳоло хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Суғд) чопи онҳоро таъмин. Рӯзе набуд, ки рӯзнома воқеаи муҳими таърихиро интишор надода бошад.

19 — уми ноябр аллакай ҷаҳониён медонистанд, ки  иҷлосия Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб кард. Вақте аз тариқи хатти алоқа матни табрикоти  Президенти Федератсияи Россия Борис Елсин ва Президенти ИМА Ҷорҷ Буш ба Қасри Арбоб расид, хабарнигорон боз ҳам бештар фаъол шуданд. Донистанд, ки сарони давлатҳои абарқудрат ба халқи тоҷик ояндаи нек мехоҳанд, онҳоро саодатманд диданӣ ҳастанд. Бисту панҷ сол пеш Президенти Федератсияи Россия Борис Елсин дар барқияи табрикӣ ба унвони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, навишта буд: «Дилпурам, ки роҳбарияти нави Тоҷикистон дар роҳи қатъи хунрезӣ ва оғози мусолиҳаи миллӣ ба хотири бо роҳи сиёсӣ яктарафа кардан ва ба эътидол овардани вазъи кишвар  тадбирҳои зарурӣ меандешад…». Ӯ гӯё медонист, ки Эмомалӣ Раҳмон инсони машҳури сайёра мешавад.

Равшан ЗАМИР,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Дар сурат: Муаллиф зимни суҳбат бо зиндаёд С. Ҳакимова, директори вақти Институти «Модару кӯдак»