Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар рушди қонунгузории миллӣ

№134 -136 (3771-3773) 16.11.2017

Баъди соҳибистиқлолии мамлакат бо дарназардошти гузариш аз як сохт ба сохти дигар, дигаргуншавии муносибат ва арзишҳои нави ҷомеа, зарурати мувофиқгардонии сохтори он дар шароити нави идоракунӣ ба миён омад. Зеро, тарзҳои пешинаи танзими фаъолияти идоракунию иқтисодӣ ва давлатдорӣ дигар самаранок буда наметавонистанд. Аз ин хотир, коркардабароии механизми таъмини ҳуқуқии нави идоракунӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва интихоби воситаҳои ҳуқуқии баамалбарорӣ лозим шуд.

Ҳамчунин, қонунҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати давлати шӯравӣ ва баъди соҳибистиқлол шудан қабул кард, барои инкишофи муносибатҳои нави бавуҷудомада мусоидат карда наметавонис­танд. Ба ин мураккабшавии вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, муқовимати дохилӣ, кандашавии алоқаҳои байнидавлатӣ ва шартномавӣ, беқурбшавии пул, набудан ва норасоии воситаҳо, номукаммалӣ ва мухолифати дохилии қонунҳои қабулгардида ва ғайра сабаб мешуд. Дар он шароит барқарор намудани сохти конститутсионӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти миллату давлат ногувор буд. Маҳз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуну қарорҳои дар он қабулшуда ба рушди давлатдорӣ ва қонунгузории миллӣ мусоидат намуд.

Дар иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуд, ки минбаъд дар ба низом овардани вазъи сиёсии кишвар, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва танзими ҳуқуқӣ мусоидат намуданд. Аз ҷумла, «Кодекси гумруки Ҷумҳу­рии Тоҷикистон» (25.11.1992), Қонун «Дар бораи аз нав дида баромадани нархи яклухти хариди пахта ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ» (27.11.1992) ва Қонун «Дар бораи андоз аз даромади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаият» (23.11.1992).

Инчунин, иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» — ро қабул намуд, ки асосҳои ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла, ба гурезаҳои ба макони доимии зисташон баргардонидашуда интиқоли ройгони аҳли оила ва молу амвол кафолат дода мешуд. Вобаста ба ин масъала, инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба андози шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа», «Дар бораи бекор кардани андози арзиши иловагии роҳхатҳо барои табобат, истироҳат дар осоишгоҳҳо, шифохонаҳо ва истироҳатгоҳҳои тобистона», «Дар бораи тарифи гумрукӣ» қабул гардиданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси тасдиқи низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Қонуни асосӣ)» низ дар он иҷлосия қабул шуданд. Тибқи қонуни охирин, ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар дӯши Раёсати Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ ва Шӯрои вазирон гузош­та шуд ва Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Сардори давлат эълон гардид.

Бояд қайд намоем, ки қонуну қарорҳои қабулкардаи иҷлосия барои ба эътидол овардани вазъи кишвар нигаронида шуданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифат ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд», Қарори «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии шахсоне, ки бар асари муноқишаҳои мусаллаҳонаи минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ зарар дидаанд» низ аз ҳамон қабиланд.

Баъди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, дар қатори проблемаҳои ҳалталаби сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ барпо намудани механизми ҳуқуқии баамал­барории онҳо меистод. Зеро ба даст овардани истиқлолият ва воридшавии Тоҷикистон ба фазои иқтисодӣ ва сиёсии озод, бе мавҷудияти қонунгузории мукаммал, босифат ва самараноке, ки ба асосҳои конститутсионии демократия ва санадҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофнамуда такя намояд, номумкин буд. Аз ин хотир, соли 1993 як қатор қонунҳое қабул шуданд, ки мафҳум ва намуди корхонаҳо, низоми пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаклҳои фаъолияти инҳисории субъектҳои хоҷагӣ ва намуд­ҳои рақобати бевиҷдонона, мафҳум ва намуди андозҳое, ки аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ рӯёнида мешавад, суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии амволи субъектҳои хо­ҷагӣ, гарав ҳамчун тарзи таъмини иҷрои уҳдадорӣ ва дигар муносибатҳои байни субъектҳои хоҷагӣ, инчунин байни онҳо ва давлатро ба танзим медароварданд. Ба ин гурӯҳ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳо» (25.06.1993), «Дар бораи низоми пулӣ» (27.12.1993), «Дар бораи маҳдудияти фаъолияти инҳисорӣ ва равнақи рақобат» (27.12.1993), «Дар бораи фаъолияти иқти­соди берунӣ» (27.12.1993), «Дар бораи Бонки миллии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон» (27.12.1993), «Дар бораи асосҳои системаи андоз» (20.07.1994), «Дар бораи суғурта» (20.07.1994), «Дар бораи гарав» (20.07.1994), «Дар бораи боигариҳои зеризаминӣ» (21.07.1994) ва ғайра дохил мешаванд.

Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) танзим ва такмили муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба миён омад, марҳилаи тоза дар таҳия, такмил ва қабули қонунҳо оғоз шуд. Конститутсия давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ будани Тоҷикистонро эътироф намуда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ваколати Маҷлиси Олӣ (Парламент), Президент, Ҳукумат, ҳокимияти маҳаллӣ, суд ва прокуратураро муайян сохт.

Бо мақсади ба танзим овардани фаъолияти соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ қонунҳои конститутсионӣ ва қонун қабул шуд, ки қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (3.11.1995), «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» (4.11.1995), «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (4.11.1995), «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» (4.11.1995), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» (2.11.1995), «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизмат» (12.12.1996), «Дар бораи стандартикунонӣ» (12.12.1996), «Дар бораи консессияҳо» (16.05.1997), «Дар бораи ха­риди давлатии мол, кор ва хизмат» (12.12.1997), «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» (16.05.1997), «Дар бораи монополияҳои табиӣ» (12.12.1997), «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» (22.05.1998), «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» (23.05.1998), «Дар бораи ҳисоби бухгалтерӣ» (14.05.1999), Кодекси мурофиавӣ (2.11.1995), Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон (13.12.1996), Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (15.05.1997), Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон (12.12.1997), Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.05.1998), Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (13.11.1998), Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (13.11.1998), Кодекси андоз (12.11.1998) ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд.

Кӯшишҳо дар такмили қонунгузорӣ натиҷаи мусбат доданд, вале дар баъзе соҳаҳо, ба монанди соҳаи қонунгузории гражданӣ, иқтисодӣ, соҳибкорӣ, меҳнат ва андоз, бо сабаби инкишофи сусти муносибатҳои уфуқӣ ва амудӣ танзими давлатии онҳо натиҷаи дилхоҳ дода натавонист, зеро бе қабули қонуни асосии иқтисоди бозорӣ – Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳои уфуқӣ ва Кодекси андоз, ки муносибатҳои амудии молиявиро ба танзим медаровард, ноил шудан ба мақсади дарпешистода ғайриимкон буд.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум 12 — уми ноябри соли 1998 Кодекси андоз ва 30 июни соли 1999 қисми якуми Кодекси гражданӣ ва 11 декабри соли 1999 қисми дуюми онро қабул намуд. Кодекси гражданӣ асоси ҳуқуқии иқтисоди миллӣ ва хусусиятҳои ташаккулёбии онро муайян кард. Қонунҳои мазкур муносибатҳои граждании байни субъектҳои гуногунро ба танзим дароварда, шаклҳои ташкилӣ – ҳуқуқии шахсони ҳуқуқиро муқаррар намуда, ҳадди иштироки давлатро дар ин муносибатҳо муайян сохт. Ҳачунин, намудҳои андоз ва тартиби рӯёнидани онҳоро ба танзим даровард. Бояд гуфт, ки Кодекси андоз ва Кодекси гражданӣ қабули як қатор қонун ва такмили қонунгузориро дар назар дошт. Ин, дар навбати худ, дар назди субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ ва парламенти минбаъд амалкунанда кори зиёдеро оид ба таҳия, қабул ва такмили қонунгузорӣ ба миён гузошт.

Марҳилаи дигари такмили низоми қонунгузорӣ, ки ба тағйироти аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 26 сентябри соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкарда вобаста буда, ҷиҳати фаъолияти парламенти касбӣ ва доимоамалкунанда заминаи қонунӣ ба вуҷуд овард. Дар натиҷаи он ислоҳоти конститутсионӣ ба таъсиси парламенти дупалатагӣ асос гузошта шуд, салоҳияти якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ муайян гардид. Бахусус, дар самти ҷараёни баррасии лоиҳаи қонунҳо тартиби комилан нав ба роҳ монда шуд, ки аз принсипҳои фаъолияти сохторҳои парламенти пешина тафовути ҷиддӣ дошт.

Ба парламенти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур буд, ки пеш аз ҳама, қонунҳоеро таҳия ва баррасӣ намояд, ки фаъолияти ҳар се шохаи ҳокимияти давлатиро ба танзим дароранд. Дар ин радиф қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (19.04.2000), «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (06.08.2001), ки фаъолияти мақомоти олии қонунгузорро ба танзим медароранд, аз нав таҳия, баррасӣ ва қабул гардиданд.

Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (12.05.2001), «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» (17.05.2004), «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» (30.07.2007), «Дар бораи хизмати давлатӣ» (5.03.2007) ва чанд қонуни дигар, ки фаъолияти шохаи дигари ҳокимияти давлатӣ – мақомоти ҳокимияти иҷроияро ба танзим медароранд, аз ҷумлаи аввалин қонунҳое буданд, ки бо дарназардошти талаботи нави ҳаёти муосир қабул шуданд.

Ба ҳамин монанд, қонунҳое, ки фаъолияти ҳокимияти судиро ба танзим медароранд, қабул гардиданд, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (06.08.2001), Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ (3.12.2009), Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (5.01.2008), Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мурофиаи суди иқтисодӣ» (5.01.2008), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» (20. 03.2008), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» (5.01.2008). Қонунҳои мазкур ба раванди ислоҳоти судии ҳуқуқӣ суръат бахшида, нақши онро ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ баланд бардоштанд.

Дар ҳамон давра такмили қонунгузорӣ ба воситаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда низ сурат гирифт ва чанд лоиҳаи қонун ба баррасии умумихалқӣ пешниҳод шуд. Лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъди муассисаи олии таълимӣ» (19.05.2009), «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» (21.11.2006), «Дар бораи реклама» (1.08.2003), «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (8.06.2007), Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (31.12.2008), «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ғайра аз ҳамон зумраанд, ки дар тӯли се моҳ, бо дарназардошти фикру мулоҳиза, дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандон такмил ёфта, аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардиданд.

Маҷмӯан, дар давоми 25 сол ҳуқуқэҷодкунӣ хеле пурмаҳсул ва самаранок ба роҳ монда шуд ва дар муҳлати на чандон зиёд беш аз 341 қонуни мукаммал қабул гардида, мавриди амал қарор гирифт. Бо ҳамин восита муносибатҳои ҷамъиятӣ зери назорати меъёрҳои ҳуқуқӣ ба танзим даромад. Ҳамаи ин, натиҷаи қонуну қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки сулҳу суботро дар кишвар пойдор ва ба раванди ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шароит муҳайё намуд.

Ҳамин тавр, таърихи навини Тоҷикистон аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки бо ному фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.

 РАҲИМЗОДА Маҳмад Забир,

директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқ, профессор