Нақши Конститутсия дар рушди иқтисодиёти кишвар

№132 - 133 (4082 - 4083) 02.11.2019

DSC_1226Халқ муассиси давлат аст. Асос­ҳои фаъолияти давлатро бошад, Конститутсия муайян мекунад, ки дар он нақши фаъолро асосҳои иқтисодӣ ва ниҳодҳои таъминкунандаи бехатарии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми бобҳои он дар ягонагӣ низоми иқтисодӣ ва бунёдии самтҳои инкишофи кишварро муайян менамоянд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои асосӣ, вазифаҳо ва тартиби фаъолияти ниҳодҳои бевосита пешбарандаи сиёсати иқтисодии кишвар (Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, ҳокимияти маҳаллӣ, суд, прокуратура)  дарҷ гардидаанд.

Дар ин санади олӣ принсипи конститутсионии танзими ҳаёти иҷтимоӣ — иқтисодӣ мавқеи муайянкунанда дорад ва  ин раванд ҳар чӣ бештар тавсифи либералӣ ба худ мегирад. Мантиқи Конститутсия ба самти таъмини бисёрақидагии сиёсӣ ( бисёрҳизбӣ – моддаҳои 8 ва 28), иқтисодӣ (баробарии ҳама шакли моликият ва озодии соҳибкорӣ – моддаи 12)  ва мафкуравӣ (мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад – моддаи 8) равона шудааст. Ана ҳамин ягонагӣ заминаи дигар принсипҳо, ғоя ва дастуроти Конститутсияи моро ташкил намудаанд.

Дар Конститутсия ҳуқуқ ва озодии инсон ба се гурӯҳ тақсим шудааст: ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва шахсӣ. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуқуқу озодиҳои иқтисодиро ба тариқи зайл муайян кардааст:

- озодии мусофират ва интихоби маҳалли зист (моддаи 24) (ин озодӣ  шароит барои озодии соҳибкорӣ ва татбиқи ҳуқуқ ба моликияти хусусиро таъмин менамояд);

-  озодии интихоби касбу кор (моддаи 35);

-  ҳуқуқ ба моликият ва мерос (моддаи 32).

Бояд гуфт, ки ин ҳуқуқу озодиҳо дар асл кафолати воқеии ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва шахсии шаҳрванд аст, ки дар амал ғояи либерализмро ифода мекунанд. Конститутсияи мо як силсила эъломияҳои иҷтимоиро низ дар бар мегирад, ки иҷтимоӣ будани давлатамонро (моддаи 1) ифода мекунанд. Дар доираи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ бояд музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат кам набошад. Ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ, ҳифзи меҳнат, кафолати таъмини иҷтимоӣ дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти корӣ дар моддаҳои 35 ва 39 ифода ёфтааст. Дар моддаҳои 36 то 41 ҳуқуқҳои асосии иҷтимоӣ дар тавсифи либералӣ зикр гардидаанд. Пеш аз ҳама, ҳуқуқ ба меҳнат (моддаи 35), ки пас аз ҳуқуқи моликияти хусусӣ (моддаи 32) омадааст, яъне, озодии меҳнат бевосита ба ҳуқуқи моликияти хусусӣ вобаста аст ва ин вобастагӣ тавсифи дучанд пайдо мекунад. Аз як тараф, моликият сарчашмаи меҳнати озод бошад, аз тарафи дигар, маҳсули меҳнати озод аст. Аз ин хотир, ҳуқуқ ба меҳнат дар мазмуни либералии озодии меҳнат ифода ёфтааст. Ҳамзамон, ба шахс ҳуқуқи ҳимояи иҷтимоӣ аз бекорӣ (моддаи 35), таъмини шароити кории мутобиқ ба талаботи бехатарӣ ва гигиена, барои иҷрои  кори якхела музди баробар (моддаи 35), ҳуқуқ ба гирдиҳамоӣ (моддаи 29) дар доираи  иттифоқҳои касаба (моддаи 28) дода шудааст.  Инчунин, ҳуқуқи шахс ба истироҳат (моддаи 37),  ба манзил (моддаи 36),  ҳифзи саломатӣ (моддаи 38) кафолат дода шудаанд.

Дар роҳандозӣ намудани сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гуногуншаклии низоми хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст, ки давлат бо ҳамин восита рақобатро дар доираҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеа ҳавасманд месозад. Ҳамин гуна сиёсат дар таъмини ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ (моддаи 38) ва ҳуқуқ ба таҳсил (моддаи 41) дар доираи сарчашмаи ягонаи стандартҳои давлатӣ, роҳандозӣ карда мешаванд. Яъне, маҳдуд намудани ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар иҷрои хизматрасониҳои иҷтимоӣ амали ғайриконститутсионӣ арзёбӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахс аз сатҳи инкишофи иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеа ва захираву имкониятҳои иқтисодии давлат дар заминаи таъмини озодии соҳибкорӣ (моддаи 12) ва такмили низоми андозсупорӣ (моддаи 45) вобаста аст.

Аз нуқтаи назари он ки «ҳама дар назди қонун баробаранд» (моддаи 17), субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ  низ дар назди қонун баробаранд.  Аз ин хотир, давлат шароити якхела ва мусоидро барои рушди соҳибкорӣ таъмин менамояд. Пардохти андозҳо, ки қонун муайян намудааст, масъулияти конститутсионии ҳар як шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад. Табиати объективонаи принсипҳои конститутсионӣ, аз қабили мусофирати озоди одамон, ҳаракати озоди мол, хизмат ва воситаҳои молиявӣ ба озодии фаъолияти иқтисодӣ, фазои ягонаи иқтисодӣ барои роҳандозӣ  шудани иқтисоди бозорӣ заминаи конститутсионӣ гузоштаанд.  Агар дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон услуби озодии шартнома,  дахлнопазирии моликияти хусусӣ, озодии ҳаракат вуҷуд намедошт, қонунҳои иқтисодии бозор наметавонистанд амал кунанд. Меъёри конститутсионии озодии мусофират  ва ҷойи истиқомат (моддаи 24) категорияи иқтисодии бозори озоди  меҳнат ва ҳуқуқи моликияти шахсӣ — бозори амволи манқулро ба миён овард. Таъмини меъёри конститутсионии озодии фаъолияти иқтисодӣ ангезае мебошад, ки бе мавҷудияти он иқтисоди бозорӣ наметавонад созмон ёбад, зеро озодии иқтисодӣ сабаби асосии рушди иқтисод маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, принсипҳои конститутсионӣ асоси созмон ёфтани иқтисоди конститутсионӣ дар кишвар дониста мешаванд. Дар ин иқтисод табиати объективии принсипҳои конститутсионӣ бо ҳуқуқу уҳдадориҳои шахс ба ҳам меоянд. Махсусан, ҳуқуқи конститутсионӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ (моддаи 12) мазмуни табиӣ дошта, дар табиати озодии конститутсионии фаъолиятҳои иқтисодӣ ифода меёбад.

Ҳамин тавр, принсипҳои конститутсионие, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд, аз нақши муҳими давлат дар иқтисод тавассути роҳандозӣ намудани қонунгузории гражданӣ, маъмурӣ ва соҳибкорӣ шаҳодат медиҳанд. Принсипи озодии соҳибкорӣ бо принсипи давлати иҷтимоӣ вобаста аст. Дар иқтисоди бозорӣ давлат наметавонад ҳама гуна талаботи инсонро таъмин намояд, зеро давлат фаъолияти густурдаи соҳибкорӣ надорад ва ҳиссаи моликияти давлатӣ нисбатан кам аст.  Маҷмӯи принсипҳо, меъёрҳо, мафҳумҳои конститутсионии ба ҳам пайваста конститутсияи иқтисодиро ташкил медиҳанд, ки барои созмон ёфтани иқтисоди бозорӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда, асосҳои сохти конститутсиониро дар бораи озодии фаъолиятҳои иқтисодӣ, фазои ягонаи иқтисодӣ, гуногуншаклӣ ва баробарҳуқуқии шаклҳои гуногуни моликият, тавсифи иҷтимоии давлат, афзалияти меъёрҳо ва принсипҳои умумибашарӣ муайян мекунанд. Ҳамаи ин, дар маҷмӯъ, нақши Конститутсияро дар рушди иқтисоди кишвар нишон медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки  пас аз қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ  шурӯъ гардид. Аз ин рӯ, аввалин барномаи ислоҳоти иқтисодии кишвар ба созмон додани гуногуншаклии моликият дар асоси ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ равона карда шуд.

Ҳамин тариқ, ислоҳоти иқтисодии кишвар марҳила ба марҳила ба роҳ монда шуд. Ҳоло Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар «Стратегияи миллии рушд то соли 2030» пешбинишуда равона намуда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуд бахшидани вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии ислоҳоти иқтисодии худ эълон намудааст.

Қобили қайд аст, ки раванди боло рафтани сатҳу сифати зиндагии мардум пас аз қабули Конститутсия тамоюли устувор касб кардааст. Аз ин ҷост, ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба андозаи 6-7 фоизи солона мунтазам афзоиш меёбад. Омори болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум дар тӯли 25 соли қабули Конститутсия нишон медиҳад, ки барои муваффақ гардидан ба нишондодҳои «Стратегияи миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030» заминаҳои боэътимоди тақвияти неруи инсонӣ, низоми идораи давлатии иқтисодиёти кишвар, тавсеаи имкониятҳои содиротии он, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ фароҳам омадааст.

Тибқи талаботи иқтисодиёти конститутсионӣ, дар давраи дарозмуддат барои таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди кишвар бояд бозорҳои маҳсулоти озуқа ғайриинҳисорӣ кунонида, логистикаи онҳо ташкил карда шавад. Вазъи бозорҳо ба истеҳсолкунандагону фурӯшандагон ҳамгиро кунонида, бозорҳои яклухти минтақавии фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ (Кӯлоб, Бохтар, НТҶ, Суғд, минтақаи Зарафшон ва ВМБК) таъсис дода, минбаъд ба шабакаи долонҳои нақлиётӣ пайваст карда шаванд. Инфрасохтори нақлиётӣ такмил дода, бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикӣ, навсозии заминаҳои моддиву техникӣ ва таҷдиди паркҳои нақлиётӣ, инчунин, афзоиши ҳамлу нақли молу маҳсулотро таъмин карда, нақши бозори пул дар танзими иқтисодиёти миллӣ боло бардошта шавад.

Олимҷон БОБОЕВ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон