Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ

№83 (4033) 11.07.2019

Охири солҳои 80 — ум ва аввали 90 — уми асри XX шиорпароканиҳо оид ба ошкорбаёнӣ ва бозсозӣ аз ҷониби роҳбарони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз шуд. Натиҷа он гардид, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ба вартаи нобудӣ расид. Ҳазорҳо нафар ҷон аз даст доданд. Ба хоҷагии халқи мамлакат хисороти зиёд расид. Теъдоди зиёди шаҳрвандон гуреза шуданд.

ВахдатВазъи ҷумҳурӣ ба майдон омадани Пешвои сиёсиеро талаб мекард, ки бояд муҳимтарину волотарин сифатҳоро доро мебуд ва эҳтиёҷоту ниёзи мардумро хуб дарк ва аз рӯи манфиату арзишҳои умумимиллӣ амал менамуд. Мардум ин сифатҳоро дар симои раиси вақти вилояти Кӯлоб, вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфтанд. Зеро дар давроне ба ҳайси Сарвари давлат фаъолиятро оғоз намуданд, ки вазъият хеле ваҳим буд.

Бо дар мадди назар қарор додани ҳифзи манфиатҳои миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои аввалиндараҷаро муайян карда, барои ҳалли онҳо талошу кӯшиши беандоза намуданд. Вазифаи нахустин хомӯш кардани оташи ҷанг дар заминаи гуфтушунид муқаррар гардид. Дуюм, гурезаҳо бояд ба Ватан баргардонда мешуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва таъмини мардум бо хӯрока чораҳои таъҷилӣ андешида, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ҷалб карда шуд.

Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон Консепсияи Ваҳдати миллиро пешниҳод ва барои амалӣ сохтани он ба неруи созанда ва тамаддунгарои ҷомеа такя карданд. Солҳои 1994 — 1997 ҳашт даври гуфтушунид байни тоҷикон гузаронида шуд. Ниҳоят, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Фаъолияти минбаъдаи муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон инъикосгари он аст, ки тавонистанд аз иҷрои вазифаҳои гузошташуда сарбаландона баромада, дар роҳи ба даст овардан ва мустаҳкам намудани сулҳу ваҳдат, барқарории аркони давлатдорӣ тамомияти арзӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ саҳми арзанда гузоранд. Инчунин, барои пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ташаббус ва пешниҳоди зиёд намуданд. Чунин амал мартаба ва нуфузашонро, на танҳо дар дохили кишвар, балки дар миқёси байналмилалӣ, хеле баланд намуд. Инро ба назар гирифта, мардуми кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар заминаи қонуни конститутсионӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат эътироф намуданд.

Бо омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат мардуми Тоҷикистон соҳиби Пешво гашт. Чунин шахсиятҳо бо донишу таҷрибаи бузург мактаби давлатдории дунявии миллиро поягузорӣ намуда, барои ҳифз, рушд ва эҳёи арзиш ва анъанаҳои давлатдории миллӣ шароит фароҳам меоранд. Раванди ташаккули мактаби сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, на танҳо барои шаҳрвандони кишвар, балки барои тоҷикони дунё мактаби навест, ки дар сарҷамъ намудан, таъмини рушди кишвар ва муаррифии шоистаи тоҷику тоҷикис­тониён дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим дорад.

Дар яке аз барномаи пешаз­интихоботии номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон чунин омадааст: «Ваъдаҳои беҳуда додан ба усулҳои ман мувофиқ нест. Ман ба нуқтаи назари худ эътимод дорам, ки дар рӯзи аввали ба ҳокимият омаданам ташаккул дода будам. Ин сулҳ, ягонагӣ, баргардонидани гурезагон, демократикунонии ҷомеа, таҳкими давлатдорӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб меравад».

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва, қобилият ва дониши худро барои барқарор намудани сулҳ ва ризояти миллӣ дар кишвар равона сохта, мунтазам таъкид менамуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба гуфтушунид бо тамоми неруҳои сиёсӣ, ки ба ҳалли мушкилот дар мамлакат моиланд, омода аст.

Таъмини фаъолияти самараноки сохторҳои ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои қудратӣ ва баргардонидани гурезаҳо ба ҷои ­зисти доимӣ, таъмини онҳо бо либос ва хӯрокворӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолият ва зиндагии онҳо, барқарор намудани фаъолияти корхонаҳо, идораю хоҷагиҳо ва ҷалби одамон ба меҳнат аз самтҳои афзалиятноки барномаи кории Пешвои миллат маҳсуб мешуданд.

Дар маҷмӯъ, далели бебаҳс аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ орзуву омоли халқро амалӣ намуда, тамоми қувва ва қобилиятро ба қатъ намудани мухолифати шаҳрвандӣ ва бадастории сулҳу ризоят равона сохта, эътироф ва эҳтироми аҳолиро ба даст оварданд.

Дилшод ДАВЛАТЗОДА, мутахассиси пешбари

бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ