Наҳзатиҳо аҳду паймонро намедонанд

№92 (3886) 31.07.2018

Фаъолияти ҳар як ташкилоту ҳизби сиёсӣ, новобаста аз самти фаъолият, бояд ба нафъи давлату миллат равона гардад. Намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ шахсоне бояд бошанд, ки мардум ба онҳо бовар карда, ҳамчун шахси баобрӯ ва ҳимоятгари манфиату ҳуқуқҳо вакил интихоб намоянд. Мутаассифона, на ҳама ҳизби сиёсӣ ва намояндагони онҳо ба нафъи ватану миллат содиқона хизмат мекунанд.

Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (соли 1991) дар Осиёи Марказӣ нуфузи гурӯҳҳою ҳизбҳои сиёсии иртиҷоӣ афзуд. Бис­ёриҳо ин вазъиятро ҳамчун бедор гардидани ҳисси миллии миллатҳои минтақа арзёбӣ мекарданд. Аз чунин шароит ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ба нафъ истифода мебурданд. Бо мусоидат ва дастгирии бевоситаи баъзе аз давлатҳои исломӣ дар Тоҷикистон шумораи масҷид­ҳо ва таблиғгарон рӯз аз рӯз зиёд гардид. Ҳатто кор ба ҷое расид, ки мардум тоату ибодатро аз кори давлат афзалтар мешумориданд.

Дар чунин як давраи ҳассос ва таърихан муҳим дар арсаи сиёсат гурӯҳҳое пайдо шуданд, ки мақсади асосии онҳо ноором гардонидани ҷомеа ва бо ин восита расидан ба ҳадафҳои ғаразнок буд. Роҳбарони гурӯҳҳо бо ҳидоят ва дастгирии хоҷаҳои хориҷӣ мардуми одиро бо иғвою хабарҳои бардурӯғ бар зидди ҳокимияти конститутсионӣ равона месохтанд. Натиҷаи сиёсати хоинонаи шахсони алоҳида буд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро буҳрони сиёсӣ фаро гирифт ва оқибати нангине ба бор овард, ки ҳоҷат ба такрори он нест.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳиб­истиқлолӣ озодӣ ва баробарҳуқуқии аҳли ҷомеаро кафолат дод ва ин нукта дар Конститутсия низ зикр шудааст. Вале озодӣ ва баробарҳуқуқиро ҳар шахс ва гурӯҳи ҷудогона бо фаҳмишу дарки хеш қабул кард ва на ҳама ба қадри он расид. Аз ҷумла, ҳизби наҳзати исломӣ аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар фаъолиятро танҳо ба ноором гардонидани авзои сиёсии ҷомеа равона сохт. Маҳз бо ташаб­буси намояндагони ҳизби мазкур солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистонро буҳрони сиёсӣ фаро гирифт ва ҳатто хатари аз байн рафтан пеш омад. Баъди гуфтушунидҳои тӯлонӣ, соли 1997 миёни Ҳукумати конститутсионӣ ва ҷониби мухолиф Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Ҳукумати кишвар ҷиноятҳои содирнамудаи намояндагони Ҳизби наҳзати исломиро бахшида, барои онҳо шароит фароҳам овард, то иштибоҳи таърихии хешро ислоҳ намуда, баҳри инкишофи Ватан озодона фаъолият намоянд. Мутаассифона, намояндагони он ба ҷойи он ки ислоҳ шаванд, амалҳои иғвогаронаи хешро идома доданд. Хулоса, Ҳизби наҳзати исломӣ то ба имрӯз мавқеъ ва дидгоҳашро оид ба давлат ва миллат иваз накард. Агар андешаҳои мо хато аст, пас худи онҳо — намояндагони ин ҳизб, ки айни замон дар хориҷи кишвар қарор доранд, бигӯянд, ки дар давоми 20 соли ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ барои Ватану миллат кадом кори некро ба анҷом расониданд? Бо кадом амалашон метавонанд фахр кунанд? Агар бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ худро сарбаланду муваффақ ҳисобанд, ин ҳам худфиребӣ ва ҳам мардумфиребии онҳост, зеро ин созиш бо гузаштҳои зиёде аз ҷониби Ҳукумат сурат гирифта буд. Сарпарастони асосии онҳо он замон қудратро аз даст дода буданду худ ба кумак ниёз доштанд. Омили дигари имзои созишнома ин истодагарии СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳониву фишори онҳо ба роҳбарияти ИНОТ (Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии тоҷик) баҳри зудтар ба тавофуқ расидан буд.

Бо дастгириву маблағгузории наҳзатиҳо дар байни ҷомеаи пайрави мазҳаби ҳанафия сафи муҳассилини муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷа, аз ҷумлаи фарзандону наздикони онҳо ва камбизоатони ноҳияҳои дурдаст зиёд гардид. Бо талошу «ташаббус»-и хатмкардагони «мадрасаҳои хориҷӣ» миёни мардум равияҳои гуногуни динӣ, ба монанди «Салафия», «Ваҳҳобия», «Шиаҳои исноъашария» паҳн шуд. Аксари ин гумроҳон, ки худ мазмуну мундариҷа ва ҳадафҳои аслии чунин равияҳои диниро хуб дарк накарданд ва дар бораи онҳо маълумоти кофӣ надоранд, чӣ тавр метавонанд ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоянд?

Маҳз дар натиҷаи тарбия ва тадриси ғаразноки онҳо имрӯз миёни ҷавонони кишвар дар масҷиду маҳал ва ҳатто муҳоҷират тафриқа ба вуҷуд омадааст, ки боиси хархаша ва гоҳо хунрезӣ низ мегардад. Ҳамоиши наҳзатиён дар шаҳри Дормунди Олмон (15-уми июли соли 2018) бахшида ба 21-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ далели гуфтаҳои боло мебошад. Чунин ҳамоишҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ягон вақту замон онҳо ба аҳду паймони худ содиқ ва пойбанд набуданду нестанд.

Итминон дорам, ки ҷавонони мо, бо истифода аз донишу маҳорати хеш, ба суханони авомфиребонаи наҳзатиҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои наздик ба онҳо фирефта нагардида, баҳри  расидан ба се мақсади асосӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Нодири Қодир