Нашри «Агар ҷавонӣ медонист…» дар «global print»

№27 (3977) 11.03.2019

12Агар ҷавонӣ медонистДар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик китоби нави журналисти ҷавон Башир Усмон таҳти унвони «Агар ҷавонӣ медонист…» пешкаши ҳаводорон гардид, ки фарогири маҷмӯи мақолаҳои гуногунжанр буда, ба масъалаи ҷавонон ва сатҳи донишу ҷаҳонбинии онҳо бахшида шудааст.

Муаллиф аз ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон рӯҳу илҳом гирифта, аз ин қишри ояндасози ҷомеа даъват ба амал меорад, ки айёми ҷавониро бо ғафлат пушти сар накунанд ва дар дилхоҳ масъала дурандешу ботамкин бошанд, то оқибати аъмолашон ба пушаймонӣ набарад.

Инчунин, «Агар ҷавонӣ медонист…» масоили ҳаётан муҳими иҷтимоӣ, аз қабили исрофкорӣ, иффат, қаноатпешагӣ, маданияти шаҳрнишинӣ, муносибати волидон бо фарзанд, ахлоқу муҳаббат ва ғайраро дар бар гирифта, ҷолибу хонданист.

Ёдовар мешавем, ки «Агар ҷавонӣ медонист…» китоби чоруми Башир Усмон мебошад.

«Садои мардум»