Натиҷаҳои аввалини сафари Туск

№67 (4017) 13.06.2019

Шашуми июни соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми зергурӯҳи Кумитаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар раванди музокирот, инчунин, маблағгузории бунёди неругоҳи барқи обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар нишаст аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди муносибатҳои бисёрҷониба дар минтақа ёдовар шуда, ҷиҳати рафъи мушкилоти гидроэнергетикӣ ва ҷудо намудани 20 миллион евро барои татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Себзор», ки дар ноҳияи Роштқалъа ба нақша гирифта шудааст, изҳори омодагӣ намуд.

Тибқи иттилои Маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, маблағе, ки барои бунёди неругоҳи зикршуда ҷудо мешавад, грант буда, барои беҳбуд бахшидан ба соҳаи энергетикии минтақа мусоидат мекунад. Дар сурати бунёд гардидани неругоҳ 220 ҳазор нафар аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо неруи барқ таъмин шуда, дар фасли тобистон барқи иловагӣ ба Афғонистон содирот мешавад.

Бояд таъкид намуд, ки ҷудо гардидани 20 миллион евро аз натиҷаҳои нахустин сафари Президенти Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон мебошад. Зеро ӯ аз мулоқот бо Президенти мамлакат ва суҳбату муколамаҳои судманд бо дигар шахсони расмӣ ва аз вазъи ҷуғрофии кишвар, сарҳади тӯлонии он бо давлати Афғонистон, хатарҳои афзояндаи терроризму экстремизм дар минтақа огоҳ гардид. Муҳим он аст, ки Доналд Туск дар ҷараёни сафар аз талошҳои Пешвои миллат дар роҳи расидан ба сулҳу суботи пойдор ва роҳандозии муколамаҳои судманд дар масъалаҳои вобаста ба Афғонистон ёдовар шуда, мавқеи давлати Тоҷикистонро калидӣ унвон кард.

Сафари Доналд Туск агарчӣ аз иродаву хоҳиши иддае аз ҳамватанон берун буд ва барои халалдор намудани он талош низ варзиданд, хушбахтона, равобити Тоҷикистонро бо Иттиҳоди Аврупо вусъат бахшид. Зикр шуд, ки агар «Барномаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистон дар давоми солҳои 2014 – 2020» 251 миллион евроро дар бар гирифта бошад, пас «Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2021-2027» бо харҷи маблағи зиёдтар таҳкими сарҳадот, соҳаи тандурустӣ, иҷрои барномаҳои маориф ва рушди соҳаи кишоварзиро дар бар мегирад.

Ин барномаҳо аз як сӯ, натиҷаи сиёсати дарҳои кушоди кишвар бошад, аз дигар, посух бар мавқеъгирии афроди бо ном мухолиф маҳсуб мешавад. Бегуфтугӯ, адолат ҳамеша тантана карда, муғризон пайваста шарманда хоҳанд шуд. Ҳамон гунае, ки чанд рӯзи охир ба ном «мухолифон» аз шарм лаб фурӯ баста, тавони чизе гуфтан надоранд.

Шамсиддин Алиев, рӯзноманигор