Наврӯз пайки баҳор, оғози киштукор аст

№31 (3981) 21.03.2019

angorai_navruz2019Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар, бо саъю кӯшиш ва тадбирҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни аҷдодии тоҷикон — Наврӯз аз нав эҳё гардида, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид байналмилалӣ эълон шуд ва дар ҷаҳон қайд мегардад.

Наврӯз, ки покизагиву гармӣ, меҳрубонӣ, некиву накукорӣ ва осудагиву ободиро талқин менамояд, сазовори таҳсини мардуми кураи замин гардидааст. Ҷаҳонӣ гардидани Нав­рӯз дар таҳкими ҳамзистии осоишта, дӯстию рафоқат, ваҳдат ва дигар арзишҳои бузурги инсонӣ  воситаи муҳим арзёбӣ мегардад. Наврӯз пайки баҳор, арӯси сол, айёми шодию сурур, эҳёи табиату зиндагӣ, замину замон ва кайҳон аст.

Ҳикмати волотарини ҷашни Наврӯз ин аст, ки он айёме таҷлил мегардад, ки шабу рӯз баробар ва пирӯзии равшанӣ ба торикӣ, гармӣ ба сармо оғоз гардида, табиат, оламу одам дигаргун мешаванд. Ҳикмати дигари ҷашни Наврӯз дар он зоҳир мегардад, ки мардум аз қадим дар арафаи ин ҷашн хонаҳоро таъмиру таҷдид ва покиза намуда, сарулибоси тоза пӯшида, ба аёдати маъюбону беморон ва пиронсолон рафта, ба камбизоатон кумак мерасонанд. Ба пешвози иди Наврӯз суманак ва таомҳои болаззат пухта, дастурхони ҷашниро бо ҳафтшин оро дода, ба меҳмонон пешниҳод менамоянд.

Ҳикмати дигари созандаи Наврӯз он аст, ки мардум дар ин рӯз кинаю ғаразҳоро аз дил мебароранд, оғӯши сулҳу дӯстӣ боз мекунанд, бори дигар аз «Гуфтори неку кирдори нек ва пиндори нек» ёдовар мешаванд. Баҳри ҷашнгирии Наврӯз ҷамъ омада, гӯштингирӣ,  бузкашӣ, аспдавонӣ, шеъру таронахонӣ ва дигар унсури базмҳои идонаро меороянд, ки барои ваҳдату муттаҳидӣ ва  якпорчагии ҳар миллату кишвар воситаи муҳим мебошад.

Наврӯз, қабл аз ҳама, ҷашни кишоварзон аст, зеро он эҳёи табиат, фарорасии киштукори деҳқон мебошад. Дар ин айём деҳқон ба хотири серию фаровонӣ ба замин донаи умед мепошаду ниҳол месабзонад.

Боиси ифтихор аст, ки аз Наврӯзи соли гузашта то ба Нав­рӯзи имсол соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд ва таъминоти мардум бо ғизо беҳтар гардид, содироти меваю саб­завот афзуд. Дар ин давра олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардиданд. Дар соҳаи зироаткорӣ, боғпарварию сабзавоткорӣ 11 навъи нави зироатро минтақабоб гардонида, соҳиби 9 патент ва 11 шаҳодатномаи муаллифӣ шуданд. Айни ҳол дар Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ барои омӯзишу минтақабобгардонӣ 43 навъи зироату дарахтони мевадиҳанда қарор доранд. Маълумот оид ба апробатсияи зоти нави говҳои сиёҳалои тоҷикӣ ва типи қутосҳои зарафшонӣ барои пешниҳод ба Комиссияи давлатӣ омода гардид. Аз ҷониби олимон бо истифода аз хайлҳои микрорганизмҳои маҳаллӣ 125 ҳазор воя ваксина бар зидди касалиҳои сироятии чорво ва 63 ҳазор воя маълумоти зиддигиҷавӣ истеҳсол ва ба хоҷагиҳои чорводорӣ пешниҳод карда шуд. Ҳоло мошину мошинолоти хурдҳаҷми ихтироънамудаи олимон дар хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ мавриди истифода қарор доранд. Зиёда аз 1420 тонна тухмии хушсифати зироатҳои ғалладона ва равғандиҳанда, 1500 тонна тухмии картошка истеҳсол ва ба хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ пешниҳод шуд. Татбиқи дастовардҳои илмии олимон нисбат ба солҳои гузашта беҳтар ва навъҳои пахтаи ватанӣ дар зиёда аз 100 ҳазор гектар навъҳои маҳаллии зироатҳои ғалладонагӣ ва равғандиҳанда дар масоҳати 165 ҳазор гектар кишт гардид.

Илова бар ин, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 пешниҳод оид ба ҳалли масоили рӯзмарраи рушди илму истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ ирсол гардид, ки аксарияти онҳо пазируфта шуданд. Аз ҷумла, ба «Барномаи маҷмӯавӣ оид ба рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», пешниҳодҳо доир ба пешгирии бемории брутселлёзи чорвои кишоварзӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии лавозимоти ветеринарӣ, истеҳсоли мошинолоти миёнаҳаҷму хурдҳаҷми кишоварзӣ, бунёди коргоҳи аммиакоб дар корхонаи «Нуриҳои Осиё» ва ғайра.

Баҳри сазовор таҷлил намудани Иди Наврӯзи олам­афрӯз ва соли нави миллӣ, дар муассисаҳои тобеи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикис­тон чун анъана мунтазам шанбегиҳо оид ба ободонию кабудизоргардонӣ, шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ гузаронида мешаванд. Баромади олимон ва мутахассисон аз тариқи воситаҳои ахбори омма оид ба ташвиқу тарғиби ҷашнҳои мазкур ва татбиқи дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ бомаром идома доранд.

Бо дарназардошти он ки Наврӯз муждаи баҳору оғози киштукори кишоварзон мебошад, олимони соҳа тамоми неру ва қувваи зеҳниро барои такмили пешбурди илмии соҳа, баҳри зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат сафабар карда истодаанд.

Н. Асозода, президенти Академияи илм­ҳои кишоварзии Тоҷикис­тон, доктори илмҳои кишоварзӣ, аъзои вобастаи АИКТ,

Д. Комилзода, академики АИКТ