НБО «Норак» ба феҳристи 5 иншооти нодири ҷаҳон шомил шуд

№133 (3613) 25.10.2016

НоракНеругоҳи барқи -обии «Норак»-и Тоҷикистон ба феҳристи 5 иншооти саноатии нодири ҷаҳон шомил шуд. Дар ин бора АИР «Недвижимость» хабар додааст.

-НБО «Норак» бо он ҷолиб аст, ки сарбанди аз сангу гил сохташудаи 300-метрааш дар ҷаҳон баландтарин мебошад. Обанбори истгоҳ низ хеле бузург буда, дарозии он 70 километр, масоҳати сатҳи об 98 км. мураббаъ ва ҳаҷми он 10,5 км. мукааб аст, — гуфта мешавад дар иттилоия. Чуќурии миёнаи обанбор, ки соли 1978 пур шудааст 107 метр мебошад.

Баландии сарбанди дуюмин калонтарин НБО-и Осиёи Марказӣ — Токтогул (Қирғизистон) 215 метрро ташкил медиҳад. Обанбори истгоҳ дорои андозаи зерин мебошад: дарозӣ — 65 км, масоҳати сатҳи об — 284,3 км мураббаъ, чуқурии максималӣ — 120 м. Ҳаҷми умумии обанбори Токтогул 19,5 км мукааб буда, 14 км мукааби он фоидаовар аст.

«Вақтҳои охир иқтидори НБО «Норак» пурра истифода намешавад, чунки аз соли 2009 бинобар вайрон шудани низоми муттаҳидаи энергетикӣ он як қисми обро бефоида сарф менамояд. Сарфи бефоидаи об 700 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, ба хисороти молиявӣ то 200 млн. доллари ИМА дар як сол оварда мерасонад», — зикр мешавад дар хабарнома.

Иншооти дигаре, ки ба феҳристи 5 иншооти калонтарини саноатии ҷаҳон шомил шуданд, инҳоянд:

- Платформаи истихроҷи нафти «Troll A» дар Баҳри Шимолӣ. Он калонтарин иншооти бетонии ҷаҳон маҳсуб мешавад. Баландии он 472 метр аст, ки 303 метри он дар зери об мебошад. Вазнаш 684 тонна аст.

Дар чуқурии аз ҳама поёни он њатто консерт гузаронида шуд. Бахшида ба 10-солагии «Troll A» овозхон Кэти Мелуа барои кормандони он консерт дода буд. Консерт дар қисми поёнии платформа дар чуқурии 303 метр доир гардид.

Бинои «NASA Vehicle Assembly Building», воқеъ дар иёлати Флоридаи ИМА, барои васлкунии амудии дастгоҳҳои кайҳонӣ пешбинӣ шудааст. Он бинои якошёнаи бузургтарин дар ҷаҳон ва аз ҳама баландтарин дар ИМА, берун аз ҳудудҳои шаҳрӣ, маҳсуб мешавад. Баландии он 160 метр ва ҳаҷмаш 3,67 миллион метри мукааб мебошад. Корхона бо он ҷолиб аст, ки дар дохили он шароити обу ҳавои хусусии беҳтар аз берун фароҳам оварда мешавад. Мисол, ҳатто метавонанд дар ин љо абрҳои боронрез ташкил кунанд.

«Meyer Werft»- и Папенбурги Олмон — яке аз бузургтарин корхонаҳои киштисозии ҷаҳон ва корхонаи таъмири киштиҳо буда, дорои калонтарин бинои хушк барои васлкунии киштиҳо мебошад. «Dockhalle 2» — доки хушк 504 метр дарозӣ, 125 метр паҳноӣ ва 75 метр баландӣ дорад. Ин андозаҳо имкон медиҳанд, ки киштиҳои сайёҳии муосири дорои андозаҳои ниҳоят калон сохта шаванд.

АМИТ «Ховар»