Тағйирёбии иқлим

Ниҳолшинонӣ беҳтарин омил аз пешгирии хокбориш аст

№115 (4065) 26.09.2019

418556a15e33e2f662c5Хокборише, ки 23 сентябр дар мамлакат мушоҳида шуд, сокинони кишварро нороҳат кард. Иддае ба хотири кам кардани таъсири манфии чангу ғубор ниқобҳои тиббӣ гирифта, ба кору таҳсил рафтанд. Гирифторони бемориҳои дилу раг ва диққи нафас истеъмоли доруро зиёдтар намуданд. Дидани ҳавои ғуборолуд табъи ҳар касро хира месозад. Тибқи хулосаи олимон, фаъолияти истисмор­гаронаи одамизод нисбат ба табиат сабабгори пайдошавии хокбориш мегардад. Бодхӯрдашавӣ (эрозия)-и замини корам, пайдошавии биёбонҳо, сӯхтор ва буриши ҷангалҳо боиси зиёдтар гаштани хокбориш мешавад. Хокбориши тӯлонӣ дар баробари ба саломатии одамон зарар расонидан боиси пастшавии ҳосили меваю сабзавот ва ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймоҳо низ мегардад.

Тавре калонсолон иброз медоранд, солҳои пеш хокбориш хеле кам рӯй дода, осмон аксар рӯзҳои сол софу нилгун буд. Албатта, он давра масоҳати замини кишт ҳам кам буду шумораи трактору автомобил ҳам. Яъне, дар қисми зиёди дашту пушта дарахтон (дӯлона, бодоми талх, чанору сада) ба назар мерасиданд. Зиёд шудани майдони кишти пахтаю зироатҳои техникӣ, афзоиши шумораи трактору автомобил қисми зиёди заминҳоро дучори эрозия гардонида, ҳавои кишварро бо газҳои парникӣ олуда гардонид.

Чанде пеш Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ қайд намуд, ки тайи солҳои 2015- 2019 нишонаву оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон бамаротиб афзуданд. Ҳарорати миёнаи солонаи обу ҳавои дар ин давра аз замони саноатикунонӣ 1,1 дараҷа афзуд. Нисбат ба солҳои 2011- 2015 бошад, 0,2 дараҷа баланд шуд. Илова бар ин, суръати зиёдшавии андозаи гази карбонат дар ҳаво 20 фоиз бештар гардид.

Ҳамчунин, сатҳи оби баҳрҳо якбора баланд шуд. Босуръат обшавии пиряхҳои Гренландия ва Антарктида бошад, бо зудтар боло рафтани сатҳи оби баҳрҳо оварда мерасонад.

Олимони Донишкадаи техникии Швейтсария (ETH) изҳор намуданд, ки самараноктарин роҳи мубориза бо тағйирёбии иқлим бунёди ҷангалҳост. Афзоиши теъдоди дарахтон боиси кам кардани 60 дар сади партовҳои карбондор мегардад. Бо ин мақсад бояд дар масоҳати 1 миллиард гектар ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шавад. Ин баробари масоҳати ИМА ё 25 маротиба бештар аз масоҳати Германия мебошад. Ба ақидаи коршиносон, барои бунёди ҷангалҳои нав аз ҳама бештар Россия, ИМА, Канада, Австралия, Бразилия ва Хитой имконияту шароит доранд.

Ҳоло майдони ҷангалзор дар сайёра 2,8 миллиард гектарро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳисоби коршиносон, ҷангалзори нав имкон дорад, ки 205 миллиард тонна гази карбонатро фурӯ барад. Ин тақрибан аз се — ду ҳиссаи ҳаҷми карбогидридҳоест, ки бинобар фаъолияти инсон аз давраи инқилоби саноатӣ ба атмосфера хориҷ шуда буд, ки тақрибан 300 миллиард тоннаро ташкил медиҳад.

Ҳоло сокинони аксар кишварҳо дарк намудаанд, ки афзоиши партовҳои карбондор боиси обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии сатҳи баҳр, афзоиши теъдоди селу обхезӣ, бориши зиёди жола ва фуромадани ярч гардидаанд.

Дар арафаи нишасти сарони кишварҳои узви СММ оид ба иқлим, ки 24 сентябри соли равон доир гардид, дабири кулли СММ Антониу Гуттериш иброз дошт, ки баъди соли 2020 сохтмони неругоҳҳои барқӣ — ҳароратии бо ангиштсанг фаъолияткунанда боздош­та мешавад. То соли 2050 бошад, истифода аз сӯзишвориҳои карбондор (нефт, ангиштсанг) бояд бамаротиб кам гардад.

Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) сарони кишварҳоро даъват намуд, ки барои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳ намоянд. Барои ин, то соли 2030 ба соҳа солона 750 миллиард доллари ИМА сармоягузорӣ бояд кард. Манбаъҳои барқароршавандаи энергия (об, офтоб, шамол, биогаз…) ва энергиясамаранокӣ, дар маҷмӯъ, метавонанд партовҳои энергетикиро 90 фоиз кам намоянд.

Директори генералии IRENA Франческо Ла Камера иброз дошт, ки гузаштан ба истифодаи МБЭ ягона воситаест, ки метавонад дар 11 соли оянда гармшавии иқлимро дар сатҳи 1,5 дараҷа нигоҳ дорад.

- Дучанд кардани сармоягузорӣ ба МБЭ имконият медиҳад, ки саломатии мардумро ҳифз намоем, ҷойҳои нави корӣ фароҳам орем, ба пешрафти иқтисодӣ ноил гардем ва тағйирёбии инқлимро то андозае боздорем. Ягон қарори дигар ба ин баробар шуда наметавонад, — изҳор намуд Франческо Ла Камера.

Оғози моҳи сентябри соли равон Ҳизби экологии Ӯзбекистон ба парламенти кишвараш пешниҳод намуд, ки дар ҷумҳурӣ барои буридани дарахтон 6 моҳ моратория эълон шавад. Дар ин муддат ҳизб ба мақомоти қонунбарор маҷмӯи санадҳоро барои ҳифзи олами наботот пешниҳод хоҳад кард. Дар Ӯзбекистон тасмим гирифтаанд, ки дар давраи тирамоҳу зимистони имсола ва баҳори соли оянда 220 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонанд. Танҳо Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангали Ӯзбекистон то охири соли ҷорӣ мақсад дорад, ки 14,8 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун, аз ҷумла, қароғоч, бед, арча ва булут (дуб) шинонда, баҳори соли оянда ин нишондиҳандаро ба 203,6 миллион бех расонад. Қисми зиёди ниҳолҳо дар вилоятҳои Сурхондарё ва Қашқадарё шинонида мешавад. Дар миёни ниҳолҳои дарахтон бори аввал ба ниҳоли тут эътибори ҷиддӣ дода шудааст. Теъдоди ниҳолҳои тут, ки барои шинонидан омода аст, ба 10 миллион бех мерасад.

Дар доираи нишасти сарони кишварҳо оид ба тағйирёбии иқлим Гурӯҳи ташаббускори ECCA 30 пешниҳод намуд, ки то соли 2030 тақрибан 30 миллион гектар майдонҳои заминҳояшон фарсуда ва дарахтонашон азбайн­рафта барқарор карда шавад. Дар ин радиф, Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ ташаббуси Арманис­тон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар бобати то соли 2030 барқарор кардани 3 миллион гектар ҷангалзор ҷонибдорӣ намуд. Мувофиқи таҳқиқоти коршиносон, бо мақсади барқарор кардани ҷангал ва беҳтар намудани истифодаи замин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи 30 сол ба андозаи 53 миллиард доллар сармоягузорӣ намудан, талафи молиявии вобаста ба эрозияи хок, азбайнравии ҷангал ва ғайраро ба андозаи 288 миллиард доллар пешгирӣ мекунад. Яъне, бо маблағгузорӣ кардан барои барқарор намудани ҷангал ва бунёди боғот кишварҳо панҷ маротиба фоидаи бештар мегиранд.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»