Нигоҳбони таърихи зиндаи миллат

№7 (3487) 16.01.2016

Ҳамид Бороновро ҳамдиёрон эҳтиром мекунанд, барои хизматҳояш, барои заҳматҳои кашидааш дар тарбияи насли наврас.

Ҳанўз муаллими ҷавон буд ва замони дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и зодгоҳаш — деҳаи Ҷайлғани минтақаи Лахш ба насли наврас дарс гуфтанаш баҳри бунёди осорхона тасмим гирифта буд. Ибтидо ба ёру дўстон андешаашро иброз дошт. Бархе дастгирӣ карданду қисме бо тамасхур андешаҳои ўро беҳуда гуфтанд. Баъдтар ба роҳбарҳо муроҷиат кард. Касе иқдоми наҷибашро дастгирӣ накард. Ҳатто нафаре бо ситеза гуфт: «Осорхонаи ту ба  дарди кӣ мехўрад?». Ў дилшикаста нашуд ва ба ғундоштани нигораҳо шурўъ кард. Дертар ба навиштани мақолаҳо даст зад. Аз таърихи диёраш менавишт.

Амаки Ҳамид ба шогирдон аз фанҳои таъриху ҳуқуқ дарс мегуфт ва бозёфтҳояшро дар дарсҳо истифода мебурд. Аз таърихи онҳо барои шогирдон бошавқу рағбат ҳарф мезад. Исбот мекард, ки ин гўшаи дури дунё замоне шаҳр будааст ва дар он мардуми соҳибтамаддун ҳаёт ба сар бурдаанд.

Бозёфтҳои ў ба директори мактаб писанд омаданд ва ў бо вуҷуди кам будани синфхонаҳо барои муаллими ҷўянда синфхонаеро ҷудо кард. Бо мадади шогирдону ҳамкорон синфхонаро ба тартиб овард ва нигораҳоро ҷо ба ҷо намуд.

Солҳои нобасомониҳо, ки ҳар кас дар ғами ҷони хеш буд ва пайи он талош мекард, амаки Ҳамид машғули кор буд. Ба шогирдон таълим медод ва гоҳи озод будан аз дарс сафарҳояшро ба хотири равшан кардани гузаштаи мардуми бумӣ идома мебахшид.

- Осон набуд он солҳо деҳ ба деҳ гаштан,- гўё бо сояи худ ҳарф мезанад ў. — Сари роҳатро ҳар гуна одамон мегирифтанд, аммо ишқи  нигораҳо маро ором намегузошт. Аз Қарамиқ то Тандиқулу Сайрон мерафтам. Гоҳо сафарам ду-се рўз тўл мекашид.

Пойи пиёда, гуруснаву ташна мерафтам. Музди меҳнатамро барои хариди нигораҳо сарф мекардам.

Амаки Ҳамид гоҳе таҳқир медиду гоҳе таҳсин мешунид, аммо ҷустуҷўро идома медод. Маънии ҳаёташро дар ғундоштани нигораҳо-нишони ниёгони хеш медид.

Билохира, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист оташи ҷанги бародаркушро дар кишвар фурў нишонад. Хатои мардумро фаҳмонд. Тоҷикистон рў ба ободӣ овард. Мардум бовар карданд, ки ин марди худодод онҳоро ба созандагӣ, худшиносию башардўстӣ ҳидоят мекунад. Дар ноҳияи Ҷиргатол ҳам дигаргуниҳои зиёд ба чашм мерасад, ки тайи солиёни охир ба вуҷуд омадаанд.

Охири соли хониши гузашта раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир ба минтақаи Лахш омад. Қатори дигар муассисаҳо меҳмони омўзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 шуд ва аз осорхонаи амаки Ҳамид дидан кард. Дар як синфхонаи хурд муаллим сеюним ҳазор нигораи ҷамъкардаашро ҷойгир намудааст. Дасти амаки Ҳамидро меҳрубонона фишурд, аҳсант хонд. Ба қиссаи рўзгори ў гўш дод. Ваъда кард, ки барои сохтмони як бинои ҳозиразамон барои осорхонаи ў ёрӣ мерасонад.

Баъди се рўз аз Кумитаи заминсозии ноҳия ба суроғи муаллим омаданд. Омаданду барои вай қитъаи замин ҷудо намуданд. Рўзи дигар масолеҳи бинокорӣ оварданд. Амаки Ҳамид ба бунёди осорхона шурўъ намуд. Хурду калони деҳа ба ёрӣ омад.

Орзуи чандсолаи омўзгори пир ҷомаи амал пўшид.

Зимни ифтитоҳи осорхона муовини раиси ноҳия М. Маҳмудов, аз ҷумла чунин иброз дошт: «Осорхонаҳо таърихи зиндаи чандинасраи халқу миллатанд. Нигораҳо осори илмию ҳунарии гузаштагонро дар худ таҷассум ва ҳифз намуда, барои наслҳои имрўза воситаи муҳими тарбиявӣ мебошанд.

Аз ин ҷост, ки ташаббуси марди ватандўсту олиҳиммат Ҳамид Бороновро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дастгирӣ намуд.».

Сокинони минтақаи Лахш бо навбат ба минбар баромада, барои чунин дастгирӣ ба раиси ноҳия изҳори миннатдорӣ намуданд.

Омўзгори пир ба ҳарфи онҳо гўш медод, ашки чашмонашро дошта наметавонист. Шукронаи истиқлолият, сулҳу салоҳ, шукронаи Сарвари оқилу доноро мекард, ки ормони сокинони маҳалҳоро амалӣ менамоянд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»