Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Ноҳияи Рӯдакӣ. Чаро ҳуқуқи саҳмдорон нақз мегардаду масъулин тамошобинанд?»

№105 (3899) 28.08.2018

Суди Олӣ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» мақолаи журналист Муҳаммад Зокир бо сарлавҳаи «Ноҳияи Рӯдакӣ. Чаро ҳуқуқи саҳмдорон нақз мегардаду масъулин тамошобинанд?»- ро, ки  дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 10 июли соли 2018, №85 (3879) нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дод.

Муайян гардид, ки бо ҳалномаи Суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 16 декабри соли 2015 даъвои Шамсия Бобишоева бо ҷавобгарии Ҳамит Шарипов дар бораи бартараф намудани монеагӣ, даъвои муқобили даъвои Ҳамит Шарипов бо Мамалатиф Бобишоев, ҷавобгарии Ҳабибулло Бобишоев, Шамсия Бобишоева дар бораи бартараф намудани монеагӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ ва рӯёнидани зарар рад карда шудааст.

Бо ҳамин ҳалнома даъвои Мамалатиф Бобишоев, Ҳабибулло Бобишоев бо ҷавобгарии Ҳамит Шарипов қонеъ  ва қарор карда шудааст, ки дарахтони шинонидаи Ҳамит Шарипов дар қитъаи замини ғайриқонунӣ ишғолшуда канда, он ба ҳолати аввала баргардонида шавад.

Парванда ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ гардида, бо қарори Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ аз 27 апрели соли 2016 ҳалномаи суди марҳилаи якум бетағйир ва шикояти кассатсионии Ҳамит Шарипов беқаноат гузошта шудааст.

Ваҷҳҳои дар мақола зикршуда доир ба он ки баҳси судӣ бо даъвои раиси хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ» Ҳамит Шарипов дар судҳои ҷумҳурӣ муҳлати шаш сол баррасӣ нашуда, ҳалли худро наёфтааст, беасос мебошанд.

Қобили қайд аст, ки Ҳамит Шарипов якчанд маротиба бо шикоят ба марҳилаи назоратии Суди Олӣ муроҷиат намудааст. Ваҷҳҳои шикоятҳои назоратӣ аз ҷониби судяҳои Суди Олӣ дар якҷоягӣ бо маводи парвандаи гражданӣ мавриди омӯзиш қарор  ва дар муҳлати муқаррарнамудаи қонуни мурофиавӣ ба муроҷиаткунанда ба тариқи хаттӣ ҷавоб дода шудааст.

Чунончӣ, Ҳ. Шарипов 31 майи соли 2016 тибқи талаботи боби 40 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олӣ бо шикояти назоратӣ муроҷиат намудааст.

Бинобар мавҷуд набудани асос барои бекор кардани санадҳои судӣ бо таъиноти судяи Суди Олӣ аз 17 июни соли 2016 ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ рад карда шуда, нусхаи таъиноти судя ба муроҷиаткунанда бо мактуб таҳти №6г- 670/16 аз 17 июни соли 2016 ирсол гардидааст.

Инчунин, ба шикоятҳои такрории Ҳ.Шарипов 2 сентябри соли 2016, таҳти №6г- 771/16, аз 16  ноябри соли 2016, таҳти №6г-1023/16, 7 феврали соли 2017, таҳти №6г-36/17, 26 апрели соли 2017, таҳти №6г-252/17 ҷавобҳои муфассал ирсол карда шудааст.

А. ИСҲОҚӢ, муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Аз муаллиф:

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вокуниш ба матлаби «Ноҳияи Рӯдакӣ. Чаро ҳуқуқи саҳмдорон нақз мегардаду масъулин тамошобинанд?» ҳақиқати ҳолро то андозае сарфи назар кардааст.

Дар  посух бештар оид ба ҷавобҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактуби шикоятии раиси хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ» Ҳамит Шарипов дар давоми ду соли охир сухан меравад, вале тарафҳои дигари матлаб — дахолат кардани шахсони воқеӣ ба фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ шарҳ дода нашудааст.

Дар банди 3-и моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» омадааст: «Дахолат ба фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ манъ аст». Чаро кормандони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Суди ноҳияи Рӯдакӣ, Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, Кумитаи заминсозии ноҳия ва дигар мақомоти дахлдор ба ҷои бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта, баръакс, шахсони қонуншиканро дастгириву пуштибонӣ мекунанд?

Саволи матраҳ ин аст, ки оё боре ҳам кормандони мақомоти дахлдори ноҳия ва ҷумҳурӣ баъди шикояти раиси хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ» Ҳамит Шарипов ва аъзои он масъаларо дар ҷойи воқеа санҷидаанд? Агар дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби номбурдаро ҷиддӣ баррасӣ мекарданд, ба хотир меоварданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 октябри соли 2017, зимни сафари кориашон ба ноҳияи Рӯдакӣ аз қонуншиканӣ  дар тақсимоти замин ва аз байн бурдани беш аз 58 хоҷагии деҳқонӣ изҳори нигаронӣ карда буданд.

Чаро вақте раиси хоҷагии деҳқонии «Хайрулло» Маҳмадлатиф  Бобишоев  бо ҳамроҳон  баъди фурӯхтани замини хоҷагии деҳқониаш, ки дар он як деҳа бунёд ёфтааст, ба замини хоҷагии деҳқонии дигар даст дароз мекунад, масъулин нодида мегиранд.

Аз чӣ бошад, ки роҳбарият ва кормандони Кумитаи заминсозии ноҳия ба ҷойи ислоҳ намудани қонуншиканӣ дар тақсимоти замин ва аз байн бурдани дахолат ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, баръакс, фаъолияти ғайриқонунии худро дар ин самт боз ҳам ривоҷ медиҳанд. Шояд зери коса нимкосае ҳаст…