Ноболиғон бинобар аз назорат дур мондан ба ҷиноят даст мезананд

№34 (3984) 30.03.2019

Мусоҳиба бо котиби Комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдаки ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Одил Мирзоев

Ноболиг- Вазъи ҷинояткорӣ  соли 2018 аз ҷониби ноболиғон дар ноҳия чӣ гуна буд?

- Мувофиқи маълумоти пешниҳодкардаи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 ва ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе соли 2018 аз ҷониби ноболиғон 100 ҷиноят содир гардидааст.

 - Ба андешаи шумо сабаби зиёд содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғон дар чист?

- Дар ҷаласаҳои Комиссия ҳар се моҳ ҳисоботи сардорони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 ва ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба ин масъала шунида мешавад.

Аз ҳисоботи онҳо бармеояд, ки сабабу омилҳои даст задани ноболиғон ба ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ аз назорати падару модар дур мондани онҳо, бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» то пасе аз шаб гаштугузор намудан, зери таъсири манфии хонандагони «муштзӯр» (лидерҳо)-и мактаб­ҳо қарор гирифтани ноболиғон, ҷудошавии падару модар ва муҳити носолими оила, муҳоҷирати меҳнатии волидон ва зери назорати хешовандон қарор гирифтани кӯдакон, дур мондан аз таҳсилоти миёнаи пурра ва фаъолияти нодурусти баъзе аз марказҳои дилхушиву интернет-кафеҳо мебошад.

- Барои пешгирӣ чӣ чораҳо андешида мешаванд?

- Бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии мактаббачагон аз задухӯрдҳои гурӯҳӣ, ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва мубориза бар зидди нашъамандӣ, истеъмол ва харидуфӯруши маводи нашъадор, майзадагӣ нақша-чорабиниҳо тартиб дода, тибқи он якҷо бо бахши ҷавонон ва варзиш, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 ва ШВКД-2 дар ноҳияи Сино дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо хонандагон, падару модарон ва омӯзгорон мунтазам суҳбату вохӯрӣ доир менамояд. Аз ҷумла соли 2018 зиёда аз 40 маротиба вохӯрӣ ташкил карда шуд.

Бобати татбиқи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №835, аз 8 феврали соли 2017 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қарори раиси ноҳияи Сино ба тасвиб расидааст. Тибқи он, шуъбаҳои маориф, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,  кор бо занон ва оила, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, нозироти андоз ва шуъбаҳои №1 ва №2 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки иҷрои меъёрҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро вобаста ба самти фаъолияташон таъмин намоянд. Инчунин, бо мақсади сари вақт аз тарафи сохторҳои дахлдор таъмин гардидани иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори раиси ноҳия аз 31 июли соли 2017, №174 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати амалигардонии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъу­лияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  қабул гардид. Тибқи он, сохторҳои воҳидӣ ва шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино уҳдадор гардидаанд, ки вазифаҳои ба зиммаашон гузоштаро дар муҳлати муайян ба иҷро расонанд. Аъзои Комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак бо иштироки сохторҳои дахлдор ва раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия вохӯриҳо баргузор карда, иҷрои муқаррароти қонуни мазкурро вазифаи муҳими аҳли ҷомеа арзёбӣ намуданд.

Бо мақсади иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе аз 6 июни соли 2017, №321 қарори раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 4 июли соли 2017 «Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона» ба тасвиб расидааст. Комиссия бо мақсади таъмини иҷрои қарори мазкур нақша-чорабиниҳо тартиб дода, тибқи он ҷиҳати пешгириии воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона якҷо бо сохторҳои дахлдор, аз ҷумла мутасаддиёни бахши ҳуқуқи кӯдак, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо рейдҳо мегузаронанд.

- Ноболиғони кадом синну сол бештар ҷиноят содир менамоянд?

- Ҷинояткорӣ бештар аз ҷониби ноболиғони 15-18 – сола мушоҳида мегардад. Новобаста аз он ки зимни гузаронидани вохӯриҳо бо хонандагон, волидайн ва омӯзгорон гаштугузори ноболиғон дар вақти шабона, назорати доимии волидайн аз болои фарзандон мунтазам мавриди баррасӣ ва фаҳмондадиҳӣ қарор дода мешаванд, омӯзиши ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содиршуда нишон медиҳанд, ки волидон ҳанӯз ҳам муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро риоя намекунанд. Аз ин ҷост, ки ноболиғон даст ба дуздӣ, ғоратгарӣ ва авбошӣ мезананд.

Тайи соли гузашта Комиссия якҷо бо Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД №2, прокуратураи ноҳияи Сино, кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, 175 маротиба дар кӯчаю хиёбон, бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ рейд гузаронид, ки дар натиҷа 550 нафар ноболиғ дастгир шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 134 нафар зиёд мебошад. Аз ҷумлаи дастгиршудагон 121 нафар ба оворагардӣ, 48 нафар ба талбандагӣ, 17 нафар ба савдои кӯчагӣ, 200 нафар дар вақти дарс ба компютербозӣ, 55 нафар ба нақлиётшӯйӣ, 16 нафар ба боркашонӣ дар бозор, 21 нафар ба ҷамъоварии маблағ дар нақлиёт, 9 нафар бо дуд додани испанд ва 62 нафар ба дигар ҳуқуқвайронкуниҳо машғул буданд.

Ният дорем, ки дар оянда низ барои пешгирии ҷинояткории ноболиғон якҷо бо сохторҳои дахлдор, волидайн, муассисаҳои таълимӣ ҳамкориро идома бахшем, зеро, танҳо бо ин роҳ метавон  мушкили мазкурро бартараф кард.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»