Ҳамовозӣ ба Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нусратулло Аюбзода: «Бунёдкорӣ оини меҳанпарастӣ ва қарзи шаҳрвандист»

№68 - 69 (4018 - 4019) 15.06.2019

_MG_3511Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бо мақсади иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 26 декабри соли 2018) зикр гардидаанд, тадбирҳои зарурӣ меандешад. Суҳбате, ки хабарнигорамон бо раиси ноҳияи Шаҳринав Нусратулло Аюбзода анҷом дод, дар ин хусус маълумот медиҳад.

- Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 декабри соли 2018) фарогири масъалаҳои мубрами самтҳои дохилию хориҷии кишвар буда, масъулияти шаҳрвандии ҳар яки моро боло мебарад. Оини меҳанпарастӣ ва қарзи шаҳрвандии мост, ки пояҳои истиқлолият ва рукнҳои давлатдориро қавитар гардонида, барои таҳким ва рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва таъмини зиндагии шоиста амалҳои созандагию бунёдкориро равнақ бахшем — ифтитоҳ бахшид суҳбатро Нусратулло Аюбзода ва афзуд: — Ин ҳуҷҷати пурмуҳтаво ҳидоятгари ояндасоз дар роҳи фатҳи қуллаҳои нави рушд ва омили муҳими дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо кардани Ватан мебошад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёдкориро вусъат бахшида, роҳҳои нави рушди соҳаҳоро ҷустуҷӯ менамояд. Зеро дар ноҳия иқтидорҳои то ҳол истифоданашуда мавҷуд буда, мавриди амал қарор додани онҳо ва татбиқи усулҳои пешқадами пешбурди кор ба пешравии воқеии хоҷагии халқ мусоидат менамояд.

Аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудани саноатикунонии босуръати кишвар ба мо рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Соҳаи саноати ноҳия аз корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пахтаю нефт иборат аст. Дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ корхонаҳои саноатӣ, сарфи назар аз шакли моликият ба маблағи 9 миллиону 522 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Орд, сабӯс, гӯшти мурғ, маҳсулоти ширӣ, шаробу арақ, қуму сангреза, хишти сементӣ, сақфҳои ороишӣ номгӯйи нопурраи маҳсулоти корхонаҳои соҳа мебошанд.

Соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои коркарди қуму шағал, мева ва истеҳсоли шарбати мева ба нақша гирифта шуда, дар онҳо 59 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бошад, теъдоди чунин корхонаҳо ба нуҳ адад расида, ба фаъолият пардохтанашон ба сатҳи некуаҳволии сокинон таъсири мусбат мерасонад.

Маҷмӯи маҳсулоти соҳа дар чор моҳ 20 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 664 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Кишти зироатҳои тирамоҳию баҳорӣ сари вақт гузаронида шуда, гандум 4793 гектар, ҷав -1914, картошка — 150, сабзавот -259, зағеру маҳсар 660 гектарро ташкил медиҳад. Илова бар ин, шаш гектар боғи нав бунёд ва даҳ гектар боғ барқарор карда шуд.

Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя диққати махсус зоҳир шуда, аз ҷумла зикр шуд, ки: «Ислоҳоти иқтисодии тайи солҳои охир амалишуда ба беҳтар гардидани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат карда истодааст».

Соли сипаришуда аз ҳисоби сармояи дохилӣ боғчаи бачагона, маркази савдои дуошёна бо сардхона, се мактаб бо харҷи 3 миллиону 456 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Имсол низ соҳибкорон дастурҳои Паёми Пешвои миллатро сармашқи кор намуда, дар рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ҳиссаи сазовор хоҳанд гузошт.

Бо ҳадафи таъмини иҷрои дастурҳои Сарвари давлат, ҳамчунин, амалигардонии қарорҳои ҷаласаи даҳуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳафт лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 5 миллион сомонӣ ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Инчунин, дар ҳамкорӣ бо корхонаю ташкилотҳо ва ҷалби соҳибкорон ободонии боғи фарҳангу фароғатии ба номи Мирзо Турсунзода оғоз ёфт. Масоҳати он 18,8 ҳазор метри мураббаъ буда, 5500 метри мураббаи он роҳрав аст, ки бо сангҳои ороишӣ рӯйпӯш карда мешавад ва то ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом хоҳад расид.

Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ Корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ – ҶДММ «Ихлос -1» ба фаъолият шурӯъ карда, бо ҷалби соҳибкорон бунёди бинои истиқоматии шашошёна идома дорад.

Ҳамчунин, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ низ ҷараён дорад. Лоиҳаи сармоягузории давлатии идораи партовҳои сахти маишӣ ба маблағи 4 миллион доллари амрикоӣ, барқарорсозии хати оби нӯшокии деҳаи Нурободи деҳоти «Истиқлол» ба маблағи 155 ҳазор доллари амрикоӣ, таъмир ва азнавсозии роҳу пулҳои деҳаҳои Пуштимиёна, Патрӯ, Тахти Сулаймон, Обиборик ва кӯли Ҷувозак ба маблағи 6 миллион доллари америкоӣ аз ҳамон ҷумлаанд.

Аз суҳбат бо раиси ноҳия, ҳамчунин, маълум шуд, ки ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, аз худ намудани заминҳои нав ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо аҳамияти зарурӣ дода мешавад. Масалан, соли гузашта аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ва зери сойи хоҷагии деҳқонии «Наврӯз» ва ҶДММ «Ангури Шаҳринав» майдони 6,82 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид ва ҳолати мелиоративии 60 гектар замини корами обӣ беҳтар карда шуд. Сабзавоткорон ҳар сол ба зиёд намудани ҳосилнокии зироатҳо, бо истифода аз усулҳои пешқадами агротехникӣ ноил мешаванд, ки дар натиҷа даромаднокии онҳо ба қадри қобили мулоҳиза меафзояд.

- Солҳои охир дар хоҷагиҳо майдони гармхонаҳо зиёд мешавад, — мегӯяд раис ва илова мекунад: — Ҳоло дар 4,61 гектар гармхона бунёд шудааст, ки дар онҳо меваҳои ситрусӣ ва сабзавот, аз қабили лимӯ, помидор, бодиринг парвариш мешавад. Бо мақсади дар ҳама фасли сол таъмин намудани аҳолӣ бо меваю сабзавоти хушсифат шаш сардхона бо ғунҷоиши 540 тонна маҳсулот бунёд шудааст. Соҳибкорони маҳаллӣ соли ҷорӣ бунёди боз чор сардхонаро бо ғунҷоиши 360 тонна маҳсулот ба нақша гирифтанд.

Дар ноҳия 58 ҳазор нафар аз 12 чоҳи амудӣ ва бештар аз 9 ҳазор нафари дигар аз чашмаҳои мусаффо истифода мебаранд. Дар маҷмӯъ, 89 ҳазор нафар бо оби ошомиданӣ таъмин мебошанд, ки 77 фоизи шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳад.

Ҳар рӯзи сипаришуда моро ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик мебарад. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани он нақшаи чорабиниҳо қабул карда шудааст. Тибқи он, дар ноҳия бунёд ва таъмири асосии 308 иншоот дар назар буда, то ҳол 59 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бунёди чор муассисаи таълимӣ бо 33 синфхона, 18 синфхонаи иловагӣ, маркази инкишофи кӯдакон, шаш майдончаи варзишӣ, 11 нуқтаи хизматрасонии маишӣ, чор гармхона, сардхона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, чор маркази савдо, кошонаи ҳусн, боғчаи бачагона, маҷмааи савдо, сехи дӯзандагӣ барои либосҳои мактабӣ, ду бунгоҳи тиббӣ, чор пули мошингузар аз зумраи онҳо мебошанд. Сохтмони иншооти дигари ҷашнӣ идома дошта, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорону аҳолӣ бунёд меёбанд.

Илова бар ин, тибқи нақшаи кории гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона ташкил карда шуд, ки ҳолати маҳаллаю кӯчаҳоро санҷида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дастуру супоришҳо дод. Натиҷаи мулоқоту вохӯриҳо буд, ки ба мақомоти иҷроия аз ҷониби сокинони ноҳия 108 ариза доир ба бунёди иншооти ҷашнӣ ворид гардид.

- Ҳамин тавр, сокинони ноҳия бо татбиқи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истиқболи сазовори ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз сидқи дил меҳнат мекунанд, — гуфт дар хотима Нусратулло Аюбзода.

Мусоҳиб Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»