О. Генри барги охирин

№58 (4008) 23.05.2019

consiДар маҳаллаи  начандон калони қисмати ғарбии Вашингтон кӯчаҳо ба ҳам печидаю гиреҳ хӯрда, ба гузаргоҳҳои хурд ҷудо мегарданд. Ин гузаргоҳҳо кунҷҳои аҷоиб ва хатҳои каҷу килебро ба вуҷуд меоранд. Ҳатто кӯчае дар  ин масир ду маротиба бурида мегузарад.

Студияи Сю ва Ҷонси дар хонаи сеошёнаи хиштӣ ҷойгир буд. Ин духтарон дар як чорабинӣ шинос шуда, дарк карданд, ки нигоҳи онҳо якхела аст. Моҳи май студияи худро ташкил доданд.

Ҷонси дар кати оҳанин беҳаракат мехобид ва аз тиреза ба хонаи ҳамсоя назар медӯхт. Духтари камхуни сарвқомат наметавонист рақиби бемории илтиҳоби шадиди шуш бошад ва беморӣ ӯро аз по афтонд.

Рӯзе духтур парешонҳол дугонаи Ҷонси Сюро ба наздаш хонд.

- Ӯ имконияти ками  зистан дорад, — гуфт ҳароратсанҷро таконда.  — Ин дар ҳолест ки агар Ҷонси худаш инро хоҳад. Кӯшишҳо барбод мераванд, вақте одамон ба фоидаи қабркан амал мекунанд. Дӯсти шумо мутмаин аст, ки дигар сиҳат намешавад…

- Вай мехост расми халиҷи Неополитаниро кашад.

- Сафсата! Оё ӯ дар бораи ягон чизи арзанда фикр намекунад, масалан дар бораи мардҳо?

- Мардҳо?  -  бо ҳайрат пурсид Сю.  — Наход мардҳо арзанд, ки …

- Ин тавр бошад, беқувват шудааст, — гуфт духтур.  — Аз дасти ман чизе намеояд. Вақте бемор барои мурдан омодагӣ мегирад, ман панҷоҳ дарсади доруҳоро кам мекунам.

Баъд аз он ки духтур рафт, Сю ба устохона даромад ва дурудароз гиря кард. Сипас, тахтаи нақшабардориро гирифта, ба утоқи Ҷонси даромад.

Ҷонси рӯяшро тарафи тиреза гардонида мехобид ва аз таги кӯрпа базӯр метофт. Сю фикр кард, ки Ҷонси хобидааст.

Ӯ тахтаро дуруст кард ва кашидани расмро барои ҳикояи маҷалла оғоз намуд.

Ҳамин вақт пичир – пичири пас­т ба гӯшаш расид. Саросема ба кат наздик шуд. Чашмони Ҷонси калон кушода буданду шумораҳоро баръакс ҳисоб менамуд.

- Дувоздаҳ, ёздаҳ, даҳ,  нуҳ, ҳашт ва ҳафт, — канда — канда талаффуз мекард ӯ.

- Азизам чиро ҳисоб мекунӣ? — пурсид Сю.

- Шаш, — базӯр гуфт Ҷонси. — Акнун онҳо тезтар мепаранд. Се рӯз пештар қариб сад дона буданд. Сарам аз ҳисоб кардан гиҷ мешуд. Акнун осон аст. Ана, боз яктои дигараш ҳам парид. Танҳо 5 — тоаш монд.

- Панҷ донаи чӣ?

- Баргҳо! Вақте ки барги охирин афтид, ман хоҳам мурд. Инро се рӯз боз медонам. Магар ба ту инро духтур нагуфт?

- Бори аввал чунин сафсатаро мешунавам, — бо нафрат гуфт Сю.  — Намефаҳмам, ки ин баргҳои дарахти пир ба сиҳатёбии ту чӣ алоқамандӣ доранд? Беҳтараш каме аз шӯрбои пухтаи ман хӯр.

Ана, боз як барги дигар афтид. Чор барги дигар монд. Ман мехоҳам бубинам, ки чӣ хел барги охирин меафтад. Он вақт хоҳам мурд.

- Ба ман ваъда деҳ, ки то замоне  корамро ба охир нарасонам, ба тиреза нигоҳ накун. Ман бояд тасвирро пагоҳ супорам. Ба ман равшанӣ лозим аст, вагарна пардаро поин мефаровардам, — гуфт Сю.

- Магар ту наметавонӣ дар хонаи дигар коратро ба анҷом расонӣ? — хунукназарона пурсид Ҷонси.

- Мехоҳам бо ту бошам, — гуфт Сю. — Ғайр аз ин, намехоҳам ту ба баргҳо назар кунӣ.

- Ба ман гӯй, ки ту кай коратро ба охир мерасонӣ ? — чашмонашро пӯшида гуфт Ҷонси. — Аз интизорӣ хаста шудаам, аз фикр кардан ҳам. Мехоҳам озод бошам ва парвоз кунам, ба монанди барг­ҳои боқимонда.

- Кӯшиш кун, хобат барад, — гуфт Сю. — Ман бояд Берманро таклиф кунам, то ки расми вайро ҳамчун заршӯй кашам. Тақрибан як дақиқа пас меоям. То омадани ман ҳаракат накун.

Берман рассоми 60-сола буд ва як ошёна поинтар аз студияи онҳо зиндагӣ мекард. Ӯ ҳамеша маст буду мудом оид ба шоҳкории нонавиштаи худ мегуфт.

Сю ба пирамард оид ба тахайюлоти Ҷонси, ки агар барги охирини дарахт резад, ӯ хоҳад мурд, гуфт.  Чашмони мӯйсафед пур аз ашк шуд.

- Чӣ! — дод зад мӯйсафед. — Ин аблаҳист.

Наход шумо иҷозат диҳед, ки Ҷонси сари худро бо ҳар гуна сафсатаҳо вайрон кунад.

- Вай хеле заиф ва бемор аст, — гуфт Сю, — аз таби баланд ба зеҳнаш   хаёлҳои  гуногун меояд.

- Набояд чунин духтари хубе чун Ҷонси бемор шавад.

Вақте онҳо ба хона омаданд, Ҷонси хоб буд. Сю пардаро поин фаровард ва ба Берман ишора кард, ки ба хонаи дигар гузарад. Он ҷо онҳо бо тарсу ҳарос ба дарахти пир назар мекарданд.

Субҳи рӯзи дигар Сю дид, ки Ҷонси чашмони маҳзуни худро аз пардаи сабзи поинфароварда намеканад.

- Пардаро бардор, мехоҳам бубинам, — бо овози паст фармон дод Ҷонси.

Сю итоат кард.

Баъди шамол ва борони шадид, ки шаби дароз рехт, як баргаки зарди пӯсида ҷасурона дар шох меистод.

- Ин барги охирин, — гуфт Ҷонси. — Фикр кардам, ки имшаб он меафтад. Садои шамолро шунидам, имрӯз меафтад ва ман ҳам хоҳам мурд.

- Боз ҳамон гапҳоят, — гуфт Сю беҳолона сари худро ба болишт гузошта. — Дар бораи худат фикр намекунӣ, ақаллан дар бораи ман андеша кун, ки баъд бо ман чӣ мешавад?

Аммо Ҷонси хомӯш буд. Рӯҳи ӯ барои ба  роҳи дур рафтан омода мешуд. Хаёлоти хом ва дардноки Ҷонси торафт ӯро фаро мегирифт ва риштаҳое, ки ӯро бо ҳаёт ва одамон мепайваст, канда мешуданд.

Рӯз низ гузашт ва шом фаро расид, аммо барг дар ҷояш устувор буд. Бо фарорасии торикӣ боз шамоли сахт хест ва борон беист ба тирезаҳо мезад.

Замоне ки рӯз шуд, Ҷонси боз хитоб кард, ки пардаро бардоранд. Барг ҳамоно дар ҷояш буд. Ҷонси дурудароз ба  барг назар андохт. Баъд Сюро ба наздаш хонд, ки барояш шӯрбои мурғӣ гарм мекард.

- Шояд ин барги охирин дар шохча барои он меистад, ки ба ман нишон диҳад, чӣ хел одами бадам. Ба худ марг хостан гуноҳ аст. Акнун ту метавонӣ ба ман каме шӯрбои мурғӣ ва шир диҳӣ. Беҳтараш аввал оина биёр ва ба тахтапуштам болиштҳоро гузор, ки қоматам рост шавад, мехоҳам хӯрокпазиатро бубинам.

Рӯзона духтур омад.

- Имкониятҳо баробар аст, — гуфт ӯ дасти хароб ва ларзони Сюро дошта. Дар ҳолати нигоҳубини хуб шумо ғолибиятро ба даст меоред. Ман бояд равам, чунки як ошёна поёнтар бемори дигар – рассом Берманро дидан лозим. Вай пир ва хеле заиф аст. Бемориаш низ вазнин. Умед нест ба зинда монданаш, бояд имрӯз ӯро ба беморхона фиристонем.

Рӯзи дигар духтур  ба Сю гуфт:

- Дигар ба Ҷонси хатар таҳдид намекунад. Танҳо ба  ғизо ва нигоҳубини хуб ниёз дорад.

Бегоҳ Сю Ҷонсиро, ки бошавқ шарфи кабуд мебофт, ба оғӯш кашида, гуфт:

- Ҷаноби Берман имрӯз дар беморхона аз бемории илтиҳоби шадиди шуш ҷон дод. Вай ду рӯз беморӣ кашид. Рӯзи аввал ӯро посбон дар хонааш беҳуш ёфт, ки пойафзол ва либосаш тар буданд. Ҳеҷ кас нафаҳмид, ки он шаби наҳси хунук барои чӣ пирамард ба берун баромадааст. Ба тиреза, ба барги охирини дарахт бингар. Ту ҳайрон мондӣ, ки чаро ин барг ҳангоми шамоли сахт ҳатто намеҷунбад. Ин аст шоҳкории Берман, ки онро он шабе, ки барги охирин афтид, эҷод кард.

Тарҷумаи Ш. АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»