Оғози корҳои обёрӣ дар ноҳияи Ғончӣ

№140 (3441) 21.10.2015

IMG_4727 - копия19 октябри соли 2015 сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ғончӣ идома ёфт.

Дар даромадгоҳи ноҳия сокинон Пешвои миллатро бо нишони возеҳи пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкорӣ ва созандагӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Дар ноҳияи Ғончӣ Президенти мамлакат нахуст ба корҳои обёрикунии 12 ҳазор гектар заминҳои лалмӣ ва чарогоҳ оғоз бахшид.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки лоиҳаи мазкур аз тарафи филиали Корхонаи воҳиди давлатии Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз» омода гардидааст.

Татбиқи навбати аввали он бо маблағгузории 15 миллион сомонӣ аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ғончӣ соли 2016 оғоз меёбад.

Дар ду марҳила ҳамагӣ ба маблағи 67 миллион сомонӣ 12 ҳазор гектар заминҳои корами лалмӣ ва чарогоҳи деҳотҳои «Ростровут», «Ваҳдат», «Муҷун», «Яхтан», «Ғазантарак» ва шаҳраки Ғончии ноҳияи Ғончӣ обёрӣ карда шуда, аҳолии шаҳраку деҳоти Ғончӣ, «Даҳкатсой», «Хишекат», «Қалъаи дӯст», «Қалъаи Мирзобой», «Чӯянчӣ», «Нуробод», дар маҷмӯъ 110 ҳазор нафар бо оби нӯшокии хушсифат таъмин мешаванд. Бо татбиқи ин лоиҳа дар ин ҷо 12 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

То охири соли 2016 бошад, 5800 гектар заминҳои лалмӣ ва чарогоҳи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия бо оби кишоварзӣ таъмин мешаванд.

Лоиҳа бо усули обёрии худҷорӣ амалӣ гардида, бе истифодаи қувваи барқ ба масофаи умумии 31 км, аз он дар марҳилаи аввал 10,8 км бо қубурҳои қутраш 1200 ва 750 мм кашида мешавад.

Дар давраи зимистон бошад, оби аз Даҳкатсой гирифташуда ба обанбори Даҳанасой партофта шуда, иқтидори лоиҳавии обҷамъкунӣ ва обнигаҳдории обанбор дар маҷмӯъ 45 миллион мукаабро ташкил хоҳад дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳа ба масъулини соҳа барои иҷрои пурсамари корҳо ва истифодаи оқилонаи обу замин дастуру ҳидоятҳо дод.

Ба андешаи Президенти мамлакат обёрии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани майдонҳои бекорхобида яке аз омилҳои асосии таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон мегардад. Аз ин рӯ, ин мақсад бояд аз мадди назар дур намонад.

Обёрии заминҳо ва истеҳсоли ҳар чӣ бештари маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ бошад, кишварро барои расидан ба ҳадафи стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ наздик месозад.

 www.president.tj