Проблема ва мулоҳиза

Обчакорӣ дар боми биноҳои баландошёна. Чаро ба он иқдом накунем?

№54 (3848) 03.05.2018

khu-vuon-tren-san-thuong-1516Аз рӯйи мушоҳида таваҷҷуҳ ба гулпарварию обчакорӣ дар миёни сокинони хонаҳои бисёрошёнаи пойтахт торафт зиёд мешавад. Инро дар мисоли балконҳои пургулу тирезаҳои пур аз гулдон мушоҳида кардан мумкин аст. Баъзе ашхоси боҳавсала ҳатто дар гулдонҳои калон лимӯву қаламфур, помидору райҳон низ парвариш мекунанд. Ин иқдоми наҷиби шаҳриёнро метавон ба шакли васеътар ба роҳ монда, дар боми биноҳои баландошёна обчакориро роҳандозӣ кард. Ин таҷриба дар бисёр кишварҳои ҷаҳон дер боз амал мекунад.

Сокини шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия Анна Сокол соли 1993 аз радиои «Садои Амрико» андешаҳои Шерон Тоннисони амрикоиро дар хусуси ояндадор будани обчакорӣ дар боми иморатҳои бисёрошёна шуниду дарҳол аз пайи кор шуд.

Соли 1993 барои аксар сокинони ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ соли вазнин, аниқтараш, гуруснагӣ буд. Аннаи нафақахӯр бо халта ба боми хонаи нуҳошёна хок кашонида, ба болои қабати ғафси плёнка рехта, боҳавсала ҷӯя кашиду тухми бодирингу помидор ва гулҳои гуногун кишт намуд. Иддае аз ҳамсояҳо хавотир шуданд, ки мабодо аз вазни зиёд бом фурӯ наафтад? Вале аксарият нафақахӯри боғайратро дастгирӣ намуданд, ҳатто устоҳои сантехник барои ба болои бом овардани об кумак расониданд. Инак, 25 сол аст, ки сокинони бинои нуҳошёнаи кӯчаи Пулковский дар боми иморат помидору бодиринг, кабудӣ ва гулҳои гуногун парвариш мекунанд. Таҷрибаи онҳоро бисёриҳо пайравӣ намуданд. Ҳоло сокинони ин шаҳр дар болои бом ҳатто парвариши сӯзанбаргро ба роҳ мондаанд.

Раванди дар болои бом ба роҳ мондани боғдорию обчакорӣ таърихи зиёда аз 50- сола дорад. Ин таҷрибаро дер боз дар ИМА, Канада, Франсия, Голландия ва дигар кишварҳои пешрафтаи Аврупо истифода мебаранд. Масалан, дар Канада бо ин усул 1,5 миллион нафарро бо сабзавоти тару тоза таъмин мекунанд. Соли 2015 дар шаҳри Монреали Канада ширкати Lufa лоиҳаи «Боми сабзавотдор»- ро роҳандозӣ намуд. Тибқи лоиҳа табиатдӯстон дар боми иморатҳо гармхона сохтанд. Дар иқлими сарди Канада дар ин гармхонаҳо 40 намуди сабзавот, аз қабили помидору бодиринг, қаламфур, кабудӣ, қулфинай парвариш карда мешавад. Соати 5 — и субҳ чидани меваю сабзавот дар ин гармхонаҳо оғоз меёбад. Харидорони яклухт соати ҳафтуними саҳар меваю сабзавотро харида, ба дӯконҳо мебаранд. Бартарии ин гарм­хонаҳо дар он аст, ки маҳсулотро то радиуси 15 километр мебаранд. Қаблан барои аз Мексика овардани сабзавот бо мошинҳои боркаш 2500 километрро тай кардан лозим меомад. Барои дар ин роҳи тӯлонӣ вайрон нашудани сабзавот онро хом чида, дар яхдон нигоҳ доштан зарур мешуд. Аз ин рӯ, таъми сабзавоти нимхом чандон лазиз набуд. Ҳоло канадагиҳо сабзавоти дар бом парваришёфтаю аз нури офтоб пурра баҳраваршуда ва таъмаш лазизро истеъмол мекунанд.

Шабакаи мағозаҳои ширкати канадагии IGA Extra Famille Duchemin дар боми мағозаҳояш парвариши сабзавотро ба роҳ мондааст. Яке аз бартариҳои ин усул дар он аст, ки барои кашонидани маҳсулот ҳоҷат ба нақлиёт нест. Кадом намуди сабзавот лозим бошад, корманд аз болои бом як сабад чида, ба мағоза меорад.

Калонтарин «Боми сабз» дар шаҳри Ривер Ружи иёлати Мичигани ИМА воқеъ буда, масоҳаташ 4,2 гектар аст. Онро соли 2003 дар боми сехи васлкунии автомашинаи «Форд» бунёд кардаанд. Дар он 11 намуди растанӣ мерӯяд. Дар шохи дарахтони боми мазкур парандаҳои хушхон лона гузоштаанд. Қабати сабзи пур аз гиёҳҳо биноро зимистон гарм ва тобистон салқин нигоҳ медорад.

Ин гуна майдонҳои намунавии обчакорӣ дар боми Донишгоҳи Тренти Канада (масоҳаташ 1400 метри мураббаъ), ширкати «Zuidpark»- и Голландия (3000 метри мураббаъ), Осорхонаи технологии Мангейми Германия (500 метри мураббаъ) ва ғайра низ мавҷуд аст.

Дар боми ширкати «Brooklyn Grande»- и Ню Йорки ИМА, ки масоҳаташ 1 гектар аст, ҳатто қуттии занбӯри асал гузошта, мурғхона сохтаанд. Алафҳои бегонаро майда карда, ба мурғон медиҳанд. Соле ба ғайр аз 226000 кило сабзавот, аз ин «боми сабз» инчунин асалу тухми аз лиҳози экологӣ тоза низ ҷамъоварӣ мешавад. Дар ин «боғи баланд» шомгоҳон шабнишинию чорабиниҳои фарҳангӣ, машқи йога низ баргузор мешавад.

Муҳандис, олим, боғпарвар ва соҳибкори фаронсавӣ Никола Бело, ки дар боми яке аз биноҳои шаҳри Париж дар масоҳати 600 метри мураббаъ обчакориро ба роҳ мондааст, зери унвони «Обчакорӣ дар шаҳр» китобе навиштааст. Ӯ дар китоб 10 сабаби дар шаҳрҳо ба роҳ мондани обчакориро тавсия додааст. Якум, сабзавоту қулфинай ҳангоми нимхом чидану дар яхдон аз роҳи дур овардан бӯю таъми худро гум мекунанд. Сабзавоти дар бом рӯёнидашуда накҳату таъми хос дорад. Ҳоло дар боми бисёр ошхонаҳои Париж сабзавот рӯёнида, бетаъхир онро рӯйи миз мегузоранд. Хоҳишмандони чунин сабзавоти тару тоза, албатта зиёданд, ки фоидаи ошхонаҳост. Дуюм, ҳангоми обчакории болои бом аз партов компост тайёр намуда, ба сабзавот ғизои органикӣ додан мумкин аст. Бо ин роҳ соле 400 тонна партови шаҳри Парижро метавон компост хобонд.

Сеюм, обчакорӣ дар бомҳо зарари ифлосии ҳавои шаҳрҳоро кам мекунад. Гази карбонат ва заррачаҳои чангу ғубор ба саломатӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Чангу ғубор дар баргу пояи растаниҳо «мешинанд» ва растаниҳо гази карбонатро фурӯ мебаранд. Чорум, гулу сабзавотро дар дилхоҳ ҷойи офтобрас метавон парвариш кард. Дар балкону бом гузоштани гулдонҳои калон қулай буда, нури офтоб бе мамоният ба растаниҳо дастрас мешавад. Панҷум, дилхоҳ майдончаи обчакорӣ гуногунии биологиро баланд мебардорад. Чанд гулдоне, ки дар бом ё балкон мегузоранд, метавонад ҷойи зисти занбурӯғу бактерия ва ҳашарот гардад. Шашум, дар бисёр кишварҳо борон боиси якбора пуршавии шабакаҳои обгузар мегардад. Обчакорӣ дар бомҳо мисли исфанҷ (губка) обро ба худ ҷаббида, хатари мазкурро то андозае бартараф мекунад. Ҳафтум, обчакорӣ дар болои бом таъсири ҳавои гармро нисбатан кам мекунад. Зеро бомҳои бетонию роҳҳои мумфарш зери нурҳои офтоби сӯзон тасфида, боиси баландшавии ҳарорат мегарданд. Агар бомҳо сабзпӯш бошанд, ҳарорат нисбатан муътадил мешавад. Ҳаштум, сифати меваю саб­завоти дар бому балкон рӯёндашуда беҳтар аст. Дар Испанияю Юнон ба меваю сабзавоти дар балкону бом парваришёфта сертификати сифат медиҳанд. Нуҳум, обчакорию боғдорӣ дар шаҳр сокинонро ба табиат наздик карда, мардумро барои ҳифзи табиат муттаҳид месозад. Кӯдакон зимни обчакорию боғдорӣ дар бораи олами наботот маълумоти бештар гирифта, майлашон ба ғизои солим зиёд мегардад. Даҳум, машғул шудан ба обчакорию боғдорӣ дар шаҳрҳо воситаи беҳтарини мубориза бо стресс мебошад.

Ман ҳар рӯз баъди наҳорӣ соати 6-и субҳ се километр роҳро пиёда тай намуда, ба ҷойи кор меоям. Дар гирду атрофи аксар хонаҳои бисёрошёна алафи табиӣ ҷое ним метр ва ҷое аз он баландтар қад кашидааст. Афсӯс, ки ин манбаи серғизои хӯроки мурғу чорво дар пойтахт беҳуда талаф меёбад. Солҳои пеш, ки дар баъзе аз маҳаллаҳои пойтахт чорводорӣ иҷозат буд, алафҳоро зуд- зуд медаравиданд. Он вақт аз сабаби бо гӯшту тухми истеҳсоли худӣ таъмин будани як қисми сокинони шаҳр нархи ин маҳсулот арзонтар буд. Ҳоло ки чорводорию мурғпарварӣ дар пойтахт манъ аст, алафҳои табиӣ дар аксар мавзеъҳо бинобар сари вақт дарав нашудан ба зудӣ сар кашида зард мешаванд. Агар дар як канори пойтахт фермаи хурди чорводорӣ сохта, бо кумаки кормандони хоҷагии манзилӣ — коммуналӣ алафҳои кӯчаю маҳаллаҳои пойтахт сари вақт даравида шаванд, пеши талафшавии онҳо гирифта хоҳад шуд. Илова бар алафи атрофи иморатҳо, ҳар рӯз даҳҳо тонна пучоқи меваю сабзавот ва дар фаслҳои тобис­тону тирамоҳ пучоқи тарбузу харбуза дар пойтахт ҷамъ мешавад. Агар ин гуна партовҳои биологӣ, ки ғизои чорвоянд сари вақт ҷамъоварӣ шуда, рӯзе дуборӣ ба фермаи чорводорӣ фиристода шаванд, ҳам ҳаҷми партов кам мешаваду ҳам сокинон аз бӯйи пучоқи пӯсидаи меваю сабзавот эмин мемонанд. Дар наздикии ферма метавон таҷҳизоти биогаз насб намуда, аз поруи чорво ва пасмондаҳои ғизо гази биологӣ тавлид кард. Дар Ҳиндустон ва бисёр шаҳрҳои мамолики Аврупо автобусҳои мусофиркашони шаҳрӣ тавассути биогаз ҳаракат мекунанд. Поруи баъди тавлиди биогаз ҳосилшуда беҳтарин нурӣ ба ҳисоб рафта, ҳосили сабзавоту меваро чанд маротиба зиёд мекунад. Яъне, онро ҳам фурӯхтан мумкин аст.

Дар шаҳрҳои калони мамолики пешрафта, аз қабили Япония, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Халқии Хитой қариб тамоми партови биологиро компост хобонида, ба нурӣ табдил медиҳанд. Хоҷагиҳои наздишаҳрии обчакорию боғдорӣ аз он нуриҳои арзону аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода мебаранд. Дар шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон аз ҳисоби партовҳои ғизоӣ дар ҳавзҳо моҳӣ парвариш карда, ҳар сол 20 тонна моҳӣ мегиранд. Чунин мисолҳо зиёданд. Ҳоло захираҳои фаровони иқтисодӣ дар пеши назари ҳама беҳуда талаф ёфта истодаанд. Агар онҳо, тавре дар боло гуфтем, самаранок истифода шаванд, як қисми хароҷоти барои тозагии шаҳр ва кашондани партов сарфшаванда ҷуброн хоҳад шуд.

 Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»