Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Ободӣ самараи ташаббускорӣ аст

№54 (4004) 14.05.2019

Деҳаи Чепи Солеҳ, ки аз маркази шаҳри Ваҳдат дар масофаи 40 километр ва аз маркази деҳоти «Чорсу» дар масофаи 20 километр дур воқеъ аст, бо ибтикори шахсони саховатпеша дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ободу зебо мегардад.

Мушкили асосии сокинони деҳа — набудани оби ошомиданӣ чанде пеш бо дастгирии соҳибкорон рафъ шуд. Аз масофаи панҷ километр тавассути қубурҳои полиэтилении обгузар хати оби нӯшокӣ оварда шуд. Маблағи барои ин кори хайр сарфшуда 48 ҳазор сомониро ташкил дода, барои ҳар се хоҷагӣ як ҷумаки об насб карда шуд.

Илова бар ин, сокинони деҳа чанде пеш соҳиби бинои тиббии наву замонавӣ шуданд, ки он низ бо саҳми сокинони деҳа сохта шуд.

Аҳли деҳа нақша доранд, ки барои муҳайё намудани шароити хуби таълиму тарбия дар мактаби деҳа синфхонаҳои иловагӣ бунёд карда, роҳҳоро низ таъмир намоянд.

- Мақсад дорем 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо бунёдкориву созандагӣ, дастовардҳои арзанда, дар сатҳи баланд истиқбол намуда, симои деҳотро батамом дигаргун созем, — гуфт зимни суҳбат раиси Ҷамоати деҳоти «Чорсу» Баҳром Раҳимов.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»