Ҳокимияти судӣ масъулияти азимеро бар дӯш дорад

№131 (4081) 31.10.2019

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳимтарин санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, дар таърихи навини халқи тоҷик ҳамчун рамзи саодати миллат барои давлатсозиву давлатдории миллӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар, пешбурди сиёсати мустақили хориҷӣ дар минтақаву ҷаҳон ва мустаҳкам намудани рукнҳои ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт.

Мардуми сарбаланди мо итминон доранд, ки ин санади тақдирсоз барои халқу миллати тоҷик ва бунёди ҷомеаи воқеан адолатпарвар боз садсолаҳо хизмат менамояд.

Конститутсия дар қатори дигар мақомоти давлатӣ пояи мақомоти судиро ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ мустаҳкам ва муқаррар намуд, ки: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи ­судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд».

Ҳамин тариқ, таҳкими конститутсионии ҳокимияти судӣ чунин маъно дорад, ки танҳо судҳо дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, тибқи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, адолати судиро амалӣ менамоянд. Мақомоти дигари давлатӣ ё шахсони дигари ҳуқуқӣ дорои чунин салоҳият намебошанд. Инчунин, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки ба зиммаи судя вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбининакардаро вогузоранд.

Ҳокимияти судӣ дар ҳамбастагӣ бо ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия барои ягонагии миллат, таҳкими неруву иқтидорҳои мамлакат ва обрӯву нуфузи Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ фаъолияти хешро дар асоси Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Дуруст аст, ки ҳанӯз мушкилот дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо вуҷуд доранд, вале худи шаҳрвандон ҷиҳати ҳалли онҳо (агар ҳуқуқҳояшон поймол шуда бошад) ба мақомоти давлатӣ муроҷиат менамоянд. Маҳз Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ба шаҳрвандони худ имкон медиҳад, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳангоми норозӣ будан аз ин ё он амали шахси мансабдор ё мақомоти давлатӣ ба зинаҳои гуногуни судӣ муроҷиат намоянд. Мақомоти судӣ, дар навбати худ, ба проблемаҳои дар ҷомеа бавуҷудомада дар доираи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва аз нигоҳи виҷдони поки судягӣ баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.

Шукрона бояд, ки Конститутсияи кишвари озоду мустақили мо инсонро арзиши олӣ эътироф карда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро кафолат медиҳад. Метавон бо боварӣ изҳор намуд, ки имрӯз мустақилияти ҳокимияти судӣ таъмин аст ва он тибқи қонунгузорӣ барои рушди ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд масъулияти азимеро бар дӯш дорад.

Т. Қувватзода судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон