Ғолибияти кормандони «Садои мардум» дар озмуни «Роҳи бехатар»

№82 (3876) 05.07.2018

DSC_8557Сеюми июли соли равон аз таъсисёбии  Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) 82 сол пур шуд.

Дар ҷаласаи тантанавие, ки ба ин муносибат доир гардид, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Маҳмадсаид Саидзода ба кормандони соҳа табрикоти вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзодаро қироат намуд. Ӯ, аз ҷумла, зикр намуд, ки дар заминаи дастгирии Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолии кишвар парки воситаҳои нақлиёт ва дигар таҷҳизоти махсуси БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ нав карда шуда, дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ    биноҳои нав ва дар роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта дидбонгоҳҳои ҳозиразамон ба истифода дода шуданд.

Собиқадори мақомот Шералӣ Нуралӣ  аз мардонагии кормандони БДА баҳри барқарор намудани Ҳукумати конститутсионӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки корнамоии фарзандони содиқи Ватан асло фаромӯш намешавад.

Аз соли 2009 ҳар сол дар арафаи иди касбии кормандони БДА озмуни ҷумҳуриявӣ бобати инъикоси таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳти унвони «Роҳи бехатар» баргузор мешавад.

Дар озмуни имсола, ки 57 матлаб пешниҳод шуд, ду корманди рӯзномаи «Садои мардум» — муовини сармуҳаррир Далер Мерганов ва муҳаррири шуъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт  Сайфиддин Суннатӣ ғолиб омаданд. Ҳамчунин, рӯзноманигорон С. Ҳасанзода (маҷаллаи «Душанбе»), Г. Амиршоева (рӯзномаи «Вечёрка»), Ф. Каримӣ (радиои «Садои Душанбе»), Назири Нус­рат (рӯзномаи «Имрӯз нюс»), З. Солеҳ (телевизиони «Тоҷикис­тон») дар номинатсияҳои гуногун ғолиб дониста шуданд. Раиси Иттифоқи журналистони  Тоҷикистон  З. Исмоилзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Минбари халқ» Б. Ҳамдамов ва директори генералии рӯзномаи «Имрӯз нюс» М. Олимов бо медали ҷашнии «Бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» сарфароз гардиданд.

Дар хотима котиби масъули  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Саидзода, сардори Раёсати БДА-и ВКД ҶТ Акбар Насимзода, муовини сардори Раёсати  БДА ВКД ҶТ Шералӣ Салим, кормандони фаъол Назаралӣ Раҳматуллоев, Суҳроб Қурбонзода ва Наргис Тӯйчиева барои ҳамкории доимӣ бо воситаҳои ахбори омма диплом ва медали ҷашнии Иттифоқи журналистони Тоҷикис­тон супурд.

«Садои мардум». Суратгир Н. Алиев