Қонун ва иҷрои он

Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» чӣ гуна амалӣ мегардад?

№42 (3992) 16.04.2019

3cnvЯке аз масъалаҳое, ки баъзан боиси сар задани баҳс миёни кормандони милитсия ва шаҳрвандону меҳмонони кишвар мешавад, истифодаи маҳсулоти тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятист. Мутаассифона, кормандони милитсия баъзан «вазифаамонро иҷро мекунем» — гуфта, ба зиёдаравӣ роҳ медиҳанд. Онҳо аз талаботи қонун танҳо «манъ будани истифодаи маҳсулоти тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ»-ро ба инобат гирифта, нишондодҳои дигари он, аз қабили «насби лавҳаҳои огоҳкунанда» ва «ташкили ҷойҳои махсус барои истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ба инобат намегиранд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», ки соли 2012 қабул шуд, бо дарназардошти тағйиру иловаҳои соли 2017 воридгардида маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамокуро бо мақсади ҳифзи солимӣ ва пешгирии беморшавии аҳолӣ танзим намуда, фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши онро муайян менамояд.

Дар моддаи 6-и қонун, ки «Тадбирҳо аз таъсири маҳсулоти тамоку ҳифзкунанда» ном дорад, ҷойҳои манъ будани истифодаи маҳсулоти тамоку нишон дода шудааст. Мувофиқи муқаррароти қисми аввал, дар дохили бинову иншоот, инчунин дохили бино ва муассисаҳои тандурус­тӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, динӣ ва илмиву таълимӣ, дохили биноҳои маъмурӣ, утоқҳои кории ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, дохили иншооти хӯроки умумӣ, ба мисли тарабхона, ошхона, чойхона, қаҳвахона, буфет, дохили биноҳои истироҳатгоҳҳо ва иншооте, ки дар онҳо чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ гузаронида мешаванд, меҳмонхона ва хобгоҳҳо, дохили ҳама гуна нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксӣ, истгоҳҳои барои нақлиёти ҷамъиятӣ таҷҳизонидашуда, фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, майдончаҳои кӯдакон, нақлиёти истифодаи шахсӣ, ки дар он кӯдакони то 16-сола ҳузур доранд, даромадгоҳи биноҳои истиқоматӣ, лифт, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва бинову иншооти дигаре, ки барои истифодаи одамон дастрас мебошанд, истифодаи маҳсулоти тамоку қатъиян манъ аст. Илова бар ин, дар қисми дувум пешбинӣ шудааст, ки барои таҷҳизонидани ҷойҳои махсуси тамоку берун аз бино, дар маҳбасхонаҳо, беморхонаҳои бемориҳои рӯҳӣ, хонаҳои пиронсолон ва маъюбон аз рӯйи дархост мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ё сохторҳои маҳаллии он иҷозат хоҳад дод.

Мувофиқи қисми панҷуми моддаи мазкур роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадор карда шудаанд, ки берун аз биноҳо ҷойҳои махсуси истифодаи маҳсулоти тамокуро муайян намоянд.

Мушоҳидаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки масъулин дар иҷрои муқаррароти қонун саҳлангорӣ намудаанд. Бо вуҷуди 7 сол боз мавриди амал қарор доштани қонун то имрӯз дар аксари макони ҷамъиятӣ ҷойҳои махсуси сигоркашӣ вуҷуд надорад. Дар шароите ки давлатҳо барои ҷалби бештари шумораи сайёҳон кӯшиш менамоянд, бояд, пеш аз ҳама, дар фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан, терминалҳои мусофиркашонӣ, меҳмонхонаву истироҳатгоҳҳо ҷойҳои махсус барои истифодаи маҳсулоти тамоку вуҷуд дошта бошад. Ба хотири огоҳӣ пайдо кардан аз иҷрои муқаррароти қонунгузорӣ доир ба ин масъала ба ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» муроҷиат намудем. Тавре сардори маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Ҷамила Ҳусейнова изҳор дошт, ду ҷой барои кашидани сигор ташкил шудааст, аммо аксар вақт кормандони милитсия бо шаҳрвандон ва сайёҳон муносибати дағалона намуда, онҳоро барои кашидани сигор дар ҷойи муайяннашуда ташвиш медиҳанд. Номбурда гуфт, онҳо ба ҷойи он ки аввал сайёҳро аз қонунгузорӣ огоҳ намуда, ҷойи сигоркаширо нишон диҳанд, муносибати дағал карда, барои ситонидани маблағи ҷарима ҳатто чиптаи парвоз ва шиносномаи онҳоро мегиранд.

- Борҳо аз болои ду милисаи фурудгоҳ барои ин бемасъулиятӣ арз кардем, аммо шикоят то Вазорати корҳои дохилӣ мераваду натиҷааш номаълум мемонад, — афзуд Ҷ. Ҳусейнова.

Пайгирии масъала маълум намуд, ки дар истгоҳи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» низ барои сигоркашӣ ҷой ба мушоҳида намерасад. Ҳол он ки истгоҳи роҳи оҳан низ чун фурудгоҳ оинаи кишвар аст ва сайёҳ аз бархӯрди аввалин метавонад хулосаи нодуруст барорад.

Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона аст. Аз ин рӯ, ҳар сайёҳ ҳангоми сафар ба кишвар ин махсусиятро ба инобат мегирад. Масалан, агар сайёҳ ба кишваре сафар карданӣ бошад, ки сохти он хусусияти динӣ дошта бошад, пас барои риоя кардани қонуну қоидаи ҳамон давлат омодагӣ мебинад. Нафароне, ки ба кишварҳои пешрафта сафар кардаанд, нақл мекунанд, ки барои мусулмонон, дар баробари пешниҳоди хӯрокҳои гуногуни барои пайравони дини ислом ҷоиз, дар меҳмонхонаҳо шароит барои тоату ибодат низ муҳайё мекунанд. Ҳатто дар дохили ҳавопаймо низ дар моҳи Рамазон шароити лозимро барои нафарони рӯзадор фароҳам меоранд. Мутаассифона, баъзан дар кишвар ҳолатҳое вомехӯранд, ки ҷомеаро на чун демокративу дунявӣ, балки чун як ҷомеаи феодалии асри X нишон медиҳад. Масалан, агар сайёҳе майли нӯшидани нӯшокии спиртӣ дошта бошад, пас ҳангоми сафар ба баъзе аз минтақаҳои кишвар ҳатман бояд онро ҳамроҳ гирад, зеро дар баъзе аз минтақаҳо умуман фурӯшгоҳҳои махсуси нӯшокиҳои спиртӣ мавҷуд нест.

Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро мебояд лоақал дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои истироҳатӣ барои ташкили фурӯшгоҳҳои махсус иқдом кунанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»