Қонуне, ки пеши роҳи исрофу хурофотро гирифт

№44 (3994) 20.04.2019

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастоварди нодир дар низоми ҳуқуқэҷодкунии кишвар маҳсуб меёбад ва он ҳамчун қонуни миллӣ дар таърихи муосири Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аҳамияти ниҳоят муҳим дорад. 

Бо қабули он давлат ба танзими рукнҳои ҳаё­ти иҷтимоӣ, анъана, маросими миллӣ ва динию оилавӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо бо манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодии шаҳрвандон амали нек ва беназир анҷом дод. То қабули қонун дар кишвар  вазъи гузаронидани анъана ва ҷашну маросими миллӣ ниҳоят ташвишовар буд. Бо сабаби густариш ёфтани фаҳмишҳои ғалат дар баргузории ҷашну маросим шаҳрвандон ба тақлидкорӣ ва рақобати бемантиқ гузашта, аз ҳад зиёд ба масрафкорӣ роҳ медоданд. Кор то ҷое расид, ки зиёдаравию хурофотпарастӣ бомаром ба меъёр табдил ёфт. Дигар ҳатто шаҳрвандони одӣ наметавонистанд, ки бе  хароҷоти барзиёд ҷашну маърака доир намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои 90-уми асри гузашта  дар пайи ислоҳи ин вазъ гардиданд.

Бори аввал 9 июли соли 1999 дар шаҳри Душанбе машварати умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму оини мардумӣ бо иштироки Президенти кишвар ва роҳбарони мақомоти ҷумҳуриявӣ, маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот баргузор гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки  «Халқу миллатҳои пешрафта аз таркиби ҳавову нури офтоб маҳсулот истеҳсол мекунанд, дастовардҳои илму маҳсули тафаккурашонро дар бозори ҷаҳонӣ мефурӯшанд. Мо бошем, побанди расму оин монда, ақаллан кӯшиш намекунем, ки ба фарзандони худ дониши замонавӣ диҳем, ақлу тафаккурашонро бедор намоем, ҳеҷ набошад, қисми ночизи маб­лағҳои барои тӯю маъракаҳо сарфшавандаро барои соҳиби маълумот шудани онҳо сарф намоем. Ё худ ба ҷойи харҷи беҳуда ба онҳо шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварем».

Пешвои миллат барои таъмини зиндагии осудаи мардум чораҳо андешида, бо зиёиёни кишвар ва уламои дин машварат намуда, ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи бартараф намудани исрофкорию хурофот қабули қонун аст.

8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъди баррасии умумихалқӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ гардид ва пас аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифт.

Хусусияти он аз қонунҳои дигари амалкунанда ин аст, ки аз зиндагии ҳаррӯзаи шаҳрвандон маншаъ гирифта, афкору хос­таҳои онҳоро дар меъёр ҷой намудааст. Дар раванди таҳияи лоиҳаи ин қонуни миллӣ зиёда аз 20 ҳазор дархосту пешниҳоди шаҳрвандон ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои кории таъсисшуда ворид гардид. Бо дарназардошти талаби шаҳрвандон ва ҷонибдорию иштироки фаъоли онҳо дар ҷараёни қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», он дар миёни аҳолӣ ва доираи ҳуқуқшиносон ҳамчун аввалин қонуни миллии кишвар эътироф гардид.

Дар заминаи амалӣ намудани қонуни мазкур расму оини нолозим тадриҷан аз байн рафт ва шаҳрвандон имкон пайдо карданд, ки бештар ба беҳтар намудани саломатӣ, шароити муносиби зист барои оила ва тарбияи фарзандон аҳамият диҳанд. Аз рӯзҳои аввали амали қонун натиҷаҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ дар самти ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон ба даст омад.

Тибқи нишондодҳои оморӣ соли аввали қабули қонун баргузории тӯйҳои домодию арӯсӣ 64 фоиз зиёд шуд ва ҷалби амонату пасандози шахсони воқеӣ дар бонкҳои кишвар тамоюли болоравиро касб намуд.  Соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 109684 тӯйи домодию арӯсӣ, аз ҷумла, 276 тӯйи домодию арӯсии хайриявӣ доир гардид. Хатнасур, ки солҳои пеш бошукӯҳ гузаронида мешуд, соли 2018  пурра аз байн рафт ва дар иваз   2776 хатнасури хайриявӣ баргузор шуд. Ин рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки акнун барпо намудани оила барои шахсе, ки ба синну соли никоҳӣ расидааст, бори гарон ва заҳмат нест. Қонун ба ӯ имконият додааст, ки бо харҷи кам ин маъракаи муҳими ҳаётро доир намояд.

Қабули қонуни миллии зикршуда дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дастоварди муҳими ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ва натиҷаи заҳмату талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Машраби Даврон, корманди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон