Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Қонуншиканӣ ба хотири бародарӣ»

№23 (4129) 20.02.2020

Мақолае, ки бо ин сарлавҳа дар рӯзномаи «Садои мардум» 31 августи соли 2019 (№ 105 (4055)) нашр шудааст, дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон якҷо бо парвандаи гражданӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Муайян гардид, ки бо ҳалномаи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 16 ноябри соли 2018 аризаи даъвогии Диловаршо Ҳазараев дар бораи барқарор намудани муҳлати даъво, беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ аз 26 марти соли 1993, таҳти № 9Д — 938, ки байни М. Я. Безродная ва Олимшо Ҳазараев баста шудааст, инчунин беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ аз 15 сентябри соли 2006, таҳти № 1111- 1174, ки байни Олимшо Ҳазараев ва Шодмон Ҳазараев ба расмият дароварда шудааст, эътирофи ҳуқуқи соҳибмулкии Диловаршо Ҳазараев ва кӯчонидани Олимшо ва Шодмон Ҳазараевҳо аз манзили баҳсӣ бидуни додани хонаи дигари истиқоматӣ қонеъ карда шудааст.

Дар баробари ин, аризаи Шодмон Ҳазараев оид ба тат­биқи муҳлати даъво нисбати парвандаи мазкур рад гардидааст.

Бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе аз 17 апрели соли 2019 ҳалномаи номбурда бетағйир, шикояти кассатсионии О. Ҳазараев ва Ш. Ҳазараев беқаноат монда шудааст.

Омӯзиши парвандаи гражданӣ нишон дод, ки Диловаршо Ҳазараев аз М. Я. Безродная манзили истиқоматии баҳсиро харидорӣ намуда, онро 26 марти соли 1993 ба номи бародараш Олимшо Ҳазараев ба расмият даровардааст. Онҳо маслиҳат кардаанд, ки баъдан манзили баҳсиро ба номи Диловаршо Ҳазараев ҳуҷҷатгузорӣ менамоянд.

Ҳангоми дар Федератсияи Россия қарор доштани Д. Ҳазараев бародараш Олимшо Ҳазараев тибқи шартномаи хариду фурӯш аз 15 сентябри соли 2006, таҳти № 1111- 1174 манзили истиқоматиро ба номи ҷиянаш Шодмон Ҳазараев гузаронидааст. Сипас, Олимшо ва Шодмон Ҳазараевҳо манизили истиқоматиро ба мағоза тадбил дода, истифода бурдаанд.

Аз ин лиҳоз, байни Ҳазараевҳо баҳс пайдо шудааст. Д. Ҳазараев 15 июли соли 2016 ба суд бо аризаи даъвоӣ дар бораи барқарор намудани муҳлати даъво, беэътибор донистани шартномаҳои хариду фурӯш ва эътирофи ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба хонаи истиқоматии баҳсӣ, инчунин, кӯчонидани Олимшо ва Шодмон Ҳазараевҳо аз манзили мазкур, муроҷиат кардааст.

Суди марҳилаи якум бо далелҳои боэътимод муайян кардааст, ки манзили истиқоматии баҳсиро Диловаршо Ҳазараев харидорӣ намуда, муваққатан ба номи бародараш Олимшо Ҳазараев ва охирин онро рӯякӣ, бо мақсади барнагардонидани манзили истиқоматӣ ба Диловаршо Ҳазараев, ба номи ҷиянаш Шодмон Ҳазараев гузаронидааст.

Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 195 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳди рӯякӣ эътибор надорад.

Бо дарназардошти муқаррароти номбурда суд аризаи даъвогии Д. Ҳазараевро қонеъ намуда, шартномаҳои хариду фурӯши байни М. Я. Безродная ва Олимшо Ҳазараев, Олимшо Ҳазараев ва Шодмон Ҳазараев ба расмият даровардашударо беэътибор донистааст.

Ваҷҳи дар муроҷиати Олимшо ва Шодмон Ҳазараевҳо овардашуда оиди он ки суди марҳилаи якум муҳлати даъвои Д. Ҳазараевро ғайриқонунӣ дароз кардааст, бо асосҳои зерин қобили қабул нест:

Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 224 Кодекси гражданӣ ҷараёни муҳлати даъво аз рӯзе, ки шахс огоҳ гардидааст ё мебоист аз вайрон гардидани ҳуқуқаш огоҳӣ меёфт, оғоз мегардад.

Аз далелҳои парванда бармеояд, ки Диловаршо Ҳазараев дар Федератсияи Россия қарор дошта, аз вайрон гардидани ҳуқуқҳояш соли 2016 огоҳ гардида, ҳамон сол, яъне, 15 июли соли 2016, ба суд бо даъво муроҷиат кардааст.

Мувофиқи талаботи моддаи 229 Кодекси гражданӣ, дар ҳолатҳое, ки суд сабаби гузаронидани муҳлати даъворо узрнок эътироф кунад, муҳлати даъво барои барқарор кардани ҳуқуқи вайронгардидаи шаҳрванд бояд дароз карда шавад.

Аз ин рӯ, суди марҳилаи якум муҳлати пешниҳоди даъворо барои Д. Ҳазараев асос­нок дароз намудааст.

Ваҷҳи дигари муроҷиати Олимшо ва Шодмон Ҳазараевҳо дар хусуси он ки як қатор шоҳидон дар маҷлиси судӣ иштирок надоштанд, вале аз рӯи нишондодҳои онҳо ҳалномаи судӣ қабул гардидааст, бо он рад карда мешавад, ки шоҳидони парванда барои дидаю дониста нишондоди бардурӯғ додан ва саркашӣ кардан аз ҳозир шудан ё нахостани додани нишондод таҳти татбиқи ҷазои ҷиноятӣ бо гирифтани имзоҳояшон дар мурофиаи судӣ огоҳ карда шудаанд, ки нишондодҳои онҳо дар протоколи маҷлиси судӣ сабт гардида, дастхати онҳо дар қабати парванда мавҷуд мебошад.

Моддаи 236 Кодекси мурофиавии гражданӣ муқаррар кардааст, ки шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд бо протоколи маҷлиси судӣ шинос шуда, дар муҳлати панҷ рӯз аз рӯзи имзо шудани он дар шакли хаттӣ эродҳои худро нисбат ба протокол бо зикри носаҳеҳиҳо ё номукаммалии он пешниҳод кунанд.

Аммо аз парвандаи гражданӣ бармеояд, ки тарафҳо ба протоколи маҷлиси судӣ оиди нодурустии нишондодҳои дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷгардида эрод наовардаанд.

Бояд қайд кард, ки Олимшо Ҳазараев ва Шодмон Ҳазараев нисбат ба санадҳои судии дар боло зикргардида ба марҳилаи назоратии Суди шаҳри Душанбе ва Суди Олӣ шикоятҳои назоратӣ пешниҳод намудаанд. Вале, бинобар беасос будан шикоятҳояшон беқаноат мононда, ба онҳо ҷавобҳои муфассал ирсол карда шудааст.

Ҳангоми омӯзиши такрорӣ низ барои овардани эътирози назоратӣ ҷиҳати тағйир додан ва ё бекор кардани санадҳои судӣ асос дарёфт нагардид.

Бо камоли эҳтиром А. Н. Исҳоқӣ, муовини раиси Суди Олӣ