Ба мо муроҷиат мекунанд

Қонуншиканӣ «ба хотири бародарӣ»

№105 (4055) 31.08.2019

Чандин сол аст, ки аз бесалоҳиятии баъзе аз судяҳо ҷабр мекашем. Ин ҷо сухан дар бораи ҷинояти вазнин ё зӯроварӣ намеравад, аммо як рафтори нодурусти ҳомии адолат метавонад чанд нафарро сарсону саргардон кунад. Ҳол он ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо гуфта буданд, ки судяҳо ҳуқуқи хато карданро надоранд. Гап дар сари он, ки соли 1993 мо хонаеро дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ бинои  5«А», ҳуҷраи № 10, дар асоси шартномаи хариду фурӯш, ки аз ҷониби нотариати давлатӣ тасдиқ гардидааст, аз Мария Безродная ном шаҳрванд харидам. Солҳо дар он зиндагӣ кардем ва дар як қисмати он мағоза сохтем, ки ҳамааш ҳуҷҷатгузорӣ шудааст. Аммо пас аз гузашатани чанд сол бародари дигари мо Диловар хост бо роҳи сохтакорӣ биноро кашида гирад. Ҳамин тариқ, ӯ бо ариза ба суди ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат намуда, даъво пеш овард, ки соҳиби хона маҳз ӯст ва на каси дигар ва бояд ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ шавад.

Хонанда шояд пурсад, ки дар кадом асос? Аммо саросема нашавед, баъзе аз судя­ҳо чунон асосҳое меёбанд, ки худатон ҳайрон мешавед. Қабл аз ҳама, магар қонун муҳлати даъвои хонаро се сол муқаррар накардааст ва он танҳо дар ҳолати узрнок будани таъхири даъво дароз карда намешавад? Дуруст аст, аммо ин ҷо судяи парванда  сабаби узрноке ёфтааст, ки бисёр  хандаовар аст. Яъне, гӯё ба хотири бародарамон будани Диловар ӯ ин корро то соли 2016 накарда будааст. Ана, ёбеду гиред, магар пас аз соли 2016 фаромӯш кардааст, ки ӯ бародари мо будааст? Дар муддати чанд соле, ки мо баҳс дорем, парвандаи мазкурро метавон ҳамчун як санаде, ки донишҷӯёни факултети ҳуқуқ чун асбоби айёнӣ истифода баранд, истифода бурд. Фақат ба онҳо бояд фаҳмонд, ки чунин тарзи корбарӣ дар ягон чаҳорчӯбаи қонун намеғунҷад. Барои мисол, дар парванда бисёр ҳолатҳое дида мешаванд, ки  шоҳидони набуда баёнот додаанд, аммо имзои санадҳои зарурӣ мавҷуд нестанд. Сабаб танҳо яктост:  бо кадом роҳе набошад, ҳалномаро бояд ба фоидаи Диловар Ҳазараев бароранд.

Боз аз ҳама аҷибаш он аст, ки суди зинаи аввал баҳри асоснок нишон додани ҳалномаи қабулнамуда дар протоколи маҷлиси судӣ сохтакорона нишон додааст, ки гӯё шоҳидон Зиёев Ш., Николаева Т., Нарзиқулов С., Мирзоев М., Назиров А., Салимов ва Аминов А. 24 августи соли 2018 (рӯзи баргузории яке аз мурофиаҳо)  соати 1400 дақиқа пурсида шудаанд. Ҳол он ки  24 августи соли 2018 дар мурофиаи судӣ иштирок надоштанд ва умуман ба бинои суд наомадаанд. Магар ин сохтакории ҳуҷҷати муҳим  нест?

Боз дар рафти баҳсҳо аз ҷониби Диловар ва ҳамфикронаш «харидан»-и шоҳидон низ ошкор гардид, ки дар ин бора далелҳои муътамад дорем. Шоҳид  С. Ҷобирова дар яке аз мурофиаҳои охирини судӣ иброз намудааст, ки дар ҳақиқат қаблан ӯ ҳамчун шоҳид дар мурофиаи судӣ соли 2015-ум аз ҷониби собиқ муовини раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  Мирмахсумиён пурсида шуда буд ва ӯ дар мурофиаи судӣ маҷбур шудааст, ки нишондоди бардурӯғ ва нодуруст диҳад. Сабабаш он, ки ӯ аз ҳамсари даъвогар Диловар — Хубон Маҳмадшарифова қарздор будааст ва  ӯро маҷбур намудааст, ки рафта дар мурофиаи судӣ ба ҷониби шавҳараш, яъне Диловар нишондод диҳад ва ба ивазаш қарзи дар наздашдоштаи Ҷобироваро мебахшад. Агар не, ӯ  аз тариқи шиносонаш, ки корманди милиса мебошанд, Ҷобироваро  ба ҳабс мегирад. Пас аз ин ӯ аз тарс ба ин пешниҳоди Х. Маҳмадшарифова розӣ мешавад. Чунин ҳолатҳо, яъне шоҳидони сохта ва ҳуҷҷатҳои сохта дар парванда хеле зиёданд ва барои баёни онҳо чанд саҳифаи газета камӣ мекунад. Дар ин маврид агар тафтишот гузаронида шавад, ҳама чиз худаш ошкор мегардад. Мо танҳо хоҳиш дорем, ки дар Суди Олӣ мутахассисони босалоҳият бори дигар пурра ва беғаразона парвандаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, барои дарёфти ҳақиқат ва тантанаи адолат кӯшиш кунанд. Ҳақиқат ҳаст ва барои дидани он танҳо чашми бино лозим асту халос.

Бародари моро, ки судя бо роҳи ба қонун ворид намудани ибораи «ба хотири бародарӣ» мехоҳад  ҳақ барорад ҳаргиз ҳақ нест ва инро ҳатто ҳамон судяи беасос ҳалномабароварда низ медонад. Аммо…

Акнун умедамон танҳо ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аст.

Олим ҲАЗАРАЕВ, Шодмон ҲАЗАРАЕВ, сокинони шаҳри Душанбе