Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Оё баъди ҷудошавӣ фарзанд ширин мешавад?»

№54 (4004) 14.05.2019

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номаи Эшонқулова Мавҷуда Сулаймоновнаро таҳти унвони «Оё баъди ҷудошавӣ фарзанд ширин мешавад?», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 16 апрели соли 2019, №42 (3992) нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дод.

Муайян гардид, ки бо ҳалномаи Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз 11 майи соли 2018 даъвои Эшонқулова Мавҷуда Сулаймоновна қонеъ карда, аз ҳисоби Каримов Абдуллоҷон Исматович барои таъминот ва нигоҳубини ду фарзанди ноболиғашон дар ҳаҷми 120 сомонӣ ба ҳар кадом ҷамъ 240 сомонӣ ҳар моҳ алимент рӯёнида шудааст.

Муаллифи нома аз он изҳори норозигӣ намудааст, ки «таи як сол ҷавобгар А. И. Каримов уҳдадориашро иҷро намекунад ва суд тибқи қонун иҷрои ҳалномаи судро бояд назорат кунад».

Бояд қайд кард, ки иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ тибқи муқаррароти моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба зиммаи иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.

Аз ин лиҳоз, номбурда ҳуқуқ дорад, ки иҷрои саривақтии ҳалномаи судро аз иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон талаб намояд.

Дар баробари ин, аз ҷониби шахсони масъули Суди Олӣ ба Суди ноҳияи Ёвон вобаста ба бурдани назорати доимӣ ҷиҳати иҷрои ҳалномаи мазкур дастури зарурӣ дода шудааст.

А. Н. Исҳоқӣ, муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон