Ба мо муроҷиат мекунанд

Оё ба иштирокчиёни ҶБВ бенавбат хизмат расонида мешавад?

№123 (3917) 11.10.2018

Чанде пеш пирамарди хаставу рӯҳафтодае бо сарулибоси фарсуда меҳмони идораи рӯзнома шуд. Ӯ гуфт, ки тибқи ҳуҷҷатҳо номи пуррааш Ҷафаров Назар Саидович аст ва 8 январи соли 1925 ба дунё омадааст, яъне 93 сол дорад, собиқадори ҷангу меҳнат, дорандаи ордени ҷангии «Ситораи сурх» мебошад.

- Зиёд овораву сарсон шудам, — гуфт бобои Назар, — идора ба идора гаштанҳо, арзу шикояти навиштаам натиҷа набахшиданд. Ба ҳама зина муроҷиат намудам… Имрӯз бо маслиҳати одамони хайрхоҳ бо умед ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» омадам, шояд тавассути шумо садои маро шунаванд.

Назар Ҷафаров рӯзгори пур аз дарду маҳрумиятҳоро аз сар гузаронидааст. Дар даврони тифлӣ ятим монда, дар Хонаи кӯдакони №3-и шаҳри Сталинобод (Душанбе) тарбия ёфтааст. Соли 1943, пас аз хатми мактаб ӯро ба ҷанг мефиристанд. Вай дар озод кардани бисёр шаҳрҳо иштирок намудааст. Моҳи апрели соли 1945, чанд рӯз пеш аз Рӯзи Ғалаба, дар Украина аз тахтапушт захм бардош­та, ба беморхона меафтад. Пас аз табобат то соли 1947 ӯ хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ идома дода, баъд аз он ба Ватан бармегардад. Ятими бекасу кӯй ва бехонаву дар рӯзҳои аввал дар вокзали роҳи оҳан аз вагонҳо бор фаровардаву бор бароварда, дар ҷойи кор хоб мекард. Дертар хонаеро иҷора гирифта, бо ду тани дигар зиндагӣ мекунад. Пас аз маблағ ҷамъ овардан, ҷӯраҳо азми хондан мекунанд, то касб аз худ намоянд. Бо ин ният Ҷафаров моҳи май ба Маскав меравад. Бо маслиҳати одамони хайрхоҳ ба қабули ректори Академияи кишоварзии ба номи Тимирязев мушарраф мегардад. Бо вуҷуди он ки давраи дохилшавӣ ба макотиби олӣ ҳанӯз оғоз наёфта буд, дили он марди шариф (номашро фаромӯш кардааст) ба Назари ятим месӯзад ва барои дохил шудан ёрӣ мерасонад.

Н. Ҷафаров дар вазифа ва корхонаҳои гуногун кор кардааст. Яке аз писаронаш, ки хизматчии соҳаи амнияти кишвар буд, дар солҳои ноороми кишвар кушта мегардад. Писари дуюмаш дар Россия аст. Пас аз марги ногаҳонии яке аз домодҳо духтараш Дилором бо панҷ фарзанд ба манзили падар бармегардад. Ҳоло дар хонае, ки 13 метри мураббаъ масоҳат дорад, 5 нафар — бобои Назар, духтар ва се наберааш зиндагӣ мекунанд.

Пирамард соли 2010 маб­лағҳои барои хариди манзил пасандознамудаашро (20.000 доллари амрикоӣ) бо умеди зиёд шудан ба ҶСК «Агроинвестбонк» супорида будааст. Имрӯз бо иловаи депозитҳо ва маблағҳои иловагии гузоштаи Н.Ҷафарову пайвандонаш, тибқи иддаои худи ӯ, пасандозаш бояд ба 58 ҳазор доллар расида бошад, ки бидуни шубҳа барои хариди манзили васеътар мерасад. Вале бонк пасандози Н. Ҷафаровро барнамегардонад, чунки ҶСК «Агроинвестбонк» гӯё қудрат ва имконият надош­тааст.

- Замоне дар ҳар қадам менавиштанд: «Ба иштирокчиёни ҶБВ бенавбат хизмат расонида мешавад!» Дар он даврон иштирокчиён зиёд буданд, вале дар ҳақиқат ба онҳо бенавбат ё дар навбати аввал хизмат расонида мешуд. Барояшон манзили бепул ҷудо мекарданд.

Ҳоло ман аз бонк ҳар моҳ фақат 1000 сомонӣ маблағ гирифта метавонаму бас. Мехоҳам дар пирӣ бо набераҳоям каме осуда зиндагӣ кунам, озод нафас бикашам. Охир, ман боз чӣ қадар умр дошта метавонам, ки интизори қудрату имконият пайдо кардани ҶСК «Агроинвестбонк» шавам? Ва куҷост он ғамхорӣ нисбат ба иштирокчиёни ҷанг, ки имрӯз ангуштшумор мондаанд? Ман боз ба куҷо равам ва ба кӣ шикоят барам?

Таҳияи Н. НИЗОМӢ«Садои мардум»