Оё коронавирус муносибат ба табиатро тағйир медиҳад?

№55 - 56 (4161 - 4162) 05.05.2020

Ҳоло пандемияи коронавирус қариб тамоми ҷаҳонро фаро гирифта, инсониятро ба таҳлука овардааст. Дар бисёр мамлакатҳо одамон моҳҳо дар дохили хонаҳо аз кор дур шуда, хиёбонҳои шаҳрҳои бузург холианд. Айни ҳол ­бисёр чорабиниҳои байналмилалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, мулоқоти сатҳи олӣ ба таъхир гузошта шуданд, ҳаракати нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобил кам шуд.

Гузашта аз ин, дар бисёр шаҳрҳои калони саноатӣ муҳити атроф ва оби кӯлу дарёҳо нисбатан тоза гаштааст. Яъне, бинобар кам шудани партов ва газҳои парникӣ табиат нафаси тоза мегирад. Ин ҳолат бори дигар инсониятро ҳушдор медиҳад, ки табиатро ифлосу заҳролуд насозад.

Тағйирёбии табиат дар бисёре аз шаҳрҳои хурду бузурги Аврупо ва баъзе аз кишварҳои Шарқ низ мушоҳида мегардад. Аз ҷумла, ҳавои мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пурқудрати Хитой ва Амрико, оби ифлоси каналҳои дохили шаҳри Венетсия тозатар шуд. Ин таҳаввулотро олимон барои табиат ҳолати мусбат арзёбӣ мекунанд.

Тибқи аксҳои Агентии кайҳонии Аврупо, ҳавои болои шаҳрҳои тараққикардаи саноатии Италия, Кореяи Ҷанубӣ ва Британияи Кабир тозатар ба назар мерасад.

Коршиносон аз он бонги изтироб мезананд, ки дар рӯзҳои карантин, ки сарулибоси якдафъаинаи тиббӣ ва дигар ашёи муҳофизатӣ (дастпӯшак, ниқоб) зиёд истифода мешаваду онҳоро ба партовгоҳу кӯчаю хиёбон мепартоянд, хавфи паҳншавии микробҳо зиёд аст.

Ин воқеот мо — тоҷикистониёнро, ки Худованд бароямон табиати зебо, обҳои мусаффо ато кардааст, водор мекунад, ки ҳазорҳо бор шукрона ва муносибатро бо табиат беҳтар кунем. Ҳоло низ зиёданд ашхосе, ки нисбат ба оби ҷонбахшу дигар неъматҳои табиат муносибати ноодилона мекунанд. Ҷӯю дарёҳо, канори деҳу шаҳрҳо ва ҳатто кӯчаҳо пур аз ифлосӣ, партову пасмон­даи хӯрок ва ашёҳои истифодашуда аст. Бисёр вақт партовҳоро ба об мепартоему парво надорем, ки ин неъмати пурқимат барои ҳаёт зарур аст. Пештар мардум мафҳумҳои «убол» ва «савоб»-ро зиёд истифода мебурданд. Маҳз, тавассути ин ду калима наврасону ҷавононро насиҳат карда, онҳоро ба корҳои нек, хайру савоб талқин менамуданд. Ҳар ду мафҳум ҳатто аз баъзе дастуру қонунҳо низ пуртаъсиртар буд. Алҳол, агар нафареро бигӯӣ, ки «ба об туф накун, убол аст!», боз бетафовутӣ зоҳир менамояд. Ин ҷо, албатта, ҳама дар назар нестанд.

Ҳоло натиҷаи баъзе аз аъмоли бадро мебинему дуо мекунем, ки Худо ҳама балоро аз сари инсоният дур кунад. Шояд онҳо ҳушдоре бошанд, ки инсонҳо минбаъд ҳадди худро донанд, рафтору кирдорашонро тағйир дода, ба якдигар меҳрубону дилсӯз шаванду панди зерини шайх Саъдиро сармашқи кору зиндагӣ қарор диҳанд.

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»