Озмоишгоҳи миллии референсӣ. Падидаи нав дар хизматрасонии тиббӣ

№136 (4086) 12.11.2019

20191107_101431Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасониии тиббӣ пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад ва ҳар сол садҳо бунгоҳи тиббию марказҳои саломатии нав ва озмоишгоҳ ба кор даромада, хизматрасонӣ торафт беҳтар мегардад.

Аз оғози фаъолияти Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»-и  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз ду сол гузашта бошад ҳам, дар ин муддат дастовардҳо назаррасанд. Агар гӯем, ки бо шурӯъ гардидани кори ин муассисаи дар Осиёи Марказӣ беназир яке аз дастовардҳои бузурги соҳаи тандурустии кишвар дар ҳифзи тандурустии мардум дар солҳои соҳибистиқлолист, муболиға нахоҳад буд.

Озмоишгоҳ дар доираи лои­ҳаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ сохта шуда, бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия таҷҳизонида шуд. Ёдовар мешавем, ки он моҳи апрели соли 2017 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки «Шифобахш»-и маҳаллаи Қарияи Болои пойтахт мавриди истифода қарор гирифт.

Алҳол дар он бо корбурди таҷҳизоти муосири олмонӣ ташхисҳои клиникӣ, биохимиявӣ, иммунологӣ, бактериологӣ, вирусологӣ, дар маҷмӯъ 236 намуди ташхис бо сифати баланд анҷом дода мешаванд. Ташхиси дақиқ ва фаврӣ аз бартариҳои фарқкунандаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар қиёс бо дигар озмоишгоҳҳо маҳсуб мешавад.

Ба қавли директори муассиса Баҳодур Холназар, агар дар гузашта хуни ҳар як бемор дар алоҳидагӣ ташхис карда мешуд, ҳоло таҷҳизоти муосири муассиса имконият фароҳам овардааст, ки дар як соат  якбора хуни шаст нафар аз ташхис гузарад.

Ҷиҳати дигари фарқунандаи озмоишгоҳ бо мақсади махфӣ нигоҳ доштани асрори беморӣ ҷорӣ намудани кодгузории махсус ба ҷойи навиштани ному насаби ташхискунандагон аст. Ба ҳар нафаре, ки аз ташхис мегузарад, коди махсус гузошта, ба система ворид мекунанд ва бемор метавонад барои ҷавоби ташхис ба озмоишгоҳ наомада, мустақилона бо истифода аз ин код бо компютер ё телефони мобилии ҳамроҳ аз тариқи интернет аз натиҷаи ташхиси бемории худ огоҳ гардад.

- Ҳоло бо 44 муассисаи тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади анҷом додани таҳлилҳо дар ташхиси умумии хун ва пешоб, биохимиявии хун, лахташавии хун, ташхисҳои иммунологию гепатитҳо, сатҳи ҳормонҳо, сифилис, хламидиоз, саратон ва ғайра, ки шумораашон аз сад ҳам мегузарад, инчунин назорати сифати таҳлил ҳамкориро ба роҳ мондаем. Дар назар аст, ки имсол натиҷаҳо дар муқоиса ба солҳои гузашта боз ҳам афзун хоҳанд шуд, — мегӯяд директори озмоишгоҳ Баҳодур Холназар. Номбурда аз он, ки дар аксар озмоишгоҳҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ таҳлилу ташхис мувофиқ ба стандарти байналмилалӣ ба роҳ монда нашуда, ба талабот ҷавобгӯ нест ва дар ин самт нафарони соҳибтахассуси сатҳи баланд хеле каманд, изҳори нигаронӣ кард.

Дар Озмоишгоҳи миллии референсӣ бо саъю кӯшиши директор ҷиҳати такмили донишу таҷрибаи кормандон ва беҳтар кардани хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шудаанд. Бо мутахассисон, ки аксарият ҷавонанд, оид ба муқобилияти зиддимикробӣ, бехатарии биологӣ, биоэтика, системаи идоракунии сифат, усули муайян намудани боқимондаи маводи антибиотикӣ дар ғизо ва хроматографияи моеъгӣ пайваста семинару омӯзиш ва машғулиятҳои амалӣ гузаронида, чанде аз кормандон дар Федератсияи Россия, Беларус,  Қазоқистон ва Қирғизистон донишашонро сайқал додаанд. Ташкили гӯшаи гиёҳдармонӣ аз растаниҳои шифобахши ватанӣ,  ворид кардани таҷҳизоти боз ҳам навтари ташхисӣ, кушодани бойгонӣ, таъмири замонавии ҳуҷраҳои кори мутахассисон, бо тартиби рақамгузорӣ ба роҳ мондани хизматрасонии пулакӣ ва ройгон, аз ибтикори қобили мулоҳизаи роҳбарият аст.

Илова бар ин, роҳбарияти озмоишгоҳ мақсад пеш гузоштааст, ки ду шуъбаи нав кушода, инчунин дар маркази ду вилоят — Хатлон ва Суғд филиалҳои худро таъсис диҳад. Пешрафти муассиса аз бисёр ҷиҳат ба мудирияти директори он Баҳодур Холназар иртибот дорад. Ӯ хатмкардаи факултети фармасевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, то ба зинаи мудирияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ расидан чанд зинаи дигари роҳбарии алоқаманд ба илми тибро муваффақона тай намудааст. Баъди хатми донишгоҳ, дар баробари фаъолияти тиббии фармасевтӣ  ба кори илмӣ машғул шуда, тадқиқоти чандинсолааш самар оварданд. Соли 2004 дар мавзӯи «Коркард ва омодасозии малҳам аз равғани эфирии субинак дар асоси бентонит» дар шаҳри Мас­кав рисола дифоъ намуд. Соли 2006 бо дарназардошти донишу таҷрибаи дар соҳа андӯхтааш ӯро роҳбарии Маркази давлатии илмии экспертиза, сертификатсияи маҳсулоти фармасевтӣ, техника ва таҷҳизоти тиббӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2008 сардори Хадамоти давлатии фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин карданд.

Аз нигоҳи коршиносони соҳа, маҳз дар давраи садорати Баҳодур Холназар соҳаи фармасевтии кишвар ба сатҳи байналмилалӣ бардошта шуд.

Соли равон барои кормандони гуногунмиллати озмоишгоҳи мавриди назар ва ҳам директори он Баҳодур Холназар натиҷаҳои дилхоҳ ва фаромӯшнашаванда гардид.   Аз як сӯ шумораи ташхисҳои дақиқ дар қиёс ба соли аввали таъсисёбии муассиса ду баробар афзуда, дигаргуниҳои куллӣ ба миён омада бошанд, аз ҷониби дигар, озмоишгоҳро доктори илм роҳбарӣ мекунад. Директори он Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Холназар, шахсияте, ки дар рушди соҳаи дорусозӣ дар кишвар саҳми назаррас дошта, вобаста ба соҳа чаҳордаҳ китоби илмӣ нашр намудааст, рисолаи докторӣ ҳимоя намуд.

Барҳақ, дар муассисоте, ки кадрҳои ҳирфаӣ раёсат мекунанд, муваффақият ҳамсафар аст.

Неъматулло ХУДОЙБАХШ, рӯзноманигор