Озодандешӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар партави истиқлолияти миллӣ

№126 (3920) 18.10.2018

Озодфикрӣ ҳамчун падидаи таърихӣ марҳилаҳои тӯлонии пайдоиш, ташаккулу таҳаввули худро дар мубориза бар зидди ҷаҳолату карахтӣ, тақлидгаройӣ ва хурофоту таассуби динӣ, беҳуқуқӣ ва беадолатии иҷтимоӣ дар дунёи қадим, асрҳои миёна, давраи эҳё ва ислоҳ тай намуда, дар нахустин ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, конститутсияҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқии давлатҳои демократии ҷаҳон сабт гардидааст.

Озодфикрӣ мақула (категория)-и ахлоқӣ буда, пеш аз ҳама, марбут ба соҳаи фалсафаи дин ва диншиносист. Мо, одатан, ба ҷанбаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии он эътибор медиҳем. Даҳҳо шоҳасари бузург, ба монанди «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ, «Тоҷикон»- и Бобоҷон Ғафуров, шеърҳои Турсунзодаю, Лоиқ, Гулназару Муҳаммад Ғоиб ва асарҳои садҳо шоиру нависанда ва олим, ки созандагиву ободкорӣ, зиндагии озоду саршори пур аз меҳру муҳаббат ба Ватан — модарро тараннум мекунанд, озодандешии солим ва созандаанд.

Озодфикрии Додоҷони Атовулло ва онҳое, ки дар кӯшиши табаддулоти давлатии солҳои 90-ум тирашон хок хӯрд ва тарки ватан карданд, озодфикрии ғаразнок ва яке аз усулҳои сафед кардани худ дар назди халқу давлати Тоҷикистон буд. Озодандешӣ ба хусумати шахсӣ, иғвогароии сиёсӣ, талоши мансабу ҷой, худбиниву худнамоишдиҳӣ, такаббури аблаҳона, маҳалгароиву миллатбадбинӣ ягон муносибат надорад.

Мусаллам аст, ки озодфикрӣ маҳз дар раванди ташаккул, такомул ва рушду нумӯи дину мазҳаб ба миён омадааст, зеро бе хату савод, маърифатнокӣ, сатҳи муайяни ҷаҳонбинӣ ва муносибати мутақобилаи дину илм, афкори динию фалсафаи озодфикрӣ ба вуҷуд омада наметавонад. Болотар аз он, шаклҳои нахустини озодандешӣ, ба монанди шаккокӣ, ваҳдати вуҷуд, бидъатгаройӣ, хирадгаройӣ, риндиву маломат, таҳаммулпазирӣ дар домони дин ва илм ба вуҷуд омадаанд. Илова бар он, озодфикрӣ барои аз байн рафтани як дин ё мазҳаб ва пайдоиши дини нав кумак мерасонад. Масалан, муборизаи динҳои Ҷайния ва Буддоия ба муқобили ғояҳои браҳмании Ҳиндуия ва муборизаи дини ислом ба муқобили ширк, бутпарастӣ, ҷоҳилияи аъроб ва сохти қафомондаи қабилавию авлодии он мебошад.

Озодфикрӣ дар асрҳои миёна аз Ғарб ба Шарқ кӯчида, дар ғояҳои динӣ, фалсафӣ ва иҷтимоии мактабҳои мӯътазила ва ашъария, тасаввуфи исломӣ, маздакия ва монавия ва дертар дар ақидаҳои маорифпарваронаи Аҳмади Дониш, Тошхӯҷаи Асирӣ, Ҳамза Ҳакимзода, Муқимӣ Фурқат инъикос ёфт ва он арзиши муҳимтарини фалсафию динӣ ва иҷтимоию сиёсӣ мебошад. Фаромӯш ё сарфи назар намудани он ҷомеа ва давлатро ба фасод ва буҳрон гирифтор мекунад. Беҳуда набуд, ки баъди ғалабаи Инқилоби Октябр ва барқарор гардидани давлати шӯравӣ болшевикон ғояи озодандеширо ҳамчун рукни идеология ба муқобили боқимондаҳои сохти патриархалӣ, феодалӣ, мафкураи буржуазӣ, хурофоту таассуби динӣ, фасоду коррупсия, миллатгаройиву маҳалчигӣ ва он унсурҳое, ки ба рушди муназзаму мураттаби низоми сиёсии сотсиалистӣ халал мерасонид, васеъ истифода бурда, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Озодфикрӣ дар давлати соҳибистиқлол бе масъулияти гражданӣ моҳият ва мақоми аслиро гум карда, ба суханҳои хушку холӣ табдил меёбад. Инро синфи буржуазия дар раванди ташаккули давлатҳои миллӣ ҳамчун унсури муҳимтарини рушди ҷомеа ва устувории давлат ба ҳукми қонун дароварда буд. Масъулияти шаҳрвандӣ дар назди Ватан, халқ, волидайн, оила, хешу табору ҳамдеҳагон ва ғайра бояд ба меъёри асосии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ табдил ёбад. Инчунин, фақат бо ҳамбастагии озодфикрии солим ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ метавон давлати миллӣ ва музаффариятҳои истиқлолиятро аз ҳар гуна қувваҳои низоангезу ифротӣ ҳифз намуда, кишварро ободу зебо, бою бадавлат ва орому осоишта нигоҳ дошт.

Озодандешии солим маҳсули сатҳи баланди шуури инсон буда, аз ҷаҳонбинии динӣ ва илми фалсафӣ ғизо мегирад. Вай ифодакунандаи ғояву ақидаҳои мухталиф нисбат ба сохти иҷтимоию сиёсӣ, афкори динию мазҳабӣ, мақсаду ниёзҳои фардҳои алоҳида, табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аҳли ҷомеа ва муҳаррики рушду нумӯи фарҳангу тамаддуни инсоният мебошад.

Агар ба таърихи пайдоиш ва ташаккули ҳизбҳои сиёсии Аврупо ва ИМА нигарем, мушоҳида менамоем, ки фаъолияти ­сиёсии онҳо барои бо роҳи демократӣ ба даст овардани ҳокимият ва ҳифзи низоми ҷомеа равона шудааст. Масалан, дар ИМА аз нимаи дуюми асри XX ду ҳизб – ҳизби демократӣ ва ҳизби ҷумҳурихоҳон (ҳар ду ҳам ифодакунандаи қишрҳои болоии ҷомеа) бо роҳи демократӣ (пирӯзӣ дар интихобот) сари қудрат омада, дар мадди аввал ҳамон низоми сиёсии дар муборизаи тӯлонии миллӣ- озодихоҳии барои истиқлолият бадастовардаро ҳифз менамоянд, онро такомул мебахшанд.

Чунин мисолҳоро аз ҳаёти давлатҳои дигари мутамаддини аврупоӣ низ ҳамчун намунаи сатҳи баланди демократия, маданияти сиёсӣ, суннатҳои миллии давлатдории онҳо овардан мумкин аст.

Бо амри таърих мо — тоҷикон давраи нави муборизаи миллӣ — озодихоҳиро аз сар нагузаронидем. Истиқлолият ҳамчун натиҷаи пароканда гардидани Иттиҳоди Шӯравӣ ва таназзули низоми сиёсии коммунистӣ, вазъи хоси сиёсии дар ҳудуди пасошӯравӣ бамиёномада чандон гарон наафтод. Агар дағалтар карда гӯем, мо зарбаи калтаки мустамликадоронро, ба монанди халқҳои Ҳиндустон, давлатҳои Осиёи Шарқӣ, начашидем. Бинобар ин, ба қадри истиқлолият ва мазмуну моҳияти аслии он бояд расид. Зарур аст, ки ба ҳифзу ҳимояи истиқлолият ва арзишҳои он пурра сарфаҳм рафта тавонем. Ҳоло дар сайёра даҳҳо қавму тоифа ва халқу миллат давлат, забон ва фарҳанги миллӣ надоранд. Қариб 36 миллион нафар курд дар Ироқу Сурия, Эрон ва Туркия чун муҳоҷир умр ба сар мебаранд, 11 миллион уйғур, 5,4 миллион тибетӣ, қариб 10 миллион лӯлӣ (сиганҳо),1,2 миллион баск аз доштани давлати миллӣ маҳруманд.

Мо давлати миллии соҳибистиқлол дорем, ки асоси ғоявӣ ва дурнамои онро Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намудааст. Санги маҳаки бунёди давлати демократии Тоҷикистонро эҳтироми ҳар фарду мардум, қонуну қонунгузорӣ, фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои зиндагии орому осудаи арзанда барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ташкил медиҳад. Ба ибораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «маҳз озодии инсон шаклу мазмуни соҳибихтиёрии миллат ва давлатро муайян мекунад».

Яке аз хосиятҳои хоси давлати миллии демократии Тоҷикистон (ин падида баъди солҳои 90-уми асри XX дар ягон гӯшаи дунё такрор наёфтааст) ҷорӣ гардидани низоми сиёсии бисёрҳизбӣ ва ташаккули созмону иттиҳодияҳои гуногунақидаву гуногунмафкура, инчунин, воситаҳои хеле зиёди озодии ахбори омма, ҳамчун рамзи демократия ва озодандешӣ дар марҳилаи нави рушду нумӯи Тоҷикистон мебошад. Баъди зиёда аз ҳазор соли маҳрумиятҳо, маҳдудиятҳои ғоявию фарҳангӣ ва хатари аз байн рафтани миллату давлати тоҷик мо соҳиби давлати миллӣ ва низоми сиёсии демократӣ гардидем. Ин ва дигар арзишҳои демократӣ чӣ дар ҷодаи ҳуқуқу озодиҳо дар сохти давлатдории навини тоҷикон ва чӣ дар кулли дастовардҳои мо дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёту фарҳанг ва сиёсати байналхалқӣ музаффарияти Тоҷикис­тони соҳибистиқлол аст.

Мо дар 27 соли соҳибистиқлолӣ дар назди аҳли ҷамоачигии ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, аз санҷиши таърихӣ гузашта, бо эътимоднокии хеш ва обрӯю эътибори Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон дар назди ниҳодҳои байналмилалӣ соҳиби нуфузи бузург гардидем.

Дурандешӣ, таҳаммулпазирӣ, дили кушоду нияти нек, масъулияти баланди Пешвои миллат дар назди халқи тоҷик ва ҷаҳониён самараи нек ба бор оварда истодааст. Мо баъди солҳои тӯлонӣ дар симои халқи ӯзбек ҳамсоя, дӯст ва бародари худро аз нав дарёфтем. Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Қазоқистон, омодааст аз ҳар ҷиҳат дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба мо кумак расонад.

Бо ба истифода додани агрегатҳои нахус­тини Неругоҳи барқи обии калонтарин дар Осиёи Марказӣ — «Роғун» дар рушди иқтисодии Тоҷикистон ва муносибати давлатҳои минтақа марҳилаи наве оғоз хоҳад шуд. Дар ин марҳила Тоҷикистон бештар на ба «созмони озодандешии тоҷикон», балки ба маблағгузории воқеии соҳибкорони маҳаллӣ ва он ҳамватаноне, ки дар хориҷи мамлакат зиндагӣ карда, имкониятҳои васеи молиявӣ доранд, ниёзманд аст.

Тоҷикистонро танҳо тоҷикон ва тоҷикис­тониён обод карда метавонанд. Муҳаррики он муносибати мутақобилаи озодандешӣ ва масъулияти шаҳрвандист.

А. ҚАЮМОВ, Н. АВАЗМАТОВ, устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ