Нуқтаи назар

Пагоҳ ҳам офтоб мебарояд

№59 (4165) 16.05.2020

Вақте иншои мулоҳизаҳои зерро дар сар доштам, масалеро аз нависандаи номвар Темур Зулфиқоров хондам. Адиб навишта, ки миёни ду гурӯҳи ҷангиён муҳорибаи хунин сурат гирифт. Дар он бисту панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҳама аз коронавирус… Имрӯзҳо мутолиаи баъзе аз матолиб дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҳамин масалро ба ёд меорад. Чунин ба назар мерасад, ки бо вуруди коронавирус дигар одамон ба ягон беморӣ гирифтор намешаванд, касе ба фалокат дучор намеояд, дарди дилу гурдаю сипурзу ҷигар ва саратон аз байн меравад. Ҳар нафаре бо амри тақдир бемор шавад ва ё аз беморие фавтад, ба ӯ баъзе аз расонаҳои хабарӣ ташхиси коронавирус мегузоранд.

Бале, ситоди ҷумҳуриявӣ натиҷаи озмоиши ахири мубталоёнро эълон намуда, гуфт, ки дар Тоҷикистон то 29 апрел 15 ҳодисаи гирифторӣ ба бемории COVID — 19 ба қайд гирифта шудааст. Воқеан, Тоҷикистон узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, бо садҳо мамлакат робита дорад, дар давлатҳои ҳамсоя ин беморӣ хурӯҷ кардааст ва эҳтимоли сирояти онро касе инкор карда наметавонад.

Дар вазъе, ки мақомоти босалоҳияти давлат ба сирояти ин бемории фарогир иқрор шуданд, чӣ бояд кард? Таҷрибаи баъзе давлатҳои сайёра, аз ҷумла, Кореяи Ҷанубӣ, Ветнам, Чин ва давлатҳои дигар собит месозанд, ки танҳо дар сурати ҳамкорӣ бо давлат, дастгирии иқдомоти он ҷиҳати пешгирии сирояти ин беморӣ, ба мардум ҳар рӯз фаҳмонидани роҳу усулҳои пешгирӣ, риояи қоидаҳои будубош дар шароити пандемия, бо либосҳои махсус, доруворӣ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ метавон ин ваборо бо талафоти кам паси сар намуд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло маҳз ба ҳамин кор машғул аст.

Мавриди дигар ин марбут ба кори тарғиботии мақомоти босалоҳияти давлатӣ дар шароите аст, ки сомонаҳои гуногуни иҷтимоӣ даҳҳо хабари носанҷида, ба манбаъҳои беэътимод ва овозаҳо такякардаро паҳн мекунанд. Мардумро ба он моил бояд кард, ки маълумот, хабари ростро маҳз аз манбаъҳои расмӣ гиранд. Танҳо дар ин сурат воҳимаро байни мардум кам кардан мумкин аст.

Бадхоҳони давлат дар хориҷ кам нестанд ва бо истифода аз воситаҳои иттилоотӣ мекӯшанд моро бадном намоянд. Вале онҳо барои коҳиши шиддати беморӣ ҳеҷ коре намекунанд ва аз дасташон ҳам намеояд. Ҳар чӣ мекунад, давлат мекунаду худи мо.

Мулоҳизаи дигар. Дар мамолики гуногуни олам, дар дохили кишвар низ ҳаммиллатони сармоядор, тоҷирони муваффақ кам нестанд. Ҳоло фурсатест, ки онҳо даҳяк ё садяки сармояи худро ба ихтиёри давлати Тоҷикистон ба хотири пешгирии сирояти густардаи вабо гузоранд. Ин амал эҳтиром гузош­тан ба обу хок, миллат ва сарзамин хоҳад буд, ки хуни нофашон рехтааст. Ин кори хайри онҳоро миллат фаромӯш нахоҳад кард.

Пагоҳ ҳам офтоб мебарояд, бо коронавирус ҳаёт поён намепазирад. Ба ин ман бовар дорам!

Турдибой СОЛЕҲЗОДА, журналист