Парвиз аз роҳи хато баргашт

№128(3429) 26.09.2015

Донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Парвиз Қосимов дар мулоқоти бо иқдоми раиси ноҳияи Бохтар, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборӣ Ғаффор дар кохи фарҳанги ноҳия баргузоргардида ҷавононро даъват намуд, ки ҳаргиз пой ба роҳи хато нагузоранд.

Парвиз рӯзҳои сангину вазнини паси сар кардаашро дар хоки Сурия бо дард ба ёд меорад ва мегӯяд:

- Ман тӯли нуҳ моҳ дар он ҷо будам ва кам нафаронеро дидам, ки аз кардаи худ пушаймон нашуда бошанд. Аксар мехоҳанд ба Ватан баргарданд, вале илоҷ надоранд. Аз рӯзи аввали вохӯрӣ ба саркардагону барангезандагони ин ҷанги инсонкуш сахт пушаймон шудам. Вақте хато содир намуда, фирефтаи суханони дурӯғини мубаллиғони риёкор шудаму ба он ҷо рафтам, тамоми ҳуҷҷатҳо ва телефони мобилиамро гирифтанд. Маро ҳамчун ёрдамчӣ ба духтуре вобаста намуданд. Бераҳмию даҳшатеро, ки аз ҷониби онҳо нисбати мардуми бегуноҳ медидам, маро сахт ба дарду риққат меоварданд. Онҳо рафтори ғайриинсонӣ доштанд. Зидди таълимоти мазҳаби имоми Аъзам амал мекарданд. Ҳар лаҳза кӯшиш менамудам, ки вақти муносиб ёфта, ба Ватан баргардам. Воқеан, мушкил аст аз он ҷо баргаштан. Ин ба ҳар як шахси пушаймонгашта муяссар намешавад. Вале тасодуфе рух доду ман тавонистам аз ин диёри маргу вартаи хавфу хатар раҳо ёбам. Ҷаҳду талошҳои модари азизам, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия маро аз ин варта раҳонид. Маҳз бо кумаку дастгирии онҳо бе ҳуҷҷат тавонистам ба Ватан баргардам. Аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Парлумону Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қонуни зарурии аз ҷавобгарӣ озод намудани ҷавонони аз роҳи хато баргаштаро қабул намуданд, басо миннатдорам.

Ба ҷавонони азизи Ватан, ҳамсолони хеш гуфтаниам, ки ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил нашаванд. Ҳамсолонро даъват мекунам, ки ба қадри Ватан, сулҳу осоиш ва Ваҳдати миллӣ бирасанду барои пойдории ин муқаддасоти миллӣ талош варзанд, зеро дар сарзамини ба ном «Давлати исломӣ» қадру манзалати инсон ҳеҷ аст. Вақте аз даст ё пой маҳрум гаштӣ, дигар ба касе лозим нестӣ. Хоки кӯча қадр дораду инсони маслуқ не дар ин макони хунрезиҳо.

Модари Парвиз — муаллимаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Бохтар Тоҷихон Бобиева аз иқдоми шоистаи Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати баргардонидану бахшидани гуноҳи нафарони хатопеша, аз ҷумла ҷигарбандаш Парвиз, хушнуду миннатдор аст. Чун азобу ранҷи сахти ҷудоиро худ кашидааст, намехоҳад, ки ягон ҷавони тоҷик ба ин роҳи хато равад.

 

Давлат СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»