Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Пешвои миллат ба корномаҳои нав ба нав ҳидоят менамояд

№49 (3999) 02.05.2019

DSC_0153Мусоҳиба бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода

- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ­ноҳияи Файзобод баҳри татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 декабри соли 2018) чӣ корҳоро анҷом дода истодааст?

- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатест, ки роҳи минбаъдаи рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакатро муайян месозад ва барои ҳар як муассиса, ташкилоту корхона дастури амал маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз баёнгардида нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, барои татбиқи онҳо тадбирҳои мушаххас андешида истодаанд.

Дар навбати аввал, ҷиҳати омӯзишу фаҳмондадиҳии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои таблиғотӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва маҳалҳои аҳолинишин мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуданд. Зимни онҳо, таваҷҷуҳи ҳозирин ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, масъалаҳои ифтихори миллӣ, хештаншиносию ватанпарастӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, бунёдкорию созандагӣ, дар рӯҳияи худшиносию эҳтироми арзишҳои миллӣ тарбия кардани насли наврас, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, дастгирии ташаббусҳои ҷавонону занон, самаранок истифода бурдани имкониятҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардид.

Бо мақсади рушди соҳаи саноат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, даст­расии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва вусъатбахшии шуғли пурмаҳсул бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ, хусусан, корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, меваю саб­завотро, ба нақша гирифтем.

Айни замон ду корхонаи коркарди мева, сехҳои истеҳсоли обҳои  гуногуни нӯшокӣ, аз ҷумла, минералӣ, ва коркарди шир фаъолият намуда истодааст. Бо мақсади дар оянда боз ҳам бештар ба роҳ мондани содироти меваю сабзавот таъсиси корхонаҳои коркард ва бандубасти онҳо, бунёди боғҳои интенсивӣ идома дорад.

Дар робита ба амалисозии ташаббуси чоруми ҷаҳонӣ  дар соҳаи об — Даҳсолаи байналмилалии  амал  «Об — барои рушди устувор, 2018-2028» як қатор корҳои амалӣ анҷом ёфтанд. Пеш аз ҳама, ҷиҳати тарғиби ин ташаббуси муҳим лавҳаҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва шиору овезаҳо насб карда шуданд. Барои бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳот се лоиҳаи сармоягузорӣ таҳия гардид, ки як адади он мавриди истифода қарор гирифт. Иҷрои ду лоиҳаи дигар идома дорад ва то охири сол ба охир мерасад. Ба ин васила, зиёда аз  5000 сокини деҳоти ноҳия  бо оби тоза таъмин мегарданд. Ҳамчунин, дар байни аҳолӣ оид ба истифодаи самараноку сарфакоронаи об мунтазам суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешавад. Ба ин хотир, баробари ба истифода додани хатҳои оби нӯшокӣ ҳисобкунакҳои он низ насб карда хоҳанд шуд.

- Соҳаи кишоварзӣ чӣ гуна рушд карда истодааст?

- Асоси иқтисодиёти ноҳияро соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, 62680 гектар замини таъиноти кишоварзӣ мавҷуд аст, ки 5098 гектари он замини обӣ мебошад ва асосан дар истифодаи хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор дорад. Масоҳати боғу токзор 6098 гектарро фаро гирифтааст. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари кориашон ба ноҳия дода буданд, боғпарварон барои бунёди боз 4000 гектар боғу токзори нав ҷаҳду талош варзида истодаанд. Аз ҷумла, бо мақсади  содироти бештари меваи тару тоза бунёди боғҳои интенсивӣ ва парвариши навъҳои меваҳои барои содирот мувофиқ ба роҳ монда шудааст. Соли гузашта дар масоҳати 475 гектар боғҳои нав бунёд гардид. Имсол боғдорон бунёди 665 гектар боғу токзори навро ба нақша гирифтаанд, ки то ҳол 148 гектари он бунёд ёфтааст.

Кишоварзон дар соҳаи картошкапарварӣ низ таҷрибаи зиёд доранд. Ҳар сол дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 1000 гектар картошка кишт карда, ҳосили фаровон рӯёнида мешавад. Айни ҳол дар майдони 160 гектар картошка кишт намудаанд, ки нисбат ба соли гузашта  зиёд аст. Деҳқонон дар парвариши сабзавот, аз ҷумла сабзию пиёз, помидору бодиринг, караму шалғам, ҳамчунин  ғалла ва дигар зироат низ соҳибтаҷрибаанд ва ҳосили фаровон ҷамъоварӣ мекунанд.

Чорводорӣ яке аз самтҳои муҳим ба шумор меравад. Сарфи назар аз он ки баъди таҷдиди хоҷагиҳои калон ин соҳа рӯ ба таназзул оварда буд,  солҳои охир баҳри рушди  он тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Алҳол дар хоҷагиҳо 44117 сар чорвои калон, 108144 сар бузу гӯсфанд ва 1337 сар асп парвариш меёбад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли рафта зиёд аст. Соли гузашта 4079 тонна шир истеҳсол шуд, ки як қисмати он  баҳри таъмини сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» равона гардид. Ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ аҳамияти махсус  зоҳир карда мешавад. Айни ҳол занбӯри асал дар ноҳия ба 7671 оила расидааст.

Дар баробари ин, соҳаи кишоварзӣ ба як қатор душвориҳои объективию субъективӣ рӯбарӯст, ки бе ҳалли онҳо рушди дилхоҳу бомароми он душвор мегардад. Яке аз онҳо нарасидани оби полезӣ мебошад, ки ба фаъолияти наҳри обрасонии «50-солагии Тоҷикис­тон» вобаста аст. Дар робита ба таъминот бо оби полезӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, воҳидҳои сохтории он дар ҳамкорӣ бо Агентии обёрӣ ва беҳдошти замини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбир андешида  истодаанд. Аз ҷумла, соли гузашта ва се моҳи соли равон бо маблағҳои худӣ панҷ чоҳи амудӣ таъмиру барқарор карда шуд. Баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ тавассути кандани чоҳҳо бо қувваю воситаҳои худӣ вазъи таъмини обро беҳтар намудаанд.

- Дар айни замон кадом корхонаҳои коркарди мева фаъоланд?

- Ба коркард, бандубаст ва афзоиши содироти меваю сабзавот корхонаҳои хурди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ба монанди ҶДММ «Маҳсулоти табиӣ» (истеҳсоли афшураи меваю сабзавот), ҶДММ «Мусаффо» (истеҳсоли обҳои ранга), ҶДММ «Гулоб»  (истеҳсоли консерваи меваю сабзавот) машғуланд. Иқтидори онҳо барои таъмини талаботи аҳолии ноҳия ва бозорҳои минтақавии ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст. Соҳибкорони маҳаллӣ пайваста дар самти содироти маҳсулоти истеҳсолшуда, коркарди маҳсулот бо дарназардошти меъёрҳои байналмилалӣ, борҷомабандӣ ва насби дастгоҳу таҷҳизоти иловагӣ барои зиёд кардани иқтидори истеҳсолии корхонаҳо тадбирҳои мушаххас меандешанд.

- Дар соҳаи парандапарварӣ пешравиҳо то чӣ андоза назаррасанд?

- Корхонаи парандапарварӣ — ҶДММ «Ганҷи ҳилол» дар таъмини бозорҳои кишвар бо тухми мурғ саҳмгузор аст. Чанд сол пештар, мутаассифона, таҳти таъсири буҳрони молиявӣ корхона пурра аз фаъолият монд ва ин ҳолат ба вазъи молиявии корхона, дар маҷмӯъ, ноҳия, таъсири манфӣ расонид. Хушбахтона, соле қабл ба дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи молиявию иқтисодии корхона хеле беҳтар шуд. Ҳоло корхона дорои 336335 сар паранда мебошад ва истеҳсоли тухмро ба беш аз 25 миллион дона расонидааст. Дар се моҳи соли равон  дар ин ҷо 14 миллиону 524 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 миллиону 637 ҳазор дона зиёд аст. Ғайр аз ин, дар хоҷагиҳои шахсӣ 41602 сар мурғ мавҷуд мебошад. Парандапарварон ният доранд, ки истеҳсоли гӯшти мурғро низ ба роҳ монда, дар таъмини аҳолии кишвар бо гӯшти парҳезӣ ҳисса гузоранд.

- Тайи солҳои охир ба соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт чӣ қадар сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардид? Кадом лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои маблағгузорӣ ба соҳаҳои воқеии иқтисодиёт пешниҳод шудаанд?

- Дар ноҳия қисмати зиёди корҳои ободонию бунёдкорӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ — маблағҳои сокинону саховатмандон ва соҳибкорони диёр анҷом дода мешавад. Аз ҷумла, соли гузашта дар баробари аз тарафи соҳибкорон сохта шудани иншооти гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангию хизматрасонӣ, бо ҷалби маблағи онҳо ва сокинони деҳот дар маркази нуҳ ҷамоати деҳот ва як қатор деҳаҳо хатҳои барқ кашида, дар кӯчаҳо воситаҳои равшанидиҳанда насб карда шудаанд. Дар ду соли охир бо ҷалби лоиҳаҳои «Сино», «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» (бо маблағи Бонки ҷаҳонӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии «Хорвест-Корея») барои сохтмони муассисаҳои тиббии деҳот ва таҷҳизонидани онҳо беш аз 3 миллиону 385 ҳазор сомонӣ сарф шуд. Инчунин, барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии деҳот аз ҷониби Бунёди байналмилалии «Наҷоти Арал» 591,5 ҳазор сомонӣ ҷалб гардид. Дар маҷмӯъ, дар ду соли охир (солҳои 2017-2018) аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва маблағҳои грантӣ бо харҷи 13 миллиону 739 ҳазор сомонӣ лоиҳаҳо амалӣ шуданд.

Соли равон  ба маблағи беш аз 50 миллион сомонӣ амалӣ намудани лоиҳаи хати оби ошомиданӣ барои сокинони шаҳраки Файзобод бо ҳамкории Бонки рушди Осиё ба нақша гирифта  шудааст. Фонди «Саховатмандони диёр» таъсис ёфтааст, ки сокинону саховатмандон маблағҳои барои корҳои ободонию хайриявӣ ҷудокардаашонро ба он ирсол менамоянд. Айни замон тавассути ҳамин фонд таъмири беморхонаи марказии ноҳия, ки солҳои 70-уми садаи гузашта сохта шудааст, оғоз гардид ва сафолакпӯш намудани роҳравҳои ду тарафи роҳи марказии шаҳраки Файзобод ҷараён дорад.

 - Дар Паём масъалаи ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, азхудкунии заминҳои нав ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо махсус таъкид шудааст. Баҳри иҷрои ин дастуру супориши Сарвари давлат чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

- Соли гузашта 8 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд. Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани обёрии заминҳо соли 2018 ва се моҳи соли равон панҷ чоҳи амудии аз истифода баромада барқарор ва наҳрҳои мавҷуда пурра аз таъмир бароварда шуданд.

-  Таъминоти сокинон бо оби нӯшокӣ дар чӣ ҳолат аст?

- Бо дарназардошти «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021, баробари сохта ба истифода додани инфрасохтори гуногуни иҷтимоӣ, бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолиро дар мадди назар қарор додаем. Аз ҳашт лоиҳаи сармоягузорӣ ҷиҳати кашидани хати оби нӯшокӣ то ба ҳол шаш ададашро амалӣ намудем, ки дар натиҷа,  беш аз 8000 нафар сокини деҳот бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.

- Оё муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо кадрҳои ихтисосманд пурра таъминанд?

- Дар ноҳия 60 муассисаи таҳсилоти умумӣ, Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо фаъолият менамоянд, ки асосан бо кадрҳои омӯзгорӣ таъминанд. Ёдовар мешавем, ки соли 2016 бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ гурӯҳи мақсадноки Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  таъсис дода шуд. Дар он алҳол 259 донишҷӯ аз рӯи 4 ихтисос ва 110 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии омӯзгорӣ дар шуъбаи ғоибона таҳсил карда истодаанд. Инчунин, айни замон 194 хатмкардаи муассисаҳои таълимӣ дар донишгоҳҳои кишвар аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ таҳсил менамоянд.

Тайи солҳои охир аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва ҷалби дигар маблағҳо, аз ҷумла, аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ, дар деҳаи Меҳробод  барои 100 ҷойи нишаст ва дар деҳаи Бобои Валӣ барои 100 хонанда муассисаҳои таълимӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Ҳоло сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои Навобод (барои 200 ҷойи нишаст), Шукурӣ ва Баҳористон (ҳар кадом барои 100 ҷойи нишаст), Сари чашма (барои 300 хонанда) ба итмом расидааст ва онҳо дар арафаи соли нави хониш мавриди истифода қарор мегиранд.

Дар деҳаи Элоки деҳоти «Қалъаи дашт» аз ҳисоби Ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой барои 1200 ҷойи нишаст ва дар деҳаи Ҷавонон аз ҳисоби сафорати Ҷумҳурии Япония дар Тоҷикистон барои 250 ҷойи нишаст биноҳои наву замонавии муассисаҳои таълимӣ сохта мешаванд. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди якчанд муассисаи дигари таълимӣ низ идома дорад.

- Ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, таваҷҷуҳ чӣ гуна аст?

- Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ятимони кулл, иштирокчиёни садамаи Чернобил, маъюбони ҷанги Афғонистон, шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ фаъолият намудаанд ва табақаҳои дигари ниёзманди аҳолӣ пайваста дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳия ва сохторҳои он қарор дорад. Дар арафа ва рӯзҳои ҷашнҳои Наврӯз, солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, идҳои Қурбон, Рамазон, Рӯзи ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ба ин қишрҳои аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, шахсони саховатманду соҳибкорон кумаки моддию молиявӣ  расонида мешаванд. Танҳо дар се моҳи соли равон ба ниёзмандон ба маблағи 69705 сомонӣ кумаки моддӣ расонида шуд. Соли 2016 барои як оилаи деҳаи Навободи деҳоти «Ҷавонон», ки се фарзанди маъюб дорад, хонаи сеҳуҷрагии дорои тамоми шароит сохта, туҳфа карда шуд. Айни  замон, барои ду оилаи маъюб дар маркази ноҳия ду хонаи дуҳуҷрагӣ сохта шуда истодааст, ки рӯзҳои наздик ба истифода дода мешаванд.          

- Бунёди иншооте, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ноҳия ба нақша гирифта шудааст, дар чӣ ҳолат аст?

- Ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз вусъат пайдо мекунад. Нақшаи чорабиниҳои ободонию бунёдкорӣ ҷиҳати амалигардонии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 таҳия ва дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ гардидааст. Нақшаи мазкур аз 352 банд иборат буда, бунёду ба истифода додани иншооти соҳаи маориф, тандурустӣ,  иҷтимоиву хизматрасонӣ, аз қабили ҳаммом, сартарошхона, марказҳои хизматрасонӣ, гулгашту хиёбонҳо ва роҳу пулҳоро дар бар мегирад. Аз ин шумора то ба имрӯз зиёда аз 100 ададаш сохта, ба истифода дода шудааст.

Мавриди зикр аст, ки аксари иншооти нақшавӣ бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва сокинони диёр сохта мешавад.

Азму ирода ва ҷаҳду талоши мардуми ноҳия аз он шаҳодат медиҳад, ки бо дастгирию татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз соҳибистиқлолию озодӣ, сулҳу суботи комил то ҷашни 30-юмин солгарди  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама иншооти банақшагирифта сохта, ба истифода дода мешаванд ва симои деҳоти ноҳия ба таври шинохтанашаванда дигар мегардад.

Мусоҳиб Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»