Пешгирӣ аз ифротгаройӣ ва терроризм

№27 (4133) 29.02.2020

Ҷаҳони муосир илова бар пешравиҳояш дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, гоҳо ба амвоҷи афкору андешаҳои иртиҷоӣ дучор мешавад. Баъзе равия, ҳаракату аҳзобе арзи вуҷуд кардаанд, ки барои халалдор намудани амнияту суботи минтақаҳо амал мекунанд. Таъсири онҳо аз як минтақа ба минтақаи дигари олам убур карда, вазъияти ҷомеаи ҷаҳониро муташанниҷ намудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хусусияти тахрибкоронаи чунин ҳаракатҳоро омӯхта, фаъолияти онҳоро мамнуъ эълон кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун яке аз ташаббускорон бар зидди чунин гурӯҳҳо тайи чанд соли охир ба тафаккури террористиву экстремистӣ, ки ташкилоти террористии ҲНИ дар ҷомеаи Тоҷикистон ҷорӣ кардан мехосту мехоҳад,  муборизаро ҳамаҷониба ба роҳ мондааст.

Ташкилоти террористии мазкур (ҲНИ) аз ҳаракатҳои иртиҷоие мебошад, ки солҳои 90-уми асри ХХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъиятро тезутунд намуда буд. Аз фурсате, ки он замон барояш муҳайё гардид, намояндагони созмони экстремистию террористии ҲНИ, тавонистанд ба манфиати худу хоҷагонашон истифода баранд. Террористони наҳзатӣ мардумро ба майдоннишинӣ даъват карда, онҳоро барои пиёда сохтани ниятҳои муғризонаашон бар зидди Давлат ва Ҳукумат, ҷалб ва ваҳшонияту амалҳои ғайриахлоқиро ба муқобили мардуми ба онҳо ҳамроҳнашуда равона намуд. Ҳамин тариқ, ТТЭ ҲНИ, ки баробари фурӯпошии ИҶШС, аз моҳи декабри соли 1991 дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳамчун ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуда буд, ба харобкории зиёд даст зад. Ҳоло ки фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман мамнуъ эълон шудааст, роҳбарону пайравони он фаъолияташонро ҳамчун Ҳаракати наҳзати исломӣ дар хориҷ аз кишвар идома дода истодаанд.

Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ТТЭ ҲНИ авф гардид ва дубора иҷозаи фаъолияти расмиро касб намуд. Баробар ба таърихи ТТЭ ҲНИ созмони дигари террористии исломӣ – «Ихвон-ул-муслимин» низ пайдо гардид. «Ихвон-ул-муслимин», ТТЭ ҲНИ ва рӯҳониҳои иртиҷоии дигар аз нигоҳи идеологӣ корбариҳои якхела доранд, зеро солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва пас аз ба имзорасии Созишномаи сулҳ ТТЭ ҲНИ амалҳои мушобеҳ ба амалҳои «Ихвон-ул-муслимин»-ро анҷом дода буд. Маҳз бо «шарофат»-и ҳамин ташкилот беш аз 150 ҳазор нафар тоҷикистонӣ кушта шуд.

Чанде пеш аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 113 нафар аъзои ташкилоти террористию экстремистии «Ихвон-ул-муслимин» дар ҳудуди ҷумҳурӣ дастгир ва нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Тавре прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон 28 январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт, аз миёни 113 нафаре, ки ба ҷурми пайравӣ аз ташкилоти террористию экстремистии «Ихвон-ул-муслимин» ба ҳабс гирифта шудаанд, 20 нафар корманди муассисаҳои таҳсилоти олӣ, як нафар корманди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва ду нафар шаҳрванди хориҷӣ мебошанд.

Бо вуҷуди пеш бурдани корҳои тарғиботӣ аз ҷониби сохторҳои гуногун имрӯз ҳам бархе аз ҷавонони фаъоли ҷомеа ва равшанфикрон ба доми чунин гурӯҳҳои ифротӣ афтоданашонро нафаҳмида мемонанд. Чунончӣ, Далер Шарифов барои нашри «200 матлабу мақола»-и дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ, ки «ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд», муттаҳам гардид. Номбурда ҳамчунин, соли 2019 рисолаеро бо теъдоди 100 адад дар чопхона интишор намудааст, ки тибқи хулосаи ташхиси диншиносӣ, дар ҳошияи консепсияи ҷараёни «Ихвон-ул-муслимин», ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст, таҳия гардида, ба моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ нигаронида шудааст. Аз ин лиҳоз, аз болои Шарипов Далер аз 28 январи соли 2020 бо аломатҳои қисми 1-уми моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид ва бо қарори Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 30 январи соли 2020 ӯ ба ҳабс гирифта шуд.

Тайи чанд рӯзи охир сомонаҳои иғвоангези интернетӣ дар бораи дастгир шудани Далер Шарипов аз тарафи мақомоти дахлдор хабарҳои васеъ паҳн карда истодаанд ва ҳама атрофи ин мавзӯъ ҳарф мезананд.

Рӯзноманигорони бурунмарзӣ боздошти Далер Шариповро ноадолатона меҳисобанд. Аз ин хотир, парвандаи мазкурро мақомоти дахлдор дар доираи қонун, ба таври шаффоф ва одилона санҷида истодааст. Шояд дар натиҷаи тафтишот маълум гардад, ки рӯзноманигор Далер Шарипов аз надонистан ё бетаҷрибагӣ ба саҳву хато роҳ додааст ва ба ӯ муҳлати ислоҳшавӣ дода шавад.

Ҳасанот МАҲМАДШОҲЗОДА, рӯзноманигор