Нуқтаи назар

Пирӯзӣ ҳазор падар дораду шикаст ятими кулл?!

№45 (3995) 23.04.2019

Тавре ба назар мерасад, ҳама дар мавриди комёбӣ худро саҳим медонанд, аммо дар вазъияти «муташанниҷ» кӯшиш мекунанд, ки масъулиятро ба дӯши дигаре партоянд. Даъво мекунанд, ки гуноҳи онҳо нест.

Рӯзноманигорон муътақиданд, ки мушкилоти кишвар тақсири масъулин аст ва аммо масъулини давлатӣ расонаҳоро барои ҷараёнсозии манфӣ гунаҳгор мекунанд. Ҳамин тариқ, муаллимон аз хонандагону донишҷӯён гила мекунанд, ки хоҳиши донишандӯзӣ надоранд, вале донишомӯзон ба он назаранд, ки муаллимон хуб дарс дода наметавонанд. Коргарон нигаронӣ мекунанд, ки ҳаққашонро намедиҳанду зоеъ мешавад, корфармоҳо бошанд, мегӯянд, ки коргарон ба таври бояду шояд кор намекунанд. Хуллас, ҳамеша ангушти ишорат тарафи нафари дигар аст.

Вақте муваффақият ҳосил мешавад, ҳар кас мехоҳад бигӯяд бо саъю талоши ӯ ин пирӯзӣ ба даст омад ва бояд ҷоиза насибаш шавад. Ба қавли сарлашкари бузург Наполеон, «Пирӯзӣ ҳазор падар дораду шикаст ятими кулл мебошад».

Бисёриҳо аз масъулин мехоҳанд, ки агар қодир ба мудирияти вазифаи бар дӯшбудаашон нестанд, биёянду бигӯянд, ки дар натиҷаи «хатоҳои мудирияти мо қурби доллар боло рафтааст, маориф «ба ду пой мелангад», ришвахорӣ ривоҷ дорад. Ваъда диҳанд, ки бо тамоми талош ин масъаларо ҳал менамоянд. Аммо кам касеро дидаам, ки бигӯяд ман дарс намехонам ва барои гузаштан аз имтиҳон ё фалон мушкилиро ҳал намудан ришва додаам.

Чанде пеш коргарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз кирдори ронандаҳои хатсайрҳои шаҳри Душанбе норозигӣ карданд, ки ба хотири он ки мусофиронро аз ҳадди меъёр зиёд гирифтаанд ва аз онҳо талаб мекунанд, ки ба зону нишинанд, то нозирон набинанду ронандагонро ҷарима накунанд.

Манфиатҷӯии мо, қонунмеҳвар ва дорои ахлоқи шоиста набудан боиси содир гардидани аъмоли нопок шудааст. Аммо инро намепазирем. Даст ба қафаси сина мезанему мегӯем, ки ба фалонӣ овоз додам, вазифааш тадбирандешӣ аст. Партоб­ҳоро канори кӯчаву паскӯча мепартоем ва мегӯем, ки вазифаи шаҳрдорӣ аст, ки тоза кунанд. Қоидаҳои роҳро вайрон мекунем, сабаби садамаҳои нақлиётӣ мешавем, авбошиву дуздӣ мекунем, вале ҳамеша кормандони БДА ва полисро наҳ мезанему мегӯем: «Инҳо аз ҳисоби мо кисаи худу раисонашонро пур менамоянд. Аз боло вазифа мегиранд, ки кор кунанд» ва ину он. Дар ин миён фақат мо хубем, покизаву маъсум.

Дар маҷмӯъ, худро бегуноҳ мешуморем. Мутмаинем, ки ҳар мушкиле ҳаст, гуноҳи роҳбарон аст. Ҷопониҳо зарбулмасале доранд: «Ба хотири мехе наъле афтод, ба хотири наъле аспе афтод, ба хотири саворе сипоҳе дар ҷанг шикаст хӯрд, ба хотири шикасте мамлакате нобуд шуд ва ҳамаи ин аз сабаби он ки  як шахс мехро дуруст накӯбида буд».

Биноан, замони рух додани нокомиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳатто хонаводагӣ бояд ангушти ишораро ба тарафи дигар кас набардорем, зеро се ангушти дигар тарафи мо ишора мешавад.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»