Номаи бетаҳрир

Писарамро мошин заду ронандааш гурехт, аммо…

№72 (4022) 22.06.2019

Моҳи августи соли 2018 писарам Никитаро мошин зада, ронандаи он аз ҷои ҳодиса фирор кард. Он вақт писарам аз тарс дардро эҳсос намекард. Аммо оҳиста — оҳиста аҳволаш бад шуд. Аз сабаби надоштани маблағи кофӣ ӯро табобат карда натавонистем. Ҳоло ӯ 8 — сола шудаасту бояд ба мактаб равад. Бинобар сабаби дар таҳсил аз ҳамсолонаш дер мондан, инҷиқу асабӣ аст.

Чанд сол боз дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт дастгоҳҳои назоратӣ насб шудааст. Наход то ҳол ронандаеро, ки бо мошин писари маро зада гурехтааст, наёфта бошанд? Хоҳиш дорам, ки шахсияти ронанда маълум карда шаваду тибқи қонун подоши аъмолашро гирад.

Денис ОРЛОВ, сокини кӯчаи А. Навоии шаҳри Душанбе