Пойтахт. Завқи зебоипарастии сокинон баланд мешавад

№ 29.12.2020

 

Пойтахт. Завқи зебоипарастии сокинон баланд мешавад

 

Иқдоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе миёни сокинони мамлакат ҳамовозии гарму ҷӯшон ба амал овард. Чанде пеш бо ташаббуси вакили халқ аз ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ №1-и шаҳри Душанбе — Ҳабибулло Ғуломзода аз дар шафати бинои истиқоматии рақами 10-и кӯчаи Мир-Алӣ 40 адад ниҳоли дарахтони сӯзанбарг шинонида шуд.

Дар ин иқдоми нек дар қатори сокинони бино кормандони Муассисаи давлатии «Хизматрасониҳои коммуналӣ» №5 низ ширкат варзиданд.

- Боиси хушнудист, ки иқдоми «Шаҳри сабз» ба ташаббуси умумимиллӣ мубаддал гардида, сокинони мамлакат онро якдилона ҷонибдорӣ карда истодаанд. Ин ташаббус ба баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ ва маърифати экологии сокинони пойтахт мусоидат мекунад, — мегӯяд Ҳабибулло Ғуломзода.

Дар назар аст, ки сокинони бино бо фарорасии фасли баҳор байни ниҳолҳо гулу райҳон кишта, ба ҳусни ин гӯшаи зебои пойтахт ҳусни дигар зам намоянд.

 

Н. САФДАРОВА, сокини пойтахт