Рӯйдоди нодир дар арафаи соли нави 2021

№1-2 (4263-4264) 01.01.2021

панчгоникСокини 31-солаи деҳаи Бобоҷон Ғафурови деҳоти «20-солагии Истиқлол»-и ноҳияи ­Қубодиён Дилноза Мамадова 30 декабри соли 2020 панҷгоник (ду писар ва се духтар) ба дунё овард, ки дар ҷумҳурӣ рӯйдоди нодир арзёбӣ мегардад.

 Ба ин хотир, 1 январи соли 2021 раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Қубодиён сафар карда, бобою бибии панҷгоникро табрик намуда, шодбош гуфт ва ба онҳо кумаки моддию маҳсулоти ғизоӣ тақдим намуд.

Зимнан, 2 январи соли равон низ бо дастури Қурбон Ҳакимзода муовини ӯ Фирӯза Шарифӣ модари фарзандони панҷгоникро, ки айни ҳол дар таваллудхонаи ҷумҳуриявии Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқоти акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ҳамроҳи фарзандон таҳти нигоҳубини табибон қарор дорад, аёдат карда, кумаки моддии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро супорид.

Табибон вазъи саломатии модар ва тифлаконро муътадил арзёбӣ карда, гуфтаанд, ки онҳо муддати муайян дар таваллудхона нигоҳубин карда мешаванд.

Бино ба маълумоти шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён тасмим гирифтааст, ки дар бунёди манзили иловагии истиқоматӣ барои тифлакони навзод дар канораи замини наздиҳавлигии хонавода мусоидат мекунад.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»