Рӯзи Президент – тантанаи сулҳу осудагӣ

№137 - 138 (3931 - 3932) 15.11.2018

Ходимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дастурамалро таҳти унвони «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (сенарияи намунавии таҷлили ҷашн)» ба нашр расониданд.

Дар муқаддимаи он, ки моҳияти ҷашн баён ёфтааст, аз ҷумла, қайд шудааст: «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз 14-уми майи соли 2016 қабул шудааст, 16 ноябри ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар радифи ҷашнҳои «Истиқлолият» ва «Рӯзи ваҳдати миллӣ» тантанаи сулҳу осудагӣ, ҷашни нуру сафо, меҳру вафо, созандагиву бунёдкорӣ ва эҷоду эъҷозҳои тоза ба тоза дар роҳи расидан ба ормонҳои бузурги миллист. Он ҷашни тоҷикис­тониёну тоҷикони рӯи дунё, ҷашни давлатдории навини тоҷикон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст».

Маҷмӯа аз қисматҳои «Омодагӣ ба ҷашн ва ороишу озинбандии ҷашнгоҳ», «Вуруд ба ҷашнгоҳ», намоишгоҳи намунавии «Асарҳои Пешвои миллат», озмуни «Хештаншиносӣ» ва дигар чорабиниҳои намунавӣ иборат буда, бо теъдоди 250 нусха ба табъ расидааст. Хуб мебуд, агар нашрҳои минбаъдаи он бо теъдоди зиёдтар чоп мешуд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»