Рӯзномаи «Садои мардум»-ро ба Олмон мебарам

№47 (3032) 16.04.2013

Дар шумораи №18 аз 12 феврали соли 2013 мусоҳиба бо хатмкардаи Донишгоҳи Штутгарди Олмон, ҳоло муҳандиси яке аз ширкатҳои бонуфузи Аврупо – Сименс, ҷавони тоҷик Илҳоми Ғафур чоп шуда буд. Чанде пеш, ҳангоми ба Тоҷикистон омадан, вай аз идораи рӯзнома дидан кард ва шифоҳию хаттӣ арзи сипос намуд. Дар зер мухтасари номаи ӯро манзури хонандагон мегардонем:

«Ман хеле шод шудам, аз он ки вақте ба Ватан омадам, мақолаеро дар бораи худам дар саҳифаи рӯзномаи «Садои мардум» мутолиа кардам. Ростӣ, барои ман, ки асосан дар Олмон зиндагӣ ба сар мебарам, ин хушнудии зиёд аст. Ҳамзамон аз тинҷиву осоиштагӣ дар кишвар, бунёдкориҳо ва махсусан намуди зебои шаҳри Душанбе бисёр хушҳол гаштам. Ман мехостам салому паёми хешро ба мардуми азизи кишварамон расонда, ба аҳли қалами рӯзнома миннатдорӣ баён кунам. Акнун ин нусхаи рӯзномаро ба Олмон мебарам ва ба ҳамкасбону ҳамватанонамон онро нишон медиҳам».