28 май - Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ

РАҶАБАЛӢ РАҲМОНАЛӢ: МАРЗИ ДАВЛАТӢ АЗ ХАТАР ЭМИН АСТ

№69 (3549) 30.05.2016

Мусоҳиба бо фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ

 - Вазъи сарҳади давлатиро чӣ гуна метавон арзёбӣ кард?

- Дар раванди таъмини амният, сулҳу суботи ҷомеа ва ҳифзи марзу буми кишвар саҳми марзбонони тоҷик назаррас мебошад. Марзбонон суханони пурмуҳтавои Пешвои миллат — «Сарҳад яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва ҳимояи он қарзи шаҳрвандӣ ва фарзандии ҳар як фарди кишвар аст»- ро шиори худ карданд.

Шоистаи зикр аст, ки хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли равон бештар аз 300 кило маводи нашъаовар мусодира намуда, 54 ҳодисаи вайрон  кардани сарҳади давлатӣ ва 34 ҳодисаи вайрон кардани реҷаи сарҳади давлатиро пешгирӣ карданд. Ҳамрадиф бо ин, 126 нафар вайронкунандаи сарҳад, 73 нафар вайронкунандаи низоми сарҳадӣ боздошт  гардиданд.

Дар се моҳи аввали соли равон дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳад ҳашт маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад. Кӯшиши убури хати сарҳад шаш маротиба пешгирӣ шуда, даҳ қочоқчӣ дастгир, панҷ вайронкунандаи марз нобуд ва ду нафари  онҳо захмӣ гардиданд. Аз вайронкунандагони марзи давлатӣ 12 яроқи оташфишон, 200 муҳимоти ҷангӣ мусодира гашт.

- Таҷаммӯи неруҳои террорис­тӣ, аз ҷумла «Давлати исломӣ» дар минтақаҳои наздик ба марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси нигаронии ҷиддист. Вобаста ба ин сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ чӣ тадбирҳо меандешанд?

- Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад. Аз ин рӯ, қочоқчиёни афғон кӯшиш мекунанд, ки тавассути ин марз маводи мухаддирро ба  кишварҳои дигар интиқол диҳанд. Марзбонони тоҷик дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои қудратӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи онҳо гирифта шавад ва дар ин кори басо  душвор  муваффақанд.

Илова бар ин, вазъи дохилии Афғонистон нигаронкунанда аст.  Шиддат гирифтани даргириҳо аз ҷониби ҷангиёни гурӯҳҳои  мухталиф, ба ин кишвар роҳ ёфтани террористони бо ном «Давлати исломӣ» авзоро боз ҳам  печидаву хатарзо гардондааст.

Мувофиқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи ҳарбию сиёсӣ дар минтақаҳои назди сарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фарорасии фаслҳои гармо ва кушодашавии ағбаю пайроҳаҳои кӯҳӣ, ки эҳтимолияти воридшавии гурӯҳҳои террористиро ба ҳудуди ҷумҳурӣ зиёд мегардонанд, инчунин бо мақсади ҳифзи боэътимоди хати сарҳад дар самтҳои осебпазир ва мустаҳкамгардонии зичии муҳофизати сарҳади давлатӣ дар самти вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби сохторҳои қудратии мамлакат 35 пости иловагӣ гузошта шуд.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2016 дар сохтори Қӯшунҳои сарҳадӣ тағйироти штатӣ гузаронида, ҳайати шахсии он зиёд карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва  сармоягузории хориҷӣ мо тавонистем дар муҳлати муайян бинои Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар шаҳри Хуҷанд  ва се отряди сарҳадиро  таъмиру азнав­созӣ намоем.

Бо истифода аз имкониятҳо бештар аз 4 нуқтаи  гузаргоҳи назорати сарҳадӣ таъмиру тармим шуданд.

Аз тарафи қисми истифодабарии манзилии Қӯшунҳои сарҳадӣ шурӯъ аз соли 2013 то соли 2015 — ум 47 адад ва давоми соли ҷорӣ даҳ адад дидбонгоҳҳои сарҳадӣ сохта шуд.

Қабл аз ҳама, дар ҳифзи сарҳади давлатӣ аз Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ истифода мебарем. Баробари ин, ҳамкориҳо бо неруҳои низомии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай густариш ёфта истодааст. Чунончӣ, соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои муштараки ҷузъу томҳои  давлатҳои  аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор гардид.

Андешидани чунин тадбирҳо эътимод мебахшад, ки марзи давлатӣ аз хатар эмин бошад.

- Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол 25 — умин солгарди он таҷлил мегардад, Қӯшунҳои сарҳадӣ ташаккул ёфта, аз ҷиҳати моддию техникӣ ва мутахассисони соҳа таъмин гардид…

- Бале. Бо кумак ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тайёр намудани кадрҳои ҳарбӣ, таъминоти моддӣ — техникӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои хизмат тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Ҳоло дар сохтори Қӯшунҳои сарҳадӣ Донишкадаи олии сарҳадӣ фаъолият дошта, мувофиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ дар мактабҳои олии низомии дигар давлатҳо, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон мутахассисон омода мешаванд.

Солҳои охир дар инфрасохтори Қӯшунҳои сарҳадӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Сохтмони отрядҳои нав, посту дидбонгоҳ, нуқтаҳои назоратӣ — гузаргоҳӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Чанде пеш дар отряди сарҳадии «Панҷ» дидбонгоҳи нав ба истифода дода шуд.

Чунин биноҳои нави назоратию гузаргоҳӣ дар минтақаҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой сохта шудаанд. Ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ 34 нуқтаи назоратии гузаргоҳи сарҳадӣ мавҷуд аст, ки 24- тоаш мақоми байналмилалӣ доранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми ҳайати шахсии Қӯшунҳои саҳадиро бо иди касбӣ табрик намуда, дар фаъолияти хизматиашон комёбиҳои беназир хоҳонам.

Ид муборак, марзбонони шуҷову далери Ватан!

 

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»,

Аълочии Қӯшунҳои сарҳадӣ, дараҷаи якум

 

«Неруҳои марзбон ягона сохторе мебошанд, ки шабу рӯз, яъне 24 соат бедоранд. Аз ин лиҳоз, онҳо бояд сарҳади давлатиро доим дар ҳолате нигоҳ доранд, ки амнияти мардум ва давлати соҳибистиқлоламонро чизе халалдор карда натавонад».

 

Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20- умин солгарди  таъсисёбии Қӯшунҳои

сарҳадии кишвар, 27 майи соли 2014