Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳнамои рушду таъмини амният

№46 (3996) 25.04.2019

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи илман асосноки тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқи кишварро фаро мегирад.

Ба Маҷлиси Олии мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвар ироа намудани он яке аз рукнҳои давлати соҳибис­тиқлол ва аз ҷумлаи рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбад. Мустақилона муайян гардидани манфиатҳои миллии кишвар ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои деринаи мардуми тоҷик аст. Он зиёда аз 50 мавзӯи ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, ҳифзи табиат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ, беҳбудии вазъи бозори меҳнат, масъалаҳои демографӣ, таҳлили низоми бонкии мамлакат, саноатикунонии босуръати кишвар, ҷалби сармоя, таҳлили низоми энергетикии кишвар, рушди соҳибкорӣ, вазъи нақлиёту коммуникатсия, ислоҳоти соҳаи об ва дигар масъалаҳои муҳими рушди мамлакатро дар бар гирифтааст.

Масъалаҳои муҳими дигар, аз қабили ҷавонон, ҳуқуқ, қонун ва ҷомеа, судҳо ва ислоҳоти судӣ, терроризм, экстремизм, мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, қочоқи аслиҳа, қазияи Афғонистон, таҳлили вазъи минтақа ва байналмилалӣ, таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон низ аз мадди назар дур намонданд.

Дар Паём ба масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм диққати махсус дода шудааст. Ҳарчанд чун мавзӯи алоҳида мубориза бо терроризм ва экстремизм дар Паём аз шаш сархат иборат бошад ҳам, аммо Президент ҳангоми дахл ба мавзӯъҳои дигар, ба монанди ҷавонон, қонун, ҷомеа ва ҳуқуқ, мубориза ба муқобили маводи мухаддир, коррупсия, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ, сарҳад, қазияи Афғонистон, сиёсати сулҳҷӯёна, вазъияти байналмилалӣ ҳангоми баёни андешаҳо оид ба даҳ масъалаи дигар, ҳамчунин, ба масъалаи мубориза бо терроризму экстремизм дахл намудаанд. Зеро авзои ноорому бесуботи сиёсии сайёра боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардида, кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки мавзӯи терроризм дар умқи таърих реша дорад. Саҳифаҳои таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набуд. Терроризм ҷинояти сахту хавфнок аст. Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Онҳо аз сохти давлатие ҳимоят мекунанд, ки ба андешаашон ҷавобгӯйи аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ бошад. Дар натиҷаи амалҳои террористии онҳо давлатҳои ҷудогона бесуботу хароб мешаванд. Қишре аз мардумро дар муқобили қишри дигар, пайравони мазҳабҳои гуногунро зидди ҳам шӯронида, ҳатто давлатеро муқобили давлати дигар қарор медиҳанд. Дасисаҳои абарқудратҳо ва дастгирии онҳо аз террористон дар гӯшаҳои гуногуни дунё баҳри амалигардонии манфиат давлатҳоро ба ҳоли табоҳ гирифтор намудаанд.

Дунёи имрӯз дунёест, ки манфиатҳои миллию давлатӣ ва дигар муносибатҳои ҷамъиятиро ниҳоят тезутунд мегардонад. Махсусан, давлатҳои абарқудрат, бозингарони сиёсии ҷаҳонӣ барои ноил шудан ба хостаҳои худ, аз нав тақсим намудани ҷаҳон, соҳиб шудан ба сарватҳои табиии давлатҳои дигар «Баҳори Араб» ва инқилобҳои рангаро тарҳ ва ба амал ҷорӣ менамоянд. Барои ҳалли масоили иқтисодӣ аз ҳисоби дигарон ба абарқудратҳо абзорҳое, ба мисли ташкили бесуботию нооромӣ, ба миён овардани зиддиятҳои мазҳабӣ, миллӣ ва инқилобҳои ранга, лозиманд.

Бархӯрди бесобиқаи манфиатҳои миллию давлатии кишварҳои абарқудрат боиси печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра гардидааст. Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё ноустувор будани вазъро собит менамоянд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон бисёр дурандешона таъкид намуданд: «Диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равон карда шавад».

Нуктаҳои муҳим дар Паёми Пешвои миллат, дар қатори масъалаҳои ривоҷи соҳибкорӣ, рушди деҳот, саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ, пешрафти энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, маорифу илм, тандурустӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин, масъалаҳои байналмилалӣ, сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон, мубориза бо терроризм ва экстремизм мебошанд. Пешвои миллат ба масъалаи Афғонистон диққати махсус дода, сабабҳо ва омилҳои асосии моҷарои муқовиматбори ин кишварро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, аз ҷумла мегӯянд: «Суботу оромии ҳамсоякишварамон – Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст ва Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дӯст сулҳи пойдор барқарор гардад».

Афғонистон аз солҳои 70 — уми асри гузашта ба майдони муборизаи на танҳо қувваҳои моҷароҷӯи дохилӣ, балки ба майдони муборизаи геополитикии абарқудратҳои ҷаҳону минтақа табдил ёфтааст. Аз ин сабаб ин кишвар ба яке аз пойгоҳҳои терроризму экстремизми байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Мушкилоти Афғонистон ақибмондагии иқтисодӣ, фарҳанги суннатӣ ва қабилавӣ, ҳузури созмону ташкилотҳо ва неруҳои террористию экстремистӣ буда, мамлакат босуръат ошӯбзада гардида, вазъи иҷтимоӣ ва сиёсӣ бо хушунатҳо, зиддиятҳо ва тазодҳои сиёсӣ, идеологӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ рӯ ба рӯ мебошад.

Қазияи Афғонистон хусусиятҳои гуногун дорад. Неруҳои мухталиф дар ин сарзамин бо ҳам дар набарданд. Дар ин ҷо ҷанг ҳар чӣ рӯшантар хосияти қавмӣ пайдо мекунад. Имрӯзҳо вазъи сиёсию ҳарбӣ дар музофотҳои Қундуз, Тахор ва Бадахшон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, тадриҷан тезутунд мегардад. Чунин вазъи муқовиматбори музофотҳои ҳамсарҳади Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна барои ин давлатҳо хатарзо буда, боиси нигаронии кишварҳои минтақа шудааст. Тазоди манфиатҳои миллию давлатии абарқудратҳое, мисли ИМА, Хитой, Федератсияи Россия, дар Афғонистон яке аз сабабҳои хушунату муборизаҳо дар ин мамлакати ҷангзада мебошад. Раванди шаклгирии неруҳои гуногун дар Афғонистон гувоҳи он аст, ки солҳои минбаъда низ буҳрони вазъ дар ин кишвар дар сархати рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ боқӣ хоҳад монд. ­Масъалаи Афғонистон бисёрҷанба буда, сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро фаро мегирад. Дар хотир бояд дошт, ки масъалаи Афғонистон басе фарохтар аз ҳудуди ҷуғрофии он аст.

Дар як мақола ба ҳама мавзӯе, ки Паём онҳоро фаро гирифтааст, дахл кардан ғайриимкон мебошад. Он тадқиқоти алоҳидаро тақозо менамояд, вале бо итминон метавон гуфт, ки барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва таъмини амнияту субот ба сифати раҳнамо ва дастури муътамад хизмат хоҳад кард.

Зубайдулло ДАВЛАТЗОДА, муовини сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон