Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳнамои зиндагии шоиста

№33 (4139) 17.03.2020

МуалифҲар сол Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз тариқи телевизон ва радио мешунавем ва аз рӯзномаву маҷаллаҳо мутолиа мекунем. Ҳар дафъа, ки Паёми навро мутолиа менамоям, барои худ сабақи нави роҳбарӣ, дарёфти роҳ сӯи зиндагии шоиста, ободкориву созандагӣ ва муносибат­ро бо мардум аз бар менамоям.

Дар Паёме, ки соли 2019 садо дод, дар қатори дигар масоили муҳим, диққати моро масъалаи мавқеи китоб дар ҷомеа ҷалб намуд, ки онро хеле муҳиму зарурӣ мешуморем. Сарвари давлат хеле нозукбинона мақоми китобро дар ҳаёти инсон таъкид намуданд ва барои баланд бардоштани мавқеи китобхонаҳо дастуру супориши саривақтӣ доданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди серкорӣ саҳифаҳои хираи китобҳои ниёгон ва олимони маъруфи оламро, ки аз ҳаёти мардум дар қарнҳои гузашта ва имрӯза асарҳо эҷод кардаанд, мехонанду дар такя бо бурҳону далелҳои қавии таърихӣ барои имрӯзу фардо аз таърихи кишвар асар эҷод мекунанд. Китобҳое, ки ҳар саҳифаашон сабақи худшиносиву худогоҳӣ, ватанпарварӣ медиҳанд ва муаррифгари миллати тоҷик мебошанд.

Ман дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаам. Падарам, иштирокчии ҷанг, қариб панҷоҳ сол ба кори душвори омӯзгорӣ машғул буд. Сазовори ордени «Ленин», унвони «Муаллими хизматнишондодаи мактабҳои РСС Тоҷикистон», нишони «Аълочии маорифи СССР» ва ғайра гардидааст.  Солҳое, ки дар синфҳои ибтидоӣ таҳсил мекардам, падарам ҳар бегоҳ баъди хӯроки шом ба навбат китобҳои хондаамонро мепурсиданд. Хушбахтона, дар зиндагӣ таҷрибаи падарро истифода бурдем ва то ҳол ҳамроҳи фарзандону наберагон аз хондани китоб якҷоя лаззат мебарем…

Ҷои таассуф аст, ки солҳои охир сафи дӯстдорони китоб дар кишвар коҳиш ёфт. Аз ин хотир, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум андарзи падарона доданд, ки китоб сатҳи маънавиётро баланд мебардораду инсонро суханвару ширинсухан менамояд.

Ҳоло дар деҳаҳои калони ноҳия ва дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ китобхонаҳо амал мекунанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда давоми сол бо дастгирии соҳибкорони худӣ ва шахсони китобдӯст китобхонаҳои ҳозиразамон бунёд намояд.

- Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардондааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон, зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне, ориёитабор будани худ, ифтихор кунем, — мефармоянд Пешвои миллат.

Корномаи Муқаннаъ, Шераку Спитамен, Деваштич, Восеъ, Усмон ва ғайраро бояд донем, зеро, бешак, зиндагиномаи ҳар кадоме аз онҳо мактаби хуби тарбияи ватандӯстист. Донистани таърихи кишвар ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбият менамояд.

Чунон ки гуфтам, падарам муаллим ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) буданд. Ба ҳифзи Ватан аскари қаторӣ рафта, аз он ҷо афсар (лейтенанти калон) баргаштанд. Дар бораи қаҳрамонии аскарони сурх ҳикоя карданро дӯст медоштанд. Аз майдони ҷанг хотираҳои зиёд доштанд. Қисса мекарданд ва мегуфтанд, ки инсон бояд мисли аскарбачаи дунёнадида бошад. Ҷавоне, ки аз сад гул як гулаш нашукуфта буд, ба хотири наҷоти замини бобоӣ ҷони ширинро нисор кард. Ҳамин гуна ҷонфидоиҳо буданд, ки ҳоло мо соҳибватанем ва осуда дар замини бобоӣ зиндагӣ дорем.

Донишманде фармудааст: «Бузургонро бузургон зинда медоранд». Фарзанди асили тоҷикон будани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро ҳоло ҷаҳон эътироф кардааст. Ҳама медонанд, ки Сарвари тоҷикон на танҳо барои ободии кишвари хеш ва хушбахтии тоҷикистониён заҳмат мекашанд, балки барномаҳои пешниҳодкардаашон ба манфиати мардуми олам аст. Ин абармард, ки аз рӯзгори ҷавонӣ ба таърихи миллат муҳаббат доштанд, баъди роҳбар интихоб шуданашон ба устод Бобоҷон Ғафуров унвони олии Ватан — «Қаҳрамони Тоҷикистон»-ро сазовор донистанд. Ба илова, дар Паём муҳимии омӯзиши китоби «Тоҷикон»-ро махсус зикр карданд.

- Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд, — гуфтанд Пешвои миллат.

Итминони комил дорем, ки дар заминаи ин иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардум аз таърихи ниёкон бештар огоҳӣ меёбанд.

Мо низ вазифадор ҳастем, ки мунтазам бо мардум вохӯрӣ намуда, муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ диҳем.

Раҳимҷон МУҚИМӢиҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт