Рашки ҲНИ ба пешрафти Тоҷикистон ва хиёнати он

№96 (3890) 09.08.2018

29 июли соли равон соатҳои 15:35 дақиқа як гурӯҳи 7 — нафараи сайёҳони велосипедрон, ки дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб ҳаракат менамуданд, дар ноҳияи Данғара дучори фоҷиа гардиданд, ки аз ҷониби террористону экстремистон ва хоинони миллату давлат тарҳрезӣ шуда буд. Хоинону қотилон нахуст мошинро ба болои онҳо ронда, сайёҳонро пахш карда, сипас, бо корду табар ваҳшиёна ба онҳо дарафтоданд. Ин фоҷиаи хунин, ки ба марги 4 сайёҳ ва захмӣ шудани се нафари дигар боис шуд, сарахбори  воситаҳои иттилоотии ҷаҳон гардид. Аз ҳар гӯша вобаста ба он ҳадсу гумон ва фарзияҳои гуногун пешкаш мешуд. Аммо дар асл ин фоҷиае буд, ки аз рӯи ҳадафу нақша ва стратегияи тарҳрезишуда ҷиҳати паст задани шаъну шарафи миллати тоҷик, бадном намудани Тоҷикистон ва ноором нишон додани сарзамин равона гардидааст.

Ин амали золимона дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар муташаккилона пайгирӣ ва 4 нафар аз омилони ҳамла худи ҳамон шаб безарар гардонда, як нафар дастгир карда шуд. То кунун 5 нафар аз шарикону ҳамақидаҳо ва нафарони вобаста ба ташкили ҳамлаи хунин дастгир шуда, аз ҷониби ниҳодҳои интизомию қудратии кишвар мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд.

Суоли зиёде пеш меояд: чаро чунин фоҷиа рух дод? Чаро ба сайёҳони хориҷӣ? Чаро бо мошин ва чаро дар ноҳияи Данғара? Ҳадаф аз ин ҳуҷуми ноҷавонмардона дар чӣ буд? Ин ҳама касро водор месозад, ки ба масъала аз ҳар зовия назар карда, ҳолат ва заминаҳои ба вуҷуд омадани онро таҳлил намояд.

Баъд аз расидан ба истиқлолияти комили сиёсӣ ва сулҳу субот Тоҷикистон аз ҷониби оламиён чун давлати гирифтори  ҷанги шаҳрвандӣ шинохта мешуд, зеро неруҳое дар дохили кишвар арзи вуҷуд мекарданд, ки аз шинохта шудани Тоҷикистон ба ин тарз манфиатдор буданд. Аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ ҳамеша дар расонаҳои хабарии олам аз нооромиҳо, вазъи ҳуқуқи инсон, қатлу куштор, ғасбу ғорат, мавҷудияти коррупсия ва даҳҳо хабари дигари ҳангомабарангез паҳн карда, раванди шинохти воқеии Тоҷикистонро халалдор менамуд.

Новобаста аз ин ҳадафҳои муғризона, Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати демократию дунявӣ, ҳуқуқбунёду ягона ва соҳибистиқлолу инсондӯст бо муҳаббати гарми миллӣ, меҳмоннавозии воло, табиати дилошӯб, рӯду чашмаву кӯлу дарёҳои зулолаш муаррифии ҷаҳониён гашт. Акнун оламиён ба кишвари мо на ҳамчун як давлати ҷангзадаву ноором, балки як мамлакати дорои сарватҳои табиӣ ва макони истироҳату фароғат назар менамоянд.

Махсусан, баъд аз талоши нокоми табаддулоти давлатӣ дар соли 2015 ҷаҳон ва миллати тоҷик чеҳраи воқеии ТТЭ ҲНИ-ро хубтар шинохт. Сенарияи ғасби ҳокимият аз ҷониби миллат пароканда ва саркардагону нақшофарони он маҳв карда шуданд. Баъд аз ин ҷалби сайёҳону ҷаҳонгардон ба кишвар ба маротиб афзуд.

Акнун пешвоён ва коргардонҳои хиёнатпешаи ин сенария дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, барои халалдор намудани ҷомеаи ороми Тоҷикистон нақшаҳои диверсионӣ кашида истодаанд. Онҳо мехоҳанд бо ин роҳ нақшаҳои Ҳукумати моро барои ба кишвари сайёҳӣ табдил додани Тоҷикистон барҳам зананд.  Ин дар ҳолест, ки дар баробари рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон моҳи ноябри соли равон чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба фаъолият оғоз менамояд ва ба буҷети кишвар ду сарчашмаи иловагии даромад ба вуҷуд меояд.

Ин ҳама пешрафту тараққиётро дида, саркардагони ТТЭ ҲНИ ба таҳлука афтодаанд. Онҳо медонанд, ки рушди иқтисодиёти Тоҷикистон иҷрои нақшаҳои таъминоти иҷтимоии давлатро вусъат бахшида, зиндагию рӯзгори мардумро боз ҳам гуворову шоиста месозад. Дар ин сурат нақшаҳои хоинонаи ТТЭ ҲНИ ба сароб  мубаддал мегардад ва дигар касе ба афсонаҳои дурӯғини онҳо бовар нахоҳад кард. Акнун наҳзатиён бо ҳар роҳе, ки набошад, аз ҷумла низомию террористӣ, кӯшиш мекунанд, ки Тоҷикис­тонро ноором созанд. Вале фоҷиае, ки ба сари сайёҳон омад, собит намуд, ки дар ҳар шаклу сурате набошад, ТТЭ ҲНИ ва фаъолиятҳои он ба таври комил маҳв ва чун решаҳои саратонӣ аз мағзу ҷони миллат барчида мешавад.

Соҳибҷон НАЗАРОВ