Расидан ба ҳадафи 16-уми рушди устувор ноилшавӣ ба пешрафт аст

№154 (4104) 24.12.2019

Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли ­масъалаҳои глобалӣ саҳми намоён дошта, ҳамқадами кишварҳои пешрафта мебошад. Дар ин радиф, метавон аз чанд ташаббуси кишвар  ёдовар шуд, ки аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамовозӣ пайдо кардааст.

Дар навбати худ, ташаббусу иқдомҳое, ки ба рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида шудааст, дастгирӣ менамояд. Аз ҷумла, моҳи сентябри соли 2015 ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид тарҳи 17 ҳадафро, ки омили таъмини боэътимоди рушди устувор дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, ҳамчун Ҳадафҳои рушди устувор қабул намуд ва давлатҳо — аъзои созмон уҳдадор шуданд, ки дар ин замина, нақшаи корӣ таҳия намоянд, ки ҳама соҳа — иқтисод, иҷтимоиёт, ҳифзи экологӣ ва ғайраро дар бар гирифта, барои коҳиш додани камбизоатӣ, аз байн бурдани гуруснагӣ, таъмини сулҳу салоҳ, таҳсилоти босифат, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, табобат, адолати судӣ, ҳимояи ҳуқуқи бунёдии инсон, беҳдошти вазъи санитарӣ, муҳайё намудани инфрасохтор ва шароити созгор дар маҳали иқомат, шуғли мувофиқ ва дигар масоили мубрам заминаи боэътимод гузоштанро пешбинӣ намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки дар Барномаи СММ Ҳадафҳои рушди устувор ҳама пешниҳоду талаби кишварҳо, аз ҷумла, Тоҷикистон, ҷамъоварӣ шуда, дар сессияи Ассамблеяи СММ тасдиқ гардида, барои таҳияи барномаи ҷаҳонӣ истифода шуданд. Ҳадафҳо хусусияти глобалӣ дошта, мувофиқи шароиту меъёрҳои муқарраргардида раванди милликунониву маҳаллигардонии онҳо сурат мегирад. Ин ҷараён дар мамлакат то андозае ҳал ва аксар ҳадафҳо миллӣ карда шуданд, ки барои мисол метавон аз як қатор ҳуҷҷатҳои стратегии аз ҷониби давлат қабулгардида далел овард. Аз ҷумла, муҳимтарини он соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон тасдиқ гардидани «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2020» мебошад. Онҳо бо мақсади муҳайё намудани шароит барои мутобиқгардонии нишондиҳандаҳои глобалӣ дар сатҳи миллӣ қабул карда шудаанд.

Яке аз ҳадафҳои асосии Барномаи ҷаҳонии Ҳадафи 16 мусоидат ба ташаккули ҷомеаи сулҳдӯстона, таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ ва таъсиси муассисаҳои ҳисоботдиҳандаву шаффоф дар назди ҷомеа мебошад. Он ба ташаккули ҷомеаи осоишта ва кушода барои рушди устувор, таъмини дастрасӣ ба адолат барои ҳама ва бунёди муассисаҳои самаранок, ҳисоботдиҳанда ва дар иштироки васеъ асосёфта дар ҳама сатҳ номгузорӣ шуда, дар навбати аввал кам кардани шаклҳои зӯровариро пешбинӣ менамояд. Доир ба амалишавии он дар Тоҷикистон кори зиёд, аз қабили ташкили гурӯҳҳои корӣ, гузаронидани семинар – машваратҳо ва чорабиниҳои гуногуни фаҳмондадиҳӣ ва таҳияи лоиҳаи нишондиҳандаҳои миллӣ ба сомон расонида мешаванд.

Зимнан, 25-уми ноябри соли равон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва ташаббуси Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки гурӯҳи корӣ доир ба татбиқшавии Ҳадафи 16 дар мавзӯи «Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳқиқот ва ҳисобот оид ба татбиқи лоиҳаи «Ҳадафи рушди устувор» вохӯрӣ доир шуд.

Дар он зикр шуд, ки афзалияти асосии давлат, дар баробари дигар мақсадҳои стратегӣ, додани диққати асосӣ ба имкониятҳои баробар барои татбиқнамоии иқтидори инсонӣ дар асоси баробарҳуқуқӣ, адолат ва эҳтироми шаъну шарафи инсон ба ҳисоб меравад.

Тавре сардори Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги барномаҳои миллии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Султоншо Ҳомидов қайд кард, танҳо сатҳи волоияти қонун нишон медиҳад, ки рафтори одамон то ба кадом андоза таҳти таъсири муҳити ҳуқуқӣ қарор дорад, то чӣ андоза одамон ба таъсирбахшии муассисаҳои расмӣ итминон доранд ва аз ин сабаб ба онҳо итоат менамоянд, дастрасӣ ба адолати судӣ бошад, воситаҳоро барои ҳимояи ҳуқуқ пешниҳод менамояд. Ба андешаи ӯ, ҷараёни ин нишондиҳандаҳо дар кишвар солҳои охир аз мавҷудияти баъзе аз пешравиҳо шаҳодат медиҳад, вале мушкилӣ низ ба назар мерасад.

- Бо дарназардошти ин, айни замон зарурати ҳамгироии ҲРУ 16 бо ташаббусҳои ҳуқуқӣ ва ислоҳот дар соҳаҳои гуногуни мамлакат ба вуҷуд омадааст. Аз ин нуқтаи назар нақши ҲРУ 16 метавонад муҳим ба ҳисоб равад, зеро аз дуруст гузоштани кор оид ба ҳамгироии ҲРУ 16, кори минбаъда дар самти мониторинг, таҳлил ва ошкорнамоии масъалаҳо ва монеаҳои дар сари роҳи пешбурди ислоҳоти ҳуқуқӣ дар давлат мавҷудбуда, вобастагӣ дорад, — гуфт С. Ҳомидов.

Расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ноилшавӣ ба рушди кишвар аст. Аз ин нигоҳ қишрҳои ҷомеа, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои давлатиро лозим аст, то барои расидан ба онҳо доимо корҳои заруриро ба роҳ монанд.

Мувофиқи маълумоти Вазорати адлия, айни ҳол дар заминаи мақоми ҳамоҳангсоз гурӯҳи кории доимоамалкунанда барои баррасӣ, мониторинг, ошкорнамоии камбудиву душвориҳо, муайяннамоии афзалият, инчунин таҳияи нишондиҳандаҳои миллӣ оид ба Ҳадафҳои 16 таъсис дода шудааст.

Тавре мушовири миллӣ оид ба дастгирии гурӯҳҳои кории байниидоравии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсандмурод Ҳакимов изҳор дошт, ба гурӯҳи корӣ намояндагони 14 сохтори давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия, адлия, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентӣ оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ворид мегарданд. Айни замон Шабакаи ташкилотҳои ҷамъиятии таъсисдодашуда оид ба волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ низ доир ба пиёда сохтани Ҳадафи 16 амал менамояд, ки 22 шабакаро аз минтақаҳои кишвар фаро гирифтааст.

Ӯ, инчунин изҳор дошт, ки  барои ноилшавӣ ба ҳадафҳое саъй мекунанд, ки ҷиҳати рушди кишвар заруранд. Вобаста ба ин, барои пешрафти кор дар амалишавии Барномаи миёнамуҳлат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ тавсияҳои судманд дода шудаанд.

Дар мавриди нишонидиҳандаҳо низ кор чунин аст: аз 232 нишондиҳанда вобаста ба вазифаҳои Ҳадафҳои рушди устувор, ки расман қабул шудааст, Тоҷикистон 202 — тоашро пазируфтаву коркард намудааст.

- Таҳияи нақша оид ба татбиқи индикаторҳои миллӣ вобаста ба Ҳадафи 16 дар самти рушди устувор бо дарназардошти тавсияҳои Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ ба амал бароварда мешавад. Ин нақша бояд душворӣ ва монеаҳои дар роҳи амалинамоии ҲРУ 16, хусусияти миллии давлат, низоми адолати судӣ ва ҳамкориҳои мутақобила байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазифаҳои мушаххас бо индикаторҳои миқдорӣ ва сифатӣ, ки имконияти баҳогузорӣ намудани расидан ба вазифаҳоро медиҳанд, тарафҳои масъул, муҳлати иҷрои вазифаҳо ва чорабиниҳо, ҷалби фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам дар таҳияи нақша, татбиқнамоӣ ва ҳам ҳангоми гузаронидани мониторинг ва баҳогузорӣ, таҳлили хароҷотҳо барои ҳар як вазифа, таҳлили шарикон -донорҳои ошкоршударо бояд дар бар гирад. Бо мақсади иҷрои самараноки нақшаҳо дар назар аст, ки онҳо дар сатҳи Ҳукумат тасдиқ карда шуда, татбиқи вазифаҳо бояд марҳила ба марҳила иҷро карда шавад, — гуфт Хурсандмурод Ҳакимов.

Ҳангоми мутолиаи дастурамали ҳадаф маълум мегардад, ки дар банақшагирӣ ба нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатӣ, ки аз рӯи онҳо ҷараёни татбиқнамоии нақшаҳо пайгирӣ шудаанд, диққат дода мешавад. Нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатӣ аз манбаи иттилоот вобастагӣ доранд. Муайян карда мешавад, ки аз рӯи кадом нишондиҳандаҳо аллакай методологияи миллӣ оид ба ҷамъоварии маълумот таҳия шудааст ва оё он ба методологияи дар сатҳи глобалӣ таҳиягардида мутобиқат менамояд. Инчунин, кор бо гурӯҳи осебпазири аҳолиро низ ба назар гирифтан муҳим аст: занон, кӯдакон, шахсони маъюб, шахсони бешаҳрванд, шахсоне, ки бо ВНМО зиндагонӣ менамоянд ва ғайра.

Ҳамин тавр, бо пиёда гардидани Ҳадафи 16-уми рушди устувори СММ ва ноил гардидан ба комёбиҳои зарурӣ, Тоҷикистон метавонад намуна барои ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад.

Ҷамшеди Сабоҳиддин«Садои мардум»