Табиат мекунад моро табобат

Растаниҳои шифобахш. Қабули барномаи давлатӣ барои истифодаи онҳо муҳим аст

№146 (3940) 04.12.2018

Дар Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017, аз ҷумла, зикр шудааст, ки: «Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ – обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад».

Роҳбари давлат, ҳамчунин аз нарасидани доруворӣ, пастсифат будани аксари онҳо ва рушд накардани саноати дорусозӣ дар мамлакат изҳори нигаронӣ намуда, бо мақсади беҳтар намудани вазъият дар ин самт  аз соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобатро аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод  намуданд.

Мутобиқи сарчашмаҳои мавҷуда, дар кураи замин зиёда аз 400 ҳазор растанӣ мерӯяд. Дар мамлакат  қариб 5 ҳазор  растаниҳои муташаккили рагдор ё дараҷаи олӣ ва қариб 4,5 ҳазор намуд растаниҳои номуташаккили дараҷаи паст ё спорадор, ки аксарияти онҳо хусусияти табобатӣ доранд, мавҷуд мебошад.

Мутаассифона, аз 1500 намуд растании доруворӣ, ки дар кишвар мерӯянд, камтар аз панҷ дарсади он истифода мешаваду халос.

Солҳои пеш миқдори зиёди гиёҳҳо ҷамъоварӣ гардида, ба ташкилоту муассисаҳои дорусозӣ супорида мешуданд. Он вақт ҳамкорӣ байни мақомоти дахлдори соҳаҳои дорутайёркунӣ ва хоҷагиҳои ҷангалу кишоварзӣ хеле хуб буд. Баъдан алоқаҳо  қатъ гардида, корхонаҳои дорутайёркунӣ аз фаъолият бозмонданду ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш дар мақомоти марбута вобаста ба набудани талабот коҳиш ёфт.

Баҳри татбиқи дастурҳои Сарвари давлат  олимони Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал» барои таҷриба ва бо мақсади парвариш намудани растаниҳои доруворӣ,  дар фасли баҳор кишти зиёда аз бист намуди онҳо, аз қабили чойкаҳак, газнаи сагак (пустырник), озаргун (календула), барги зуф, қоқу (одуванчик), кокутӣ (ҷамилак), зарпоша (пупалоқ), бӯймодарон (қайсум), тхач (абсинтин), сӯзанкаҳ (крапива), пудина (мята), гули хайрӣ (ғармаш), мармарак (шалфей), қот (смородина), хори қарроқ (остро-пёстро), мушхор (лопух), латтахор (татарник), хуч (шиповник), зелол (барбарис), лимӯгиёҳ (мелисса), бобуна (ромашка), коснӣ (чачрақӣ) ва ғайраро дар қитъаи таҷрибавии пажӯҳишгоҳ ба роҳ мондаанд. Парвариши онҳо дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда, аз онҳо ҳосили хуб гирифта шуд.

Таҷрибаи амалӣ нишон дод, ки дар шароити зикршуда парвариш намудани растаниҳои доруворӣ имконпазир аст ва дар ҳолати нигоҳубини дуруст  аз онҳо дар як сол ду — се ҳосил ба даст овардан мумкин аст. Муайян карда шуд, ки дарозии қади растании гули хайрӣ то 3,5 метр (дар адабиётҳо то 2,7 метр нишон дода шудааст) мерасад ва ҳангоми мунтазам таъмин будан бо намӣ он аз моҳи апрел то ноябр дубораву себора гул мекунаду онро оянда дар кӯчаҳои шаҳр ва шоҳроҳҳо ҳамчун растании зебои ороишӣ шинондан мувофиқи мақсад мебошад. Растании озаргун (календула), ки дар соҳаи  тиб аслан гулҳои он истифода мешавад, дар ҳолати нигоҳубини хуб ва таъмин будан бо намӣ, дар як сол то 3-4 маротиба гул мекунад ва ба сифати гулҳои ороишӣ истифода намудан мувофиқи матлаб аст.

Корҳои анҷомдода дар ин самт ҳанӯз кифоя набуда,  беҳбудии ҷиддиро тақозо менамоянд. Бо мақсади иҷрои дастурҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқи мақсад меҳисобем, ки мақомоти дахлдори соҳа бо олимони соҳаи тандурустӣ, Академияи илмҳо, институтҳои тадқиқотии  илмӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои ба ин соҳаҳо вобаста ҷиҳати таҳия ва пешниҳоди «Барномаи давлатии рушди растаниҳои доруворӣ ва коркарди онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳоди дахлдор манзур намоянд   Боварӣ дорем, ки қабули барнома барои истифодаи самараноки растаниҳои дорувории Тоҷикистон, таъмини аҳолӣ бо доруҳои ватанӣ мусоидат менамояд.

Ҷ. САФАРОВ, муовини директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал», 

Насруллои АВАЗ, ходими илмии шуъбаи  экология, ҷинсҳои дарахтон ва ҷангалпарварии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал»