Шарҳи мо

Риояи қоидаҳои ҳаракат ҳодисаҳои нохушро пешгирӣ мекунад

№45-46 (3030-3031) 12.04.2013

Вобаста ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби  ронандагон дар қонунгузорӣ тағйирот ворид шуда, ҳамчунин дар  муассисаҳои таълимӣ барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ талаботи нав ҷорӣ гардид.

Дар ин хусус  хабарнигорамон бо сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- майори милитсия Маҳмадсаид Саидов ҳамсуҳбат гардид.

-Маҳмадсаид Боронович, оё  дуруст аст, ки шахсони баъди супурдани имтиҳон барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ аз тадқиқоти дактилоскопӣ (гирифтани изи даст) мегузаранд? Ин талабот таври ихтиёрӣ ба ҷо оварда мешавад ё ҳатмӣ?

-Моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» ду намуди бақайдгирии давлатии дактилоскопиро пешбинӣ намудааст:

а) бақайдгирии давлатии дактилоскопии ихтиёрӣ;

б) бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ.

Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ баъди супурдани имтиҳон барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ бақайдгирии давлатии дактилоскопии ихтиёрӣ маҳсуб ёфта, дар асоси аризаи хаттии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ин ки намояндагони қонунии онҳо, сарфи назар аз маҳдудияти синну сол, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии ҷойи истиқомат гузаронида  мешавад.

-Ҳангоми супоридани имтиҳон барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ чӣ гуна тағйирот ва қоидаҳои нав ҷорӣ шудааст?

-Бо мақсади паст гардонидани сатҳи садаманокии воситаҳои  нақлиёт, пурзӯр намудани назорати таълими  шогирдон, бахусус ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ, аз байн бурдани ҳолатҳои ғайриқонунии гирифтани шаҳодатномаҳои ронандагӣ, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №103 аз 2 марти соли 2013 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998 таҳти №306» ба Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ, як қатор тағйиру иловаҳо ворид  шудааст. Аз ҷумла:

-воситаҳои нақлиётеро, ки  тавассути муҳаррики барқӣ ҳаракат мекунанд ва суръати конструктивиашон беш аз 40 км/ соат мебошад, метавонанд шахсоне, ки шаҳодатномаи ронандагӣ бо сабти  иҷозатдиҳанда дар ҷадвалҳои «А» доранд, идора намоянд;

-шаҳодатномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби он дар муҳлати даҳ соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, баъди 31 декабри соли 2013 беэътибор дониста мешаванд;

-тартиби нави назорати фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, ки барои тайёр кардан ва бозомӯзии (баланд бардоштани савияи касбӣ) ронандагон машғуланд ва бақайдгирии гурӯҳҳои таълимӣ дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ ҷорӣ карда мешавад;

-бақайдгирии рӯйхати хонандагон ба ронандагӣ баъд аз қайди Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли истиқоматашон дар мавриди дар рӯйхат ҷой надоштани хонандаи аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт маҳрумгашта пешбинӣ шудааст;

-ҷорӣ намудани шаҳодатномаи ронандагии байналмилалӣ ва тартиби додани онҳо ба ронандаҳо муқаррар карда шудааст.

Ҳамзамон бояд зикр кард, ки Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷорӣ намудани технологияи муосир вобаста ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ кори муайянеро ба анҷом мерасонад. Айни замон қабули имтиҳоноти амалӣ оид ба идоракунии воситаҳои нақлиёт аз номзадҳо ба ронандагӣ тавассути воситаҳои нақлиёти махсус, ки бо дастгоҳҳои сабткунии видеоӣ ва аудиоӣ ҷиҳозонида шудаанд, анҷом ёфтааст. Хулосаи супоридан ё насупоридани имтиҳони амалии номзад ба ронандагӣ оид ба идоракунии воситаи нақлиёт дар асоси сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ қабул карда мешавад.

-Босуръат афзоиш ёфтани шумораи нақлиёт, бахусус нақлиёти сабукрав, боиси зиёд рӯй додани ҳодисаҳои нохуш мегардад. Чунончӣ, соли гузашта  бештар аз 900 ҳазор ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шуда буд. Илова бар ин, бисёр ронандагон худсарона пайроҳа, гузаргоҳ, истгоҳи автобусро ҳамчун таваққуфгоҳ истифода мебаранд, ба чароғаки роҳнамо умуман итоат намекунанд.

Барои ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт ва пешгирии қонуншиканӣ аз ҷониби ронандагон дар қонунгузории ҷорӣ чӣ муҷозот пешбинӣ шудааст?

-Мутобиқи қисми 1 моддаи 318 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба чароғаки роҳнамо, ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати аз се то шаш моҳ таъин карда мешавад.

Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба чароғаки роҳнамо, ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати аз шаш моҳ то як сол таъин карда мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 декабри соли 2012 таҳти №910  пас аз интишори расмӣ («Садои мардум» №2-4 (2987-2989) аз 4 январи соли 2013) мавриди амал қарор гирифт. Мутобиқи қисми 1 моддаи 324 Кодекси мазкур, барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани талаботи истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ, нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт дар хатҳои ҳаракати роҳ, ба ғайр аз хати якуми ҳаракат дар ҳамон самт, инчунин дар ҳудуди чорроҳаҳо ва роҳҳои пиёдагард огоҳӣ ё ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар шудааст.

Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳои дар қисми якуми моддаи 324 ҳамин Кодекс пешбинишуда, ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати аз се то шаш моҳ пешбинӣ гардидааст.

Соли 2012 барои итоат накардани  ронандагони воситаҳои нақлиёт  ба чароғаки роҳнамо нисбат ба 12005 ронанда протоколи маъмурӣ тартиб дода, ба баррасии судҳо ирсол гардид. Нисбат ба 1181 нафар ронанда ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт ва 7762 нафар ҷарима татбиқ шудааст.

Инчунин нисбат ба 316 ҳазор ронандагони воситаҳои нақлиёт барои риоя накардани талаботи истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ, нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт дар хатҳои ҳаракати роҳ, ба ғайр аз хати якуми ҳаракат дар ҳамон самт, дар ҳудуди чорроҳаҳо ва роҳҳои пиёдагард ҷазо дар намуди огоҳӣ ё ҷарима татбиқ гардидааст. Чунин тадбирҳо бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳо  андешида мешаванд.

 

А. МӮСОЕВ,

«Садои мардум»