Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳ сӯи фардои дурахшон

№114 (4064) 24.09.2019

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам овард, ки мафкураи илмӣ, амалӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум ташаккул ёбад. Нигоҳи одамон ба зиндагӣ дигар шавад. Баробари тақвият ёфтани пояҳо ва шохаҳои давлатдорӣ, аз солҳои аввали садаи XXI Давлат ва Ҳукумати Тоҷикис­тон тавонистанд, ки баробари амалӣ намудани даҳҳо лоиҳаи давлатӣ маърифатнокӣ, худшиносӣ ва худогоҳии мардумро баланд бардоранд.

Дар рӯзгору фаъолияти миллат китоб дар радифи муқаддасоту неъматҳои миллӣ қарор дорад. Аз ин хотир, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба соҳаи китобу китобдорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе», ки имсол бори нуҳум аз 4 то 6 сентябр дар шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомат баргузор шуд, аз ҷумлаи чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ мебошад. Инчунин, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ «Рӯзи китоб» низ ба ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ табдил ёфта, дар Китобхонаи бузургтарини Осиёи Миёна – МД «Китобхонаи миллӣ» таҷлил гардид ва аз он шаҳодат медод, ки мардуми тоҷик аз қадим китобдӯст буда, ба он арҷ мегузоранд ва ин анъанаи неки ниёкон то ба ҳол побарҷост. Барои исботи фикр метавон гуфт, ки дар намоишгоҳ қариб 50 корхонаи табъу нашр ва ташкилоту муассисаҳои ватаниву хориҷӣ ширкат варзида, зиёда аз сӣ ҳазор китоби тозанашр ба маъраз гузошта шуд.

Ҳамчунин, дар доираи намоишгоҳ озмунҳои «Ношири муваффақ», «Асари беҳтарин дар васфи Тоҷикистон», «Муаллифи сермаҳсули сол» ва маҳфили шеъру суруд дар васфи китоб бо иштироки ҳунарпешагони театрҳо, толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ва тарбиятгирандагони Филармонияи бачагонаи Тоҷикистон баргузор шуд. Конфронси илмӣ дар мавзӯи «Рушди соҳаи табъу нашр дар даврони истиқлолият», озмуни «Қироати шеъру тарона дар васфи Ватану диёр» бо иштироки хонандагони мактабҳо, муаррифии китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявии ватанӣ ва хориҷӣ низ пурмазмун ва хеле шавқовар доир шуданд.

Намояндаи Сафорати Туркия дар Тоҷикистон Ҳушанги Аловиддин аз иштирок дар он изҳори хушҳолӣ намуда, иброз дошт, ки: «Баргузории чунин намоишгоҳ имконият медиҳад, ки миллатҳои гуногун бо ҳам робитаи дӯстӣ пайдо намуда, аз фарҳангу тамаддун ва осори гаронбаҳои олимону адибони якдигар баҳравар шаванд. Бинобар ин, намоишгоҳҳои китоб бояд ҳар чӣ зиёдтар ташкил шаванд, зеро онҳо ҳам аҳли адабу фарҳанг ва ҳам мардуми одиро бо ҳам дӯсту ҳамфикр мегардонанд».

Воқеан ин иқдом, яъне ҳар сол баргузор гардидани намоишгоҳи байналмилалии китоб дар пойтахти мамлакат баҳри таҳкиму густариши равобити фарҳангӣ бо мамолики дӯсту қарин нақши созгор хоҳад бозид.

Ба шарофати дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тавонист, ки дар шароити нави таърихӣ даҳҳо қасри бошукӯҳи фарҳанг, боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд намуда, дар баланд бардоштани маърифатнокӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил, якдигарфаҳмии мардум саҳм гузорад. Дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Китоб ганҷи бебаҳо», «Иқдоме, ки ояндаро месозад», «Асари беҳтарин дар васфи Тоҷикистон», «Китоб ганҷи бебаҳост» дар сатҳи баланд ва ба фарогири даҳҳо ҳазор нафар шаҳрванд баргузор гардиданд. Хусусан, иқдоми наҷибу оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар кишвар баргузор кардани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…», боиси дастгирии ҳамаҷонибаи мардум гардид.

Ҳама ин ташаббус Истиқлолияти давлатии кишварро таҳким бахшида, барои мардум ба сӯи фардои дурахшон роҳ мекушоянд.

Давлатзода Музаффар муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон