Рушд дар самти амнияту ҳифозат

№145 (3782) 07.12.2017

Зимни назарпурсии гулгулшукуфии кишварҳои ҷаҳон барои соли 2017, ки аз ҷониби Маркази британии «Институти Legatum» гузаронида шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи меъёрҳои «таҳсилот» ҷойи 54-ум, «амният ва ҳифозат» ҷойи 49 — умро дарёфт кард. Нишондодҳои мазкур, ки ба самтҳои муҳимтарини ҳаёти иҷтимоӣ марбутанд, хеле баланд буда, баёнгари рушди рӯзафзуни кишвар мебошанд. Зимнан бояд таъкид кард, ки Маркази таҳлилии британӣ дар сатҳи байналмилалӣ аз нуфузи назаррас бархӯрдор аст ва аз соли 2006 дар заминаи омӯзиши некуаҳволии иҷтимоӣ ва рушди он дар фазои глобалӣ таҳлилу таҳқиқот мегузаронад.

Барои кишвари мо, ки сарнавишти даҳшатбори ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, бар асари он зарари моддию маънавии сангин дид, дар муддати кӯтоҳ рушд кардан дар самти таҳсилот ва амният дастоварди қобили таъкид аст. Махсусан, дар замоне ки гурӯҳҳои гуногуни дохилию хориҷӣ, аз ҷумла ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ барои носолим сохтани вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар талош меварзанд, Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои оромӣ, суботи мамлакат ва шаҳрвандон аз тамоми имконияти сиёсӣ, интизомӣ, ҳуқуқӣ ва фаннӣ — техникӣ истифода мебаранд. Ин аст, ки Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ дар самти амният ва ҳифозат, ҳамчунин, бахши таҳсилот, ба рушди назаррас ноил гардидааст.

Масъалаи амнияту суботи сиёсию иҷтимоӣ, ки пояи ҳалли мушкилоти гуногун аст, таваҷҷуҳи Давлат ва Ҳукуматро ба ин асли муҳими низоми зиндагии иҷтимоӣ бештар кард. Мусаллам аст, ки давлатҳои минтақа ва ҷаҳон имрӯз ба масъалаи амнияту оромиши сиёсию иҷтимоӣ диққат мекунанд ва дар ин замина иттиҳодҳои гуногуни кишварҳо рӯйи кор меоянд. Ҳамин аст, ки масъалаи амният ва ҳифозат ба доираи масоили асосии низоми зиндагӣ дар Тоҷикистон мубаддал гардидааст. Хусусан, баъди ноком шудани балвои собиқ генерали мақомоти мудофиа А. Назарзода (сентябри соли 2015), ки бо дастуру супориши раиси фирории ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ қаблан тарҳрезӣ шуд, дар самти амният ва ҳифозати иҷтимоӣ дар сиёсати давлатӣ авлавият касб намуд. Танҳо чашми кӯр ва нотавонбин намебинад ва дидан намехоҳад, ки Тоҷикистон тадриҷан ба як кишвари ободу зебо ва орому амни минтақа ва ҷаҳон бадал гардидааст ва фазои муътадили иҷтимоӣ, сиёсӣ, амну осоишро, ки дар кишвар тайи даҳ соли охир ҳукмфармост, на дар ҳама мамлакати ҷаҳон дидан мумкин аст. Муносиботи тарафайн миёни қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, равобити фарҳангӣ, муоширати солими рӯзмарра далели онанд, ки ҷумҳурӣ дар ҳоли амну субот ва оромиш қарор дорад. Илова бар ин, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизми динӣ-мазҳабӣ, ки дар минтақа, зимнан, ба туфайли сиёсатбозиҳои Кабирӣ ва ҳаммаслакони наҳзатиаш ба миён омада, дар даҳ соли охир хурофотпарастию ҷаҳолатписандӣ ва таассуби хатарборро дар баданаҳои иҷтимоӣ устувор сохт, кори дастаҷамъӣ аст. ҲНИТ ва роҳбари худхоҳи он Кабирӣ айёми дар ҷумҳурӣ нуфуз доштан ин масъаларо ба унвони масъалаи марказӣ дар нутқу суханпароканӣ истифода мебурданд ва акнун, ки хориҷ аз ватан қарор доранд, барои дур рондани сояи «террористу экстремист» аз худ ва ҳизб ба ин мушкили доғ аҳамият надода, дидаю дониста аз он сарфи назар мекунанд.

Аз ҷониби дигар, барои Давлат ва Ҳукумат амният ва субот дар ҳар замон муҳим аст ва масоили сулҳ, ваҳдат, озодӣ, ҳуқуқи инсон ҳама ба амният ва субот такя мекунанд. Агар Давлат ва Ҳукумат дар шароити феълии буҳрони сиёсӣ ва иҷтимоии Ховари Миёна ба амният ва оромиш авлавият надиҳад ва бетарафӣ кунад, чӣ гуна ҳукумат ва давлат буда метавонад? Аз фаъолияти хуби Ҳукумат аст, ки ҲНИТ- и террористӣ дар ҷумҳурӣ манъ ва оқибат нест шуд. Натиҷаи фаъолияти Ҳукумат аст, ки имрӯз мардум озодона дар фазои сулҳу субот зиндагӣ доранд. Ин аст, ки Маркази британии «Институти Legatum» фаъолияти Тоҷикистонро дар самти амният ва ҳифозат мусбат арзёбӣ кард ва қабати ҳифозатии сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар солҳои баъдӣ ҳам таҳким меёбад.

 Фаридуни ОРИЁӢ